Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми духтари Мирзиёев дар вазорати таълимоти томактабии Узбакистон


Шаҳноза Умарова аз чап
Шаҳноза Умарова аз чап

Яке аз ду духтари президенти Узбакистон масъули ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ дар вазорати тозатаъсисе таъин шуд. Духтари 31-солаи президенти Узбакистон Шаҳноза Умарова дар вазорати таълимоти томактабӣ - як сохтори охири моҳи сентябр таъсисёфта, вазифа гирифт.

Яке аз ду духтари президенти Узбакистон масъули ислоҳоти низоми таълимоти томактабӣ дар вазорати тозатаъсисе таъин шуд. Духтари 31-солаи президенти Узбакистон Шаҳноза Умарова дар вазорати таълимоти томактабӣ - як сохтори охири моҳи сентябр таъсисёфта, вазифа гирифт.

"Озодлик" -- бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки Шаҳноза Умарова аз рӯи ихтисос ҳуқуқшинос буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тошкандро мебошад ва пеш аз шурӯи кор дар вазорат, дар Кореяи Ҷанубӣ кору зиндагӣ кардааст. Модари се фарзанд ва ҳамсари муҳофизи шахсии Мирзиёев Отабек Умаров аст. Домоди дигари Мирзиёев дар мақоми масъули корҳои хоҷагӣ дар дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ кор мекунад.

Сироҷиддини Толиб, шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ба вазифаҳои наздик ба ҳукумат таъин шудани духтар ё писарҳои президент дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ё дигар нуқоти ҷаҳон дигар тааҷҷубовар нест.

"Озодлик" мегӯянд, ки дар ҷараёни як мулоқоташ бо кормандони вазорати нави таълимоти томактабии Узбакистон рӯзи 18 декабр Шавкат Мирзиёв ба кормандон гуфтааст, ки бояд низоми маорифи кӯдакони хурдсол дар Узбакистон ислоҳ шавад. Ба унвони намунаи кор кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълими як кишвари муҳими ҳамкори Узбакистон – Кореяи Ҷанубӣ ситоиш шудааст.

Мирзиёев гуфтааст, ки «муассисаҳои томактабӣ бояд пешрафт кунанд, дар кишвар боғчаҳои хусусӣ иҷозат дода шаванд ва дар амри амалисозии ин идея системаи таълимии Кореяи Ҷанубӣ метавонад татбиқ шавад». Бо ин ки Шаҳноза Умарова ба унвони коршиноси ин соҳа дар вазорат ба кор шурӯъ кардааст, вазифаи мушаххаси духтари президент дар ин сохтор феълан маълум нест.

Дариға Назарбаева.
Дариға Назарбаева.

Дар ҳоле, ки бархе ба кор дар як вазоратхонаи нав омадани духтари президент аз назари интиқодӣ нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ин таъинот метавонад баёнгари таҳкими тадриҷии қудрати хонаводаи президенти нав дар Узбакистон арзёбӣ шавад, Сироҷиддини Толиб, шореҳи Радиои Озодлик гуфт, ба вазифаҳои наздик ба ҳукумат таъин шудани духтар ё писарҳои президент дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ё дигар нуқоти ҷаҳон дигар тааҷҷубовар нест.

Вай гуфт, вақте дар ИМА духтари президент Иванка Трамп як ёвари падар дар масоили занон шуд ваё дар Қазоқистону Тоҷикистон духтарони президент дар мақомҳои баланд қарор доранд, таҳаввулоти ахир дар Узбакистон «ҷои тааҷҷуб надорад».

Вай гуфт: "Манобеи наздик ба хонаводаи Шавкат Мирзиёев аз оғоз мегуфт, ки президент хостори ба ҳукумат наздик кардани аъзои оилааш нест. Намехоҳад, ки василаҳои калидии қудратро ба дасти онҳо бидиҳад. Намехоҳад, ки онҳо дар маркази эътибори мардум бошанд. Яъне дар сатҳи low-profile ё сатҳи поёнӣ бошанд. Барои ҳамин ҳам домодашро ҳам наздаш гирифт, ки худаш назорат кунад. Якеаш масъули корҳои хоҷагии дастгоҳи президент, дигарашро муҳофизи шахсии худ кард."

Таъйини фарзандони президентон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мақомҳои масъули ҳукуматҳои кишварашон аз Нурсултон Назарбоев шурӯъ шуд. Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти Қазоқистон дар мақомҳои муҳими давлатӣ, назири раҳбари оҷонсии “Кабар” ва муовини нахуствазир кор карда, ҳоло узви сенати Қазоқистон аст. Ӯро як замоне президенти ояндаи ин кишвар арзёбӣ мекарданд. Дар Тоҷикистон писари президент Раҳмон Рустами Эмомалӣ дар мақоми шаҳрдори Душанбе ва духтари калониаш Озода Раҳмон раиси дастгоҳи президент кор мекунанд.

Озодаи Раҳмон.
Озодаи Раҳмон.

Дар Узбакистони аҳди Ислом Каримов, ки як сол пеш даргузашт, мақоми ду духтараш – Гулнораву Лола барои ҷомеа намоён буд. Гулнора Каримова то ду сол пеш аз марги падар раҳбарии як бунёди хайриву фарҳангиро ба ӯҳда дошту дар созишномаҳои пасипардаии калони тиҷоратӣ ҳарфи охирро мезад. Феълан ӯ бо иттиҳоми ришвахорӣ ва азхудкунии миллионҳо доллар пулҳои ширкатҳои мобилӣ дар зиндон аст. Лола Тиллоева-Каримова, раҳбари намояндаии Узбакистон дар ЮНЕСКО буд ва ахиран гуфт, ки бо хости худ аз мақом меравад.

Вале бо сари қудрат омаданаш дар Узбакистон Шавкат Мирзиёев бисёр мушкилоти замони Каримовро ба таври ошкору ғайримустақим интиқод карда ба зарурати рушди ҷомеа, мубориза бо фасод, таъмини озодии баён, озодии зиндониҳои сиёсӣ таъкид кард.

Нозирон мегӯянд, ҳоло Мирзиёев ҳам бояд имтиҳони покизагӣ дар ҳукуматро супорад ва дар амал нишон диҳад, ки то куҷо иштибоҳҳои раҳбарони дигар дар минтақаро такрор намекунаду аз тамаркузи қудрат дар дасти як оила, таҷаммӯи даромадҳои молӣ ба манфиати гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат ва фасод, ҷилавгирӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG