Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд мухторияти Кашмирро бекор кард, Покистон аз пайомадҳо ҳушдор дод


Пас аз он ки Ҳиндустон мухторияти Кашмирро барҳам зад, дар ин минтақаи мусалмоннишин боздошти фаъолони ҷунбишҳои озодихоҳ ва ҷудоиталаб оғоз шуда, нигаронии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалиро ба миён овардааст.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки вазъиятро дар Кашмир бо диққат пайгирӣ мекунад.

Сухангӯйи Департаменти давлатии Амрико Морган Ортагус рӯзи 5-уми август гуфт, "мо аз боздоштҳои густарда дар ин минтақа, ки гузориш шудаанд, нигаронем. Лағви мухторияти Кашмири зери назорати Ҳинд мумкин аст, сабаби хушунатҳои нав гардад."

Вай аз ҳамаи тарафҳо хост, "оромиро дар масири Хатти Назорат, ки амалан марзи байни Ҳинд ва Покистон дар Кашмир аст, нигоҳ доранд."

Ҳамзамон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш аз тарафҳо хост, “хештандорӣ кунанд”. Сухангӯйи ӯ, Стефан Дуҷаррик ба хабарнигорон гуфт, нозирони низомии СММ дар Ҳинд ва Покистон “афзоиши амалкардҳои ҳарбиро мушоҳида кардаанд ва дар ин бора гузориш додаанд”. Ин ҳам дар ҳоле ки хатти назорати байни ду қисмати Кашмир ҳамеша ноором будааст.

Бино бар созишҳои байнулмилалӣ ва эътирофи мухторияти Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон, ки бо номи “Банди 370” маъруф аст, ба ин минтақа кӯчида омадани аҳолии дигар барои зисти доимӣ, ишғоли вазифаҳои давлатӣ ва таҳсили давлатӣ манъ аст. Ҳиндустон ин қарорро бекор кард ва ҳамзамон бо ин робитаи телефонии аёлати Ҷамму ва Кашмирро қатъ намуда, ҳазорон сарбози худро вориди ин минтақае намуд, ки дар он 12 миллион нафар ва асосан мусалмонон ба сар мебаранд.

Амалкарди ахири Ҳинд рақобати деринаи онро бо душмани ҳастаияш Покистон амиқтар намуд. Покистон онро ғайриқонунӣ номид ва эълом дошт, "аз ҳамаи гузинаҳои мумкин" дар муқобили он кор хоҳад гирифт.

“Ҳинд бозии хатарнокеро пеш мебарад, ки метавонад барои сулҳ ва эътидоли минтақа пайомадҳои ҷиддӣ дошта бошад,” – гуфт вазири корҳои берунаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 1989 ба ин тараф гурӯҳҳои ниманизомӣ дар Кашмири зери назорати Ҳинд, алайҳи ҳукумати он кишвар мубориза мебаранд. Дар ин муддат ҳудуди 70 ҳазор нафар кушта шудаааст. Ҳинд ҳукумати Покистонро айбдор мекунад, ки аз ин гурӯҳҳои шӯришӣ пуштибонӣ мекунад. Покистон ин гурӯҳҳоро "нерӯҳои муқовимат" меномад.

Ҳинд ва Покистон пас аз тақсимшавии нимҷазираи Ҳинду-Покистон, бар сари Кашмир ду бор вориди ҷанг шудаанд. Покистон ва Ҳиндустон дар соли 1947 пас аз дарёфти истиқлоло аз Бритониё ба ду кишвари мустақил ҷудо шуданд. Аз он замон то ба ҳол ин ду кишвар дар душманӣ ба сар мебаранд. Аксари мардуми Покистонро мусалмонон ва аз Ҳиндро ҳиндуҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 миллион аз аҳолии Ҳинд мусалмонон мебошанд ва аксарияти аҳолии Кашмирро, ки аз он замон дар байни ду давлат тақсим шуд, низ мусалмонон ташкил медиҳанд. Наздик ба 38 000 гуреза аз Кашмири таҳти назорати Ҳинд дар урдугоҳҳои Покистон ба сар мебаранд.

Афзоиши шиддат миёни ду кишвар, ки ҳарду дорои силоҳи ҳастаӣ мебошанд, ба ҳамаи минтақа таҳдид мекунад ва дар муносибати онҳо бо ҳамосягон мушкилот ба бор меорад.

Пас аз даргириҳои моҳи феврали соли равон дар минтақаи Кашмир миёни Ҳинду Покистон, Исломобод ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Афғонистон дар масири Чину Ҳинд баст ва мақомоти ҳавонавардии Кобул ба кумаки Тоҷикистон рӯ оварданд. Тоҷикистон бо ҳарду тараф -- Ҳиндустон ва Покистон равобити наздик дорад.

Шарҳҳоро бинед (1)

XS
SM
MD
LG