Бозиҳои III кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар Озарбойҷон ҷараён доранд, то рӯзи 8-уми октябр идома хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, то ҳоло дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 163 медал (93 тило, 42 нуқра ва 28 биринҷӣ) мисли пешин дар ҷойи аввал аст.
Озарбойҷон бо касби 140 медал (23 тило, 45 нуқра ва 72 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 85 медал (20 тило, 24 нуқра ва 41 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Инчунин Узбекистон бо касби 73 медал (14 тило, 19 нуқра ва 40 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 64 медал (8 тило, 18 нуқра ва 38 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 16 медал (1 тило, 10 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 13 медал (1 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи ҳафтум мебошанд. Покистон ва Туркия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи ҳаштуманд.
Варзишгарони чаҳор кишвар - Куба, Кувайт, Туркманистон ва Умон то ҳоло медал нагирифтаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо 142 варзишгар дохиланд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.
Варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ ба гирифтани 13 медал даст ёфтаанд. Ягона медали нуқраро Юсуф Замонов 4-уми октябр дар риштаи ҷудо байни мардон дар вазни то 50 кило ба даст овардааст. Боз ду ҷудокори тоҷик – Абубакр Худоиев (-55 кг) ва Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) – бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Ёдовар мешавем, қаблан 10 нафар - Абдуҷаъфари Баҳодур (-54 кг) ва Нурулло Муродов (-74 кг), ҳарду дар намуди таеквондо WT, Назаралӣ Холов (-64 кг) ва Ёсин Ҳукуматов (-71 кг), ҳарду дар риштаи самбо, Идрис Баҳромов (-71 кг) ва Алиризо Баҳромов (-80 кг), ҳарду дар гуштии озод, Дамир Назаров (-46 кг), Умарҷон Асроров (-66 кг), Амир Нозимов (-75 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (-60 кг), ҳарчор дар риштаи бокс, барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Боз се муштзани тоҷик - Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Беҳрӯз Умаров (50 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ҳадди ақал бо нишонҳои нуқра мукофотонида мешаванд.
Дар финал 5-уми октябр Ҳасанов бо Алӣ Алиев аз Озарбойҷон, Умаров бо Азизбек Шокирҷонов аз Узбекистон ва Абдуллоев бо Бобомурод Боймирзоев аз Узбекистон барои медали тило талош меварзанд.
Дастаи мунтахаби то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ рӯзи 3-юми октябр барои ҷойи сеюм аз тими Беларус бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Дар бозии ниҳоӣ 4-уми октябр футболбозони навраси Русия тими Озарбойҷонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карданд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои сеюм, ки то рӯзи 8-уми октябр идома хоҳанд кард, ба ҷуз аз варзишгарони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доранд.
Мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст. Варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд.