Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 триллион доллар. "Ваксина"-и Амрико барои наҷоти иқтисодаш


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Сенаторҳои амрикоӣ ният доранд, дар фурсати кӯтоҳ қонуни нави ихтисоси кумакпулӣ барои муқобила бо паёмадҳои коронавирусро қабул кунанд. Қарор аст, овоздиҳӣ рӯзи чоршанбе баргузор шавад. Бар асоси он ҳукумат бояд барои ёрӣ ба иқтисоди осебдидаи Амрико 2 триллион доллар ҷудо кунад.

Хабаргузории Reuters менависад, шаби 25-уми март мушовирони аршади президент Доналд Трамп ва ҳам раҳбарони демократҳову ҷумҳурихоҳҳо эълон карданд, ки баъди панҷ рӯзи баҳсҳо ниҳоят ба мувофиқа расиданд, то бастаи бесобиқаи кумакҳои пулиро ҷудо кунанд. Митч МакКонелл, раҳбари ҷумҳурихоҳҳо дар Сенат гуфт, "ин қонун имрӯз қабул мешавад".

Хабаргузорӣ дар шарҳи андозаи бемисли кумакҳои пулӣ гуфт, ин маблағҳо 500 миллиард долларро барои пуштибонӣ аз истеҳсолоти шадидан осебдида ва пардохти маблағҳоро ба оилаҳои амрикоиҳо пешбинӣ мекунад.

Барои тиҷоратҳои хурд 350 миллиард доллар қарз, барои кумак ба бекорон 250 миллиард доллар ва барои ташаббусҳои тиббӣ, аз ҷумла ба беморхонаву муассисаҳои беҳдоштӣ 150 миллиард доллар пешбинӣ мешавад.

"Як ҳадаф ин аст, ки ба иқтисоди Амрико пули нақд сарозер шавад, то таъсири пандемияи коронавирус коҳиш дода шавад", - навишт Reuters.

То ҳол бар асари ин вирус дар Иёлоти Муттаҳида 660 нафар ҷон дода, ҳазорҳо нафари дигар олуда шудаанд. Паёмади вируси фарогир ин шуд, ки бисёр корхонаву тиҷоратҳо аз кор ва даромади собит маҳрум шуда, сад миллион нафар дар хона мемонанд. Чак Шумер, раҳбари демократҳо дар Сенат гуфт, "ин фурсати хурсандӣ нест, ин як зарурат аст".

Шумер ин кумакпулиҳоро "бузургтарин дар таърихи Амрико" номид. Интизор меравад, ки баъди Сенат Маҷлиси намояндагони ИМА ва баъдан президент ин қонунро қабул кунанд.

Нашрияи бонуфузи Washington Post менависад, ин қонун иқтисоди ИМА-ро бо пул сарозер карда, барои мӯътадил кардани вазъи иқтисодии хонаводаву корхонаҳои хурду миёна мусоидат мекунад.

Нашрия мегӯяд, “ин пулҳо дар ҳаҷм ва андозааш то ҳол бесобиқа буда”, ба ҳар як шаҳрванд чеки пулӣ дар ҳаҷми 1200 доллар ва барномаҳои нави қарзӣ ба ширкатҳои хусусӣ ба маблағи 367 миллиард доллар пешкаш мекунад.

Вебсайти nbcnews.com бо нашри ин хабар ба ин нукта аҳамият додааст, ки бар асоси созиши ҳосилшуда барои ихтисоси пул ба ширкату тиҷоратҳо, корхонаҳои таҳти назорати Трамп, муовини президент Майк Пенс, аъзои Конгресс ва раҳбарони департаментҳои иҷроия ҳақ нахоҳанд дошт, аз барномаҳои давлатӣ қарз ё сармоягузорӣ дарёфт кунанд.

Мерҳат Шарифҷон, таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, нақшаи қабули қонуни ироаи кумакпулии ҳукуматро “ваксинзанӣ ба иқтисод” номид, ки дар пешорӯи таҳдиду зарарҳои вируси фарогир метавонад боз ҳам бештар "бемору заиф шавад".

Чанд соат пеш аз баррасии тарҳи қонун дар Сенат Мерҳат Шарифҷон гуфт: “Чунин “эмкуниҳои пулӣ” дар иқтисодҳои азим бисёр вақт бо ҳадафи “ҷорӣ кардани хун ба иқтисод” карда мешавад. Ин пулҳо ҳамон замон аз ҷониби сокинони Амрико сарф карда мешаванд. Ин иқтисоди кишварро хеле босуръат такон медиҳад. Ин хеле муҳим аст. Агар ба ҳар оила аз ҳазор то се ҳазор доллар пул дода шавад, агар ин пул ба 150 миллион сокини ин кишвар бирасад, он якбора ба иқтисод мерезад. Ин пулҳо ба бонкҳо бармегарданд ва ҷараён зинда мешавад”.

Мерҳат Шарифҷон гуфт, соли 2008, замоне ки Амрико дучори бӯҳрони иқтисодӣ шуд, ба мардум кумак карданд ва тиҷорати хурду миёна ҳам зинда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, баҳси демократҳову ҷумҳурихоҳҳо бар сари шаффофияти тақсими пулҳо агар то ҷое ҷон дорад, муҳимтар аз он “тақсими одилона”-и ин маблағҳо дар миёни ширкату корхонаҳо бо назардошти зарару хисороти дидаашон мебошад. Ба андешаи ин таҳлилгар, кумакпулиҳо барои муқовимат ё истодагарии мардум ва бизнес ба зарбаҳои шадиди иқтисодӣ дар чанд моҳи аввал дода мешаванд.

Тадбирҳои сареъ дар амри нирӯманд кардани иқтисоди ИМА дар ҳоле қабул мешаванд, ки ба навиштаи нашрияи The Guardian Амрико ба зудӣ метавонад маркази нави пандемияи коронавирус дар ҷаҳон эълон шавад. Нашрия бо такя ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 25-уми март навишт, ки шумори олудашудаҳо дар ин кишвар "босуръат афзоиш меёбад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG