Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "вилояти Хуросон"-ро созмони террористӣ эълон кард


Ҳафиз Саид Хон, ба ном "амир"-и ба ном "вилояти Хуросон"
Ҳафиз Саид Хон, ба ном "амир"-и ба ном "вилояти Хуросон"

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико расман “вилояти Хуросон”, яке аз бахшҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро гурӯҳи террористӣ эълон кардааст.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 14 январ расман “вилояти Хуросон”, яке аз бахшҳои марбут ба созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил кард. Ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон” асосан дар Афғонистону Покистон амал мекунанд.

Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияаш гуфт, “ин гурӯҳ дар минтақаи Афғонистону Покистон пойгоҳ дошта, асосан аз ҳисоби аъои Таҳрики Толибони Покистон ва Толибони Афғонистон ташкил шудааст.” Бино ба ин баёния, ин гурӯҳ ҳанӯз дар моҳи январи соли 2015 ба Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари ба ном “хилофат”-и эълонкардаи “Давлати исломӣ” байъат, яъне савганди вафодорӣ супурдааст.

Вазорати хориҷаи Амрико дар шарҳи тасмими ин кишвар гуфт, “вилояти Хуросони “Давлати исломӣ” дар шарқи Афғонистон алайҳи мардуми осоишта ва нирӯҳои Урду ва амнияти миллии Афғонистон бомбгузориҳои маргталабона ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи хурд ва одамрабоиҳо анҷом дода, масъулияти ҳамлаҳои моҳи майи соли 2015 дар Карочии Покистонро низ бар дӯши худ гирифтааст.”

Тибқи қонунҳои Амрико, аз замоне ки як гурӯҳ ҳамчун созмони террористии хориҷӣ эълон мешавад, афроде ки барои кумаки молӣ ё ҳар навъ ҳимояти дигар аз ин гурӯҳ талош мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳанд шуд.

“Давлати исломӣ” ба раҳбарии Абӯбакри Бағдодӣ як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки бо бераҳмии фавқулодааш нисбат ба асирон, дигарандешон ва пайравони динҳои ғайр ва равияҳои мазҳабии, бар асоси тафсири онҳо, “куфр” ном баровардааст.

Ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” карданд. Ин гурӯҳ Абӯбакри Бағдодӣ “халифа” эълон карда, иддао дорад, ки барои истиқрори “хилофат”-аш дар саросари ҷаҳонро меҷангад.

Гурӯҳҳои ҳамфикр ва тарафдори “Давлати исломӣ” ҳоло нафақат дар Сурияву Ироқ, балки дар кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла дар Либия, Яман, нимҷазираи Синайи Миср, минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия ва дар манотиқи марзии Афғонистон зуҳур кардаанд.

Дар пайи ба “Давлати исломӣ” ва ба ном “халифа”-аш байъат супурдани қисме аз ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳҳои марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон ин гурӯҳ дар хоки Афғонистон ҳам ҷои по кард ва ин ба нигаронии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, афзудааст.

Усмон Ғозӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, ки чанд гурӯҳи ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказиро дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон муттаҳид мекард, моҳи майи соли 2015 бо ирсоли як фиристодааш ба Раққа, “пойтахт”-и ба ном “хилофат”-и Абӯбакри Бағдодӣ ба ӯ байъат супурд ва баъди он номи қаблиашро тағйир дода, худро як бахши “вилояти Хуросон” эълон кард. Дар сомонаи ин ҳаракат низ ин созмон ҳамчун бахши “вилояти Хуросон” зикр шудааст.

Дар “харитаи хилофат”-и созмони “Давлати исломӣ”, ки бархе расонаҳои ғарбӣ бо такя ба пойгоҳҳои интернетии мубаллиғи ин созмон нашр кардаанд, ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, қисматҳои мусалмоннишини Ҳинд ва устонҳои шарқии Эрон ҳамчун “вилояти Хуросон” мунъакис шудаанд. Дар моҳҳои охир, бахусус дар пайи хурҷи нирӯҳои ҷангии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистон, дар бораи тавсиаи ҳузури “Давлати исломӣ” дар Афғонистон, аз ҷумла дар вилоятҳои ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, гузоришҳо ба даст мерасид.

Дар ибтидои соли 2015 “Давлати исломӣ” эълон кард, ки Ҳафиз Саид Хон, яке аз фармондеҳони собиқи Таҳрики Толибон Покистонро “амир”-и “вилояти Хуросон” эълон кард. Сухангӯи “Давлати исломӣ” бо эълони исми ин “амир” гуфт, Ҳафиз Саид Хон масъулияти идораи танзимҳои “Давлати исломӣ” дар як паҳнои бузурге аз Осиёи Марказӣ то Ҳиндро бар ӯҳда мегирад ва бо ҳамин ба ном “хилофат” ба сарзамини Хуросон густариш меёбад. Ҳафиз Саид Хон, ки 42 сол дошта, бо номи Мулло Саид Оракзай низ маъруф аст, қаблан дар Таҳрики Толибони Покистон мақоми “амир”-и сарзамини қабиланишини Оракзайро бар дӯш доштааст.

Аммо иддаоҳои “Давлати исломӣ”-ро, ки мехост ҳамаи гурӯҳҳои ҷангҷӯи мазҳабиро таҳти парчами худ муттаҳид кунад, на ҳамаи гурӯҳҳои фаъол дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла дар Афғонистону Покистон қабул карданд. Толибон ба “Давлати исломӣ” байъат супурдани гурӯҳе аз фармондеҳони худи ин гурӯҳ ва Ҳаракати исломии Узбакистонро, ки аз соли 2000 таҳти ҳимояти Толибон қарор дошт, ҳамчун “хиёнат” қабул карданд ва ба танг кардани ҷангҷӯёни онро аз паноҳгоҳҳояшон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон пардохтанд.

Дар моҳи ноябр дар бораи дар роҳи интиқоли ҷангҷӯёнаш ба шимоли Афғонистон дар вилояти Зобул бо чирикиҳои Толибон вориди задухӯрдҳои сангин шудани афроди Усмон Ғозӣ гузориш шуда буд. Толибон иддао карданд, ки дар ин ҷангҳо беш аз 60 тан аз афроди Усмон Ғозиро кушта, даҳҳои дигар, бо шумули худи раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистонро асир гирифтаанд ва баъдан барои “хиёнат” эъдом кардаанд. Ҳамин тавр, аз вилоятҳои дигари Афғонистон низ дар бораи задухӯрдҳои шадид байни ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳҳои дигари марбут ба “Давлати исломӣ” гузоришҳо ба даст мерасанд.

Таҳдиди афзояндаи “Давлати исломӣ” қудратҳои бозигар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро зоҳиран маҷбур ба ҳамкорӣ бо Толибон бар асоси муодилаи “душмани душмани ман дӯсти ман аст” кардааст. Замир Кобулов, раҳбари департаменти дуюми Осиё дар вазорати хориҷаи Русия ва намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон дар моҳи декабр эълон кард, ки манфиати кишвараш ва Толибон дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муштарак аст ва дар ин замина бо Толибон машғули мубодилаи маълумот мебошанд. Ӯ ба дунбол ҳамчунин гуфт, ки Маскав метавон мавқеаш дар мавриди таҳримоти зидди Толибонро дар Шӯрои Амнияти СММ нармтар кунад.

Дар поёни моҳи декабр нашрияи бритониёии “The Sunday Times” аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон хабар дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба таври махфӣ дар ҳудуди пойгоҳи Русия дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо раҳбари кунунии ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур мулоқот ва роҳҳои пуштибонии эҳтимолии Русия аз чирикиҳои Толибонро баррасӣ кардаанд. Ҳам Толибон ва ҳам Кремл ин хабарро рад мекунанд, вале оташи ҳадсу гумонҳо дар бораи бозиҳои нави Русия дар Афғонистон дигар фурӯ нанишаст.

XS
SM
MD
LG