Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вазъияти ниҳоят ҷиддӣ". Осиёи Миёна дубора дар миёни кишварҳои саркӯбгари озодии баён


Қазоқистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар феҳрасти давлатҳое қарор гирифтаанд, ки вазъи озодии матбуот дар онҳо "хеле ҷиддӣ" арзёбӣ шудааст. Ҳар панҷ кишвари минтақа дар шохис (индекс)-и расонаҳои озод, дар мавқеи поин қарор гирифтаанд. Ин шохисро Созмони байналмилалии ҳомии озодии баён ё "Гузоришгарони бидуни марз", рӯзи 2-юми май нашр кард. Дар ин феҳраст мавқеи Қирғизистон якбора 24 зина поин рафтааст.

Дар феҳрасти "Гузоришгарони бидуни марз", ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хати сурхи торик ишора шудаанд. Ин ба он маънӣ аст, ки дар ин кишварҳо расонаҳо зери сиёсати саркӯбгаронаи ҳукумат қарор доранд.


Қазоқистон: боздошт, ҳамла ба хабарнигорон, қатъи интернет...

Қазоқистон дар феҳрасти созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мустақар дар Порис, дар байни 180 кишвар дар зинаи 141-ум ҷой гирифтааст. Кишвар дар байни Ҳонконг ва Гондурас қарор дорад. Дар як соли ахир мавқеи Қазоқистон як зина боло рафтааст. Зоҳиран ин ба бад шудани вазъи озодии баён дар ҷаҳон рабт дорад.

"Бори аввал дар таърихи ин феҳраст, шароити кори хабарнигорон дар нисфе аз кишварҳои ҷаҳон бад шуда, дар ҳар чаҳорум кишвар вазъ "қонеъкунанда аст", гуфта шудааст дар гузориши "Хабарнигорони бидуни марз". Дар 42 кишваре, ки нисфи аҳолии ҷаҳонро (56,7 дар сад) фаро мегиранд, вазъ "хеле ҷиддӣ", арзёбӣ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки матбуот асосан аз "шабакаи тарғиботии режим" иборат аст ва шумораи расонаҳои озод хеле кам мондааст. Хабарнигорони ҳирфаӣ чанд тарҳи алтернативиро дар пойгоҳҳои YouTube, Telegram ва Instagram роҳандозӣ кардаанд, ки нигоҳи онҳо аз талаботи расонаҳои ҷонибдори ҳукумат фарқ мекунад.

Ҳомиёни озодии матбуот мегӯянд, Остона "барои пешгирӣ аз бозтоби рӯйдодҳои муҳим аз ҳама василаҳо – боздошт, ҳамла, қатъи интернету алоқа, истифода мекунад".

Дастрасӣ ба иттилоъ дар ин кишвар маҳдуд буда, суолҳое, ки хабарнигорон дар нишастҳои матбуотӣ пешниҳод кунанд, сензура мешавад. Ҳукумат ба расонаҳои хусусӣ барои паҳн кардани маводҳои таблиғотӣ пул медиҳад ва таъйини сармуҳарриронро зери назорати худ гирифтааст.

"Гузоришгарони бидуни марз" навиштаанд, қонуни қабулшуда "Дар бораи ВАО" соли 2024 назорати давлат ба расонаҳоро, ки бе ин ҳам сензура мешуданд, шадидтар кард. Вазорати корҳои хориҷӣ ҳақ дорад, "худсарона додани парвонаи корӣ ё аккредитатсия ба ҳар расона ва ё рӯзноманигорро рад кунад".

Дар гузориш омадааст, ки баъзе аз расонаҳо ба ҳамлаҳои киберӣ дучор шуда, хабарнигорон аксаран дар пайванд ба фаъолияти касбиашон мавриди таҳдиду ҳамлаҳои ҳадафмандона қарор мегиранд. Муаллифон таъкид мекунанд, ки ба хабарнигороне, ки дар Қазоқистон аз хатти кашидаи ҳукумат берун по мегузоранд, хатари боздошт ва таъқиб таҳдид мекунад.

Соли гузашта, вазири иттилоъ ва фарҳанги Қазоқистон Аида Балаева дар посух ба суоли хабарнигорон оид ба мавқеи Қазоқистон дар феҳрасти "Гузоришгарони бидуни марз" изҳор дошт, ки дар кишвар ҳеҷ маҳдудият ва мушкиле барои озодии баён вуҷуд надорад.

"Феҳраст ва усулҳои баҳогузорӣ гуногун мешаванд. Вале биёед воқеӣ бубинем, ки дар куҷо маҳдуд мешавад? Ҳар чизе, ки мехоҳанд, менависанд, танқид мекунанд... Баъзан воқеан танқид сахт мекунанд. Пас куҷо аст маҳдудият? Ман ягон маҳдудсозиро намебинам ва фикр мекунам, ки дар Қазоқистон тамоми шароит барои рушд ва фаъолияти расонаҳо муҳайё аст",-афзуд, вазири қазоқ.


Қирғизистон: Афзоиши сензура ва қабули қонун "дар бораи ҷосусҳои хориҷӣ"

Қирғизистон дар феҳрасти "Гузоришгарони бидуни марз" дар як соли ахир 24 зина поин рафта, дар мавқеи 144-ум қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллифони гузориш, дар ин кишвар, ки дар минтақа нисбатан озод дониста мешуд, фишор болои матбуот аз соли 2022 афзудааст.

Пойгоҳҳои маъруфи онлайнӣ мисли Kaktus.media, Politklinika и Kloop.kg таҳти таъқиб қарор гирифта, ба вазъи баде гирифтор шудаанд. Сомонаҳои зиёде мисли Kloop баста шудаанд. Муҳаррирону хабарнигороне, ки дар бораи мақомоти кишвар мақолаҳои танқидӣ менависанд, бо иттиҳомоти бардурӯғ таъқибу ҷустуҷӯ мешаванд.

Мақомот бо қабули қонунҳои маҳдудкунандаи озодии матбуот сензураро сахттар мекунанд. Содир Ҷабборов қонун "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти бардурӯғ"-ро имзо кард, ки ба гуфтаи ҳомиёни озодии матбуот, хилофи Сарқонун ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ аст. Муаллифони гузориш дар бораи озодии матбуот аз тарҳе нигаронӣ кардаанд, ки ҷаримаҳои ҳангуфт ва талаботи шубҳанок барои сабтиноми дубораро пешбинӣ мекунад. Ин лоиҳа дар бораи матбуот ҳоло дар баррасӣ қарор дорад.

Дар Қирғизистон ҳам, дар пайравӣ ба Русия қонуне қабул шуд, ки бар асоси он, ҳар расонаи мустақиле, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешавад, "агенти хориҷӣ" дониста мешавад. Дар кишвар фасод рушд кардааст, вале аксари аҳолӣ, таҳти таъсири таблиғоти ҳукуматанд, ки расонаҳои мустақилро чун "душмани халқ", муаррифӣ мекунанд.

"Гузоришгарони бидуни марз" менависад, ки расонаҳои мустақил зери фишор қарор доранд. Онҳо аз боздошти 11 хабарнигори тарҳи Temirov LIVE ёдовар шудаанд, ки муассиси он хабарнигор Болот Темиров аст. Муаллифи тарҳро аз Русия хориҷ ва ҳамсари ӯ, рӯзноманигор Муҳаббат Тоҷибек қизиро 6 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ яке аз 11 тан хабарнигорони боздоштшуда аст ва додгоҳ ӯро дар даъвати оммавӣ ба бетартибӣ айбдор кард. Яке аз боздоштшудаҳо ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Узбекистон: вазъ бетағйир мондааст

Дар гузориш омадааст, ки вазъи расонаҳо дар Узбекистон баъди марги президент, Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, то ҷое беҳтар шуд. Ин кишвар дар феҳрасти расонаҳои озод дар зинаи 148-ум ҷой дорад ва мисли соли пеш дар Узбекистон шабакаҳои хусусии иттилоотӣ фаъол нестанд. Кори расонаҳои давлатӣ фақат аз таблиғи ҳукумат иборат аст. Танҳо 15 расонаи онлайнӣ, аз ҷумла "Озодлик"- бахши узбекии Радиои Озодӣ маводи босифат нашр мекунанд. Аммо ин сомона дар Узбекистон баста аст.

Мақомот кори расонаҳо ва гурӯҳи зиёди блогерҳои наздик ба ҳукуматро назорат мекунанд. "Гузоришгарони бидуни марз" қонуни Узбекистонро дар бораи Васоити Ахбори Омма, саркӯбгар номида, гуфтаанд, дар ин кишвар таъқибу худсонсурӣ дар авҷ аст. Ба навиштаи ин созмон, қонуну қоидаҳое, ки маблағгузорӣ ба расонаҳоро махсусан аз хориҷ маҳдуд мекунад, монеи рушди матбуоти озод дар Узбекистон шудааст

Отабек Сатторӣ, муассиси YouTube-канали Xalq Fikri.
Отабек Сатторӣ, муассиси YouTube-канали Xalq Fikri.

"Блогерҳо чун пеш таҳдиду боздошт ва ҳабс мешаванд, мисли Отабек Сатторӣ, муассиси YouTube-канали Xalq Fikri ё назари мардум. Моҳи майи 2021 ӯ дар пайванд ба иттиҳоми сохтаи тӯҳмат ва тамаъҷӯи ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Хабарнигороне, ки хостанд, аз мурофиаи додгоҳии ӯ гузориш диҳанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд ё ба ҷавобгарӣ кашида шуданд",-омадааст, дар гузориши созмони ҳомии озодии матбуот.

Саркӯби хабарнигороне, ки эътирозҳо бо ҳимоя аз ҳифзи мақоми қонунии Қароқалпоқистонро, чун ҷумҳурии худмухтор бозтоб медоданд, далели азми ҳукумат барои хомӯш кардани садои дигарандешон, махсусан намояндагони ақалиятҳоест, ки барои баробарҳуқуқӣ мубориза мебаранд.


Тоҷикистон: Расонаҳо зери назорати шадид қарор доранд

Тоҷикистон дар феҳрасти "Гузоришгарони бидуни марз" оид ба матбуоти озод дар мавқеи 153-юм қарор гирифта, дар як сол 2 зина боло рафтааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, вазъи расонаҳо дар ин кишвар, ки 30 сол боз онро Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад, то рафт бадтар мешавад.

Дар пайи фишорҳои мақомот аксар нашрияҳои мустақил аз ҷумла, ҳафтаномаи "Озодагон" ва сомонаи хабарии "Ахбор" баста шуда, даҳҳо хабарнигор тарки кишвар карданд. Пайваста баста шудани пойгоҳҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе аз сармуҳарриронро водор кард, ки ба хориҷ кӯч банданд.

Ҳукумат маводу мақолаҳои расонаҳоро бодиққат назорат мекунад. Дастрасии матбуоти мустақил ба хабарҳои расмӣ шадидан маҳдуд шудааст. Журналистоне, ки мақомотро танқид мекунанд аз сӯйи сохторҳои қудратӣ "шикор" ва шантажу таҳдид мешаванд.

Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик.
Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик.

Ҳама гуна гузориш аз саркӯби тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мамнӯъ буда, онҳое, ки ин қоидаро вайрон мекунанд, боздошт хоҳанд шуд. Бандҳои қонун дар бораи барангехтани кинаву адоват ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ фазои тарснокеро ба вуҷуд оварда, монеи танқиди низом аз сӯйи хабарнигорон шудааст.

Хабарнигорон гузаронидани таҳқиқот дар мавзӯҳои барои ҳукумат "ҳассос"-ро номумкин медонанд ва намехоҳанд худу наздиконашонро зери хатар қарор диҳанд. Солҳои ахир чандин хабарнигор ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, аз ҷумла, Рухшона Ҳакимова, ки соли равон бо иттиҳоми "Хиёнат ба давлат" ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Дар маҷмӯъ дар кишвар 10 хабарнигор дар зиндон аст.


Туркманистон: Танҳо тавсифи давлат иҷоза аст

Туркманистон дар зинаи 174-уми Шохиси озодии матбуот қарор дорад. Бино ба навиштаи муаллифони гузориш, хабарҳо дар ин кишвари пӯшида танҳо аз ситоиши ҳокимони режим, президент Сардор Бердимуҳаммедов ва падари ӯ, раисҷумҳури пешини кишвар, Қурбонгули Бердимуҳаммедов, иборат аст.

Ҳукумат тамоми расонаҳои зери дасти худ нигаҳ медорад ва онҳо танҳо ба таблиғи ҳукумат машғуланд. Шаҳрвандони Туркманистон ба манбаъҳои хабарии ҷаҳонӣ дар интернет дастрасӣ надоранд ва барои истифода барномаҳои қулфшикан ба онҳо ҷарима таҳдид мекунад.

Расонаҳои мустақил ва мухолиф аз ҷумла, Turkmen.news, "Хроники Туркменистана" аз хориҷ фаъолият мебаранд. Теъдоди ками журналистоне, ки дар Туркманистон мондаанд, пинҳонӣ барои расонаҳои хабарӣ дар хориҷи кишвар кор мекунанд.

Танқиди президент ва дигар мақомдорон дар ин кишвар манъ аст. Хабарнигороне, ки ҷуръат карда, ба ин қоидаҳо мухолифат мекунанд, таъқибу зиндонӣ ва шиканҷаву ҳатто кушта шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG