Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Дараи Об дигар аз тиру гулӯлаи пойгоҳи 201 ҳарос надоранд


Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак
Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак

Пас аз гузориши Радиои Озодӣ ва шикоятҳои зиёди сокинони деҳаҳои наздик ба размоишгоҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Шӯрообод, сарбозони ин пойгоҳ самти тирандозиҳои тамринии худро иваз кардаанд.

Сокинони деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод мегӯянд, дар даҳ соли охир бори аввал аст, ки дар мавсими тобистон аз тирандозии тамринии ҳарбиёни рус дар пойгохи “Мумирак” эмин мондаанд. Аҳли ин деҳа, ки мегуфтанд, ҳамасола бо оғози машқҳои ҳарбиёни рус зери хатари захмӣ шудан аз тиру гулулаи дайду мезистанд ва аз сафар ба канораҳои деҳа худдорӣ мекарданд, имсол бино бар иваз шудани макони тамрин "оҳи сабук" кашиданд. Солҳои гузашта бар асари тирпаронӣ болопӯши хонаҳо вайрон, гандумзорҳо оташ гирифта, ҳалокати сокинону чорпоён низ сабт шудааст.

Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак
Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак

Як сол қабл бар асари афтодани чанд гулӯла дар деҳаи Дараи Оби Шӯрообод масҷид ва чанд хонаи сокинон осеб дида, ҳукумати маҳаллии ноҳияро ҳам нигарон карда буд. Рустоиён гуфта буданд, гулӯлаҳо аз мили силоҳи сарбозони рус берун омадаанд, зеро чаҳор километр поёнтар аз деҳа як моҳ боз тамрин мекунанд. Аммо Игор Шербаков, як намояндаи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, маълум нест, ки он гулӯлаҳо ба кӣ тааллуқ доранд, зеро дар тамрингоҳи «Мумирак» сарбозони тоҷик ҳам машқ мекунанд. Ҷаноби Шербаков гуфт, низомиёни рус бо эҳтиёт тамрин мекунанд, то осебе ба хонаҳову мардуми наздик ба «Мумирак» нарасад.

Дар тули чанд соле, ки сокинони деҳкада борҳо аз тирҳои дайду осеб дидаанд, ягон масъули пойгоҳ “сафар”-и тирҳои дайду ба бому хонаҳои сокинонро эътироф накардааст. Аз соли 2000 ба ин тараф беш аз 10 нафар, асосан кӯдакон дар вақти тамрини низомиёни рус ва аз таркиши минаҳои онҳо хисороти ҷонию ҷисмӣ дидаанд.

Умед Юсуфов, ки тири сарбозони Русия бомашро шикофтааст
Умед Юсуфов, ки тири сарбозони Русия бомашро шикофтааст

Умед Юсуфов, сокини деҳаи Дараи Об, дар як тамоси телефонӣ рӯзи чоршанбеи 24 июн гуфт, баъди пахши гузориши Радиои Озодӣ ва нигаронии мардум аз ин вазъият самти тирандозии сарбозони рус дигар шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло сокинони ин деҳа дар амн ба сар мебаранд. Ин ҳам дар ҳоле ки солҳо аз гулулаи сарбозони рус бо тарсу ҳарос ба сар бурданд, шикоятҳо карданд, аммо ягон кас ба додашон нарасид.

Вай афзуд: «Хидмати калонро шумо кардед. Ҳозир сарбозон дигар тараф мепаронанд, акнун тир ба хонаҳои мо намеояд. Сокинон ҳам низ бе тарс ҳозир зиндагӣ доранд.»

Хонаи Умед Юсуфов аз мушак осеб дида буд ва ӯ умед надошт, ки ин ҳолат ба зудӣ бартараф шавад.

Абдулваҳоб Саъдулоев, имомхатиби масдиҷи деҳаи Дараи Об
Абдулваҳоб Саъдулоев, имомхатиби масдиҷи деҳаи Дараи Об

Абдулваҳоб Саъдулоев, имомхатиби масдиҷи деҳаи Дараи Об гуфт, ҳоло онҳо таровеҳи худро бе ягон тарс хонда, ба хона мераванд. Ӯ мегӯяд, ки порсол тирпарронӣ аз аввали таровеҳ то поёни он идома мекард. Ба гуфтаи Саъдулоев, соли гузошта баъди итмоми таровеҳ ду тири пулемети зиреҳпӯш ба боми масҷид бархӯрд, аммо натаркид.

Баъд аз нашр шудани гузориш як ҳайати роҳбарикунандаи дивизияи 201-и Русия дар Кулоб ба деҳаи Дараи Об сафар карда, бо сокинон мулоқот анҷом дод. Дар пайи мулоқот онҳо ба сокинон ваъда кардаанд, ки дигар ҳеҷгоҳ тирҳо ба деҳа барнамехӯранд.

Ҳукумати Шӯрообод низ бо ирсоли як мактуб ба масъулони пойгоҳи низомии Русия хоста буд, ки афтидани гулула ба деҳоти атрофро шарҳ бидиҳанд. Сулаймон Назаров, раҳбари дастгоҳи ҳукумати Шӯрообод мегӯяд, пас аз ирсоли ин мактуб ва мақомот бо сокинон самти тирпаронии сарбозони рус ба дигар тараф шуд. «Баъди муроҷиат ва шикояти сокинон намояндагони "дивизия" омада, ваъда доданд, ки самти тирпарониро дигар мекунанд. Ҳоло ин ҳолат бартараф шуд. Мо низ рафта дидем, ки самти тирпарронӣ дигар шудааст. То кунун дигар аз сокинон шикоят нашудааст,» -- гуфт раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шӯрообод.

Тамрингоҳи «Мумирак» дар 7-километрии шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шӯрообод ҷойгир аст. Размоишгоҳ дар наздикии деҳаҳои Дараи Об ва Кафтари Шӯробод қарор дорад. Дар ин тамрингоҳ сарбозони пойгоҳи 201-и Русия, ки дар маркази Кӯлоб ҷойгир аст, ҳамасола размоиш мекунанд. Руссия дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ ва ҳудудан 7 ҳазор аскар дорад, ки қисмҳои низомии он дар вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб ҷойгиранд.

Абдулваҳоб Саъдулоев, имомхатиби масдиҷи деҳаи Дараи Об
Абдулваҳоб Саъдулоев, имомхатиби масдиҷи деҳаи Дараи Об

Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак
Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак

Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак
Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак

Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак
Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак

Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак
Пайомадҳои тамрини нерӯҳои Русия дар Мумирак

XS
SM
MD
LG