Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: Дар интихоботи 2020 чанд номзади "ҳақиқӣ" ба майдон меояд. ВИДЕО


Раҳматулло Зоиров

Раиси ҳизби сотсиал-демократ, яке аз аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон, мегӯяд, чанд муддати охир кампайдо буд, аммо аз саҳнаи сиёсии кишвар нарафтааст. Раҳматулло Зоиров рӯзи 2-юми март дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, танҳо нашри изҳорот ва нишастҳои матбуотиаш кам шудаанд, ки "ислоҳ мекунад".

  • Ҳизби сотсиал-демократ яке аз ҳафт ҳизби фаъолияташ расмӣ дар Тоҷикистон аст ва ба иддаои масъулонаш беш аз 8 ҳазор узв дорад. Ин ҳизб соли 1998 ва замоне сабтином шуд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.
Аввал интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аст. Бинем, ки чӣ хел мегузарад. Вобаста ба фазо мавқеи ҳизбро дар интихоботи президентӣ мушаххас мекунем.

ҲСДТ - аз куҷо ба куҷо?

Ин ҳизб, ки дар гузашта яке аз аҳзоби фаъоли мухолиф дониста мешуд, беш аз се сол боз давраи мушкилро паси сар мегузорад. Раҳбарияти ҳизб қаблан гуфта буд, ки аз як тараф фишори мақомот афзудааст ва аз тарафи дигар баъди интихоботи порлумонии соли 2015 ба мушкили молӣ дучор шуданд. Мунтақидон ҳизбро барои хомӯшӣ дар баробари бархӯрди мақомот бо дигарандешон муттаҳам мекунанд.

"Ҳизб дар интихобот иштирок мекунад"

Раҳматулло Зоиров дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки то интихоботи президентӣ каме беш аз як соли дигар мондааст ва ӯ вориди сабқат хоҳад шуд, ё не, гуфт, ҳанӯз ба хулосаи ниҳоӣ нарасидааст.

"Аввал интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аст. Бинем, ки чӣ хел мегузарад. Вобаста ба фазо мавқеи ҳизбро дар интихоботи президентӣ мушаххас мекунем. Аммо ҳизби мо дар ин интихобот иштирок хоҳад кард", - афзуд ӯ.

Раҳматулло Зоиров
Раҳматулло Зоиров

"Бо ҳукуматиҳо ва мухолифон муносибати яксон дорам"

Ин сиёсатмадор бовар дорад, дар интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон ҳадди ақал ду-се номзади "ҳақиқӣ" ба майдон хоҳанд омад. Ӯ гуфт, "на мисли солҳои 2006 ва 2013, ки ҳама аз як номзад ҷонибдорӣ мекарданд."

Раҳматулло Зоиров дар ин суҳбат ба муносибаташ бо намояндагони ҳукумат ва нерӯҳои мухолифон низ дахл кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир бархӯрдаш бо ҳарду тараф яксон аст. "Баъзан ба хатоӣ роҳ медиҳанд, ки робитаҳоро канда мекунад", - гуфт ӯ.

Тасмим гирифтам, ки рӯзҳои наздик аз кори адвокатӣ даст кашам

"Зиндагӣ дар Тоҷикистон барои сиёсатмадори мухолиф сахт аст"

Раиси Ҳизби сотсиал-демократ, инчунин, гуфт, зиндагӣ ва кор барои як сиёсатмадор ва он ҳам бо назари мухолиф дар Тоҷикистон осон нест. Зоиров ба унвони мисол гуфт, ӯ, муовини аввалаш Шокирҷон Ҳакимов ва 25 узви шӯрои сиёсии ҳизби сотсиал-демократ ҳеч вазифа ва кори расмӣ надоранд ва бештар ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғуланд.

"Бештар кори ҳизбӣ ва боғдорӣ мекунам. Тасмим гирифтам, ки рӯзҳои наздик аз кори адвокатӣ ҳам даст кашам", - гуфт ӯ.

Суҳбат бо Зоиров, ки дар рӯзҳои аввали баҳор ва дар боғчаи назди хонааш дар Душанбе сурат гирифт, аввал аз хоку об буд ва сипас ба майдони ноҳамвори сиёсат дар Тоҷикистон кашида шуд. Тафсилоти суҳбатро дар навори видео тамошо кунед:

Суҳбат бо Зоиров. Аз обу хок то майдони сиёсат дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG