Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нав ба иҷро даромад. Дарёфти шаҳрвандии Узбекистон осон шуд


Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 15-уми сентябр дар Узбекистон қонуни нави шаҳрвандӣ ба иҷро даромад, ки гирифтани шиносномаи ин кишварро ба маротиб осон мекунад.

Қонуни мазкур барои садҳо шаҳрванди собиқи Тоҷикистон, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ё баъди барпо кардани оила бо шаҳрвандони Узбекистон муқими ин кишвар шудаанд, шонси гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Узбекистонро фароҳам меорад.

Қонун моҳи марти имсол аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев имзо шуд ва ба шахсоне, ки дар Узбекистон таваллуд шуда, аммо дар хориҷа зиндагӣ доранд (бидуни шаҳрвандии Узбекистон) ҳақ медиҳад, шаҳрвандии ин кишварро бигиранд. Ин гурӯҳи афрод метавонанд, бидуни талаботи ҳатмии панҷ сол зиндагӣ бар асоси санади ҳаққи иқомат ба дарёфти шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд.

Инчунин, шаҳрвандоне, ки ба хоки ин кишвар пеш аз 1-уми январи соли 1995 ворид шуда, аз он замон то кунун бе шаҳрвандии Узбекистон, вале ба таври қонунӣ зиндагӣ кардаанд, билофосила шаҳрвандӣ дода мешавад.

Ба ин гурӯҳ афроде шомил мешаванд, ки дар мақоми шахси бидуни шаҳрвандӣ зиндагӣ кардаанд. Қонун мегӯяд, фарзандони шаҳрвандони Узбекистон ба ҳамон замон шаҳрванди Узбекистон мешаванд.

Онҳое, ки аз 28-уми июли соли 1992 ба таври доимӣ дар Узбекистон зиндагӣ кардаанд ва шаҳрванди хориҷӣ нестанд, низ дар сурати дархости расмӣ шаҳрванди Узбекистон мешаванд.

Ҳар шахсе, ки мехоҳад шаҳрванди Узбекистон шавад, бояд ба забони узбекӣ гап зада тавонад, аз шаҳрвандии кишвари дигар даст кашад, чун Узбекистон ҳамоно душаҳрвандиро намепазирад.

Дар аҳди президент Ислом Каримов то соли 2016 дарёфти шаҳрвандии Узбекистон хеле мушкил ва то ҷое ғайриимкон буд. Аз соли 1991 то 2007 танҳо 482 нафари бидуни шаҳрвандӣ тавонистанд шаҳрванди ин кишвар шаванд.

Дар солҳои то 2016 ҳеч як нафар дар ин кишвари иборат аз 32 миллион ҷамъият натавонист соҳиби шаҳрвандии Узбекистон шавад. Баъди ба сари қудрат омадани Мирзиёев, бар асоси 51 қарори президент тақрибан даҳ ҳазор кас соҳиби шаҳрвандии Узбекистон шуданд.

Дар миёни онҳое, ки баъди солҳои интизорӣ баъди омадани Мирзиёев соҳиби шаҳрвандии Узбекистон шуданд, собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, аз ҷумла шахсиятҳои маъруфи фарҳангу ҳунари тоҷик, мисли коргардони синамо Бақо Содиқов, ки баъди 22 соли интизорӣ соли 2018 шаҳрванди Узбекистон шуд.

Омори дақиқи афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Узбекистон вуҷуд надорад, вале боре соли 2010 ҳукумати ин кишвар ба Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ гузориш дода буд, ки тахминан 87 ҳазор нафар дар ин кишвар дар ҳолати бешаҳрвандӣ ба сар мебаранд.

Худдории мақомоти Узбекистон дар тақдими шаҳрвандӣ ба аризадиҳандаҳо боис ба он шуд, ки бисёриҳо барои гирифтани шаҳрвандии дигар кишварҳо, ба вижа Русия муроҷиат кунанд.

Афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Узбекистон дар интихобот овоз дода наметавонанд, вале дар ҳаёти маишӣ мушкили бештар доранд: кори расмӣ, дарёфти нафақа, сайру сафар, кушодани ҳисоби бонкӣ ва масоили дигар барои онҳо бо монеаву мушкилоти зиёд даст медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG