Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Саудӣ хоҳони "субот" дар Ховари Миёна шуд


Як мансабдори Арабистони Саудӣ хоҳони субот дар минтақаи Ховари Миёна шуд.

Вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад Ал-Ҷадон рӯзи 28-уми апрел дар оғози Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гуфт, ҷанг дар Навори Ғазза ба вазъи иқтисодӣ фишори зиёд овардааст.

Ба гузориши "Франс Пресс", дар нишасти дурӯза дар Риёз Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, раҳбарони Фаластин ва мақомоти баландпояи як қатор кишварҳо ҳузур доранд.

Ин кишварҳо талош доранд, ки миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар Навори Ғазза созиши оташбас имзо шавад. Чизе, ки то ҳол бенатиҷа будааст.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG