Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: санҷиши бокирагии духтарон бояд манъ шавад


Мудҳиштарин ҳодиса - тӯҳмат ва латукӯб шудани Раҷаббӣ дар шаби аввали арӯсиаш буд. Ҳамсаре, ки ба покдомании ӯ бовар накард, барои то худкушӣ расондани ҳамсар ба зиндон рафт
Мудҳиштарин ҳодиса - тӯҳмат ва латукӯб шудани Раҷаббӣ дар шаби аввали арӯсиаш буд. Ҳамсаре, ки ба покдомании ӯ бовар накард, барои то худкушӣ расондани ҳамсар ба зиндон рафт

Коршиносони СММ бо нашри матлабе рӯзи 17 октябр гуфтанд, ки санҷиши бокирагӣ як падидаи тиббӣ аст, ки дасти кам дар 20 кишвари ҷаҳон анҷом мешавад. Ин санҷишро табибон ваё ходимони полис бо талаби волидон ваё домодҳои номзад анҷом медиҳанд. Ҳадафи онҳо санҷидани ин аст, ки оё духтар алоқаи ҷинсӣ кардааст ё на.

Санҷиши бакорат таҳқири духтар аст

Муаллифони ин изҳорот даъват мекунанд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.

Дар бархе ҳолатҳо аз ин санҷиш духтароне мегузаранд, ки қурбонии таҷовузи ҷинсӣ шудаанд ва санҷиши тиббӣ ҷой доштани ҳолати таҷовузро тасдиқ ё рад мекунад. Мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии табииву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Ин нукта дар як изҳороти муштараки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон зикр шудааст, ки дар остонаи шурӯи анҷумани гинеколог ва акушерҳои ҷаҳон дар Бразилия чоп шуд.

Муаллифони ин изҳорот даъват мекунанд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.

Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон то рафт дарднок мешавад.

Марказҳои махсуси тиббӣ чунин саҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст. Ин ба маънои надоштани алоқаи ҷинсии ӯ мебошад.

Дар ҷомеаи мусалмонтабори Тоҷикистон бокира будани духтар яке аз меъёрҳои қадимаи арзёбии покдомании духтарон қабул шудааст, ҳарчанд мунаққидони ин падида мегӯянд, чунин тақозо дигар кӯҳнаву қадима мебошад ва набояд ҳамчун меъёри покизагии духтар қабул шавад.

Қазияи монанд ба Раҷаббӣ Хуршедро додгоҳҳои Тоҷикистон надидаанд

Дар солҳои охир Радиои Озодӣ аз бисёр ҳодисаҳои пурсарусадои нобоварии шавҳарон ба покдомании арӯсони ҷавонашон гузориш додааст, ки оқибатҳои бад доштааст. Мудҳиштарини ин ҳодисаҳо – худкушии Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола баъди 40 рӯзи арӯсиаш буд. Дар як пайғоми пеш аз маргаш ин арӯси ҷавон гуфт, ки аз шаби аввали баъди арӯсӣ мавриди шубҳаи шавҳар қарор гирифт ва пайваста латукӯб ва таҳқир мешуд. Ҳукми 7 соли зиндони ҳамсараш Зафар Пиров дар соли 2017 нахустин қазияе дар догоҳҳои Тоҷикистон буд, ки шавҳарро барои азиятҳои арӯси ҷавони муттаҳам дар нодухтарӣ муҷозот мекард.

Вале бо ин вуҷуд чунин ҳодисаҳо кам нестанд ва шубҳаву гумони ҳамсарон дар покдомании арӯсон ҳар сари чанд вақт духтарони ҷавону бетаҷрибаро бадбахт мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG