Футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров пас аз бемории вазнин дар 80-солагӣ дар Маскав аз олам чашм пӯшид.
Владимир Ғуломҳайдаров, ки 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри бист ба шумор меравад. Ӯ нимҳимоятгари моҳир буд ва мухлисонро бо ҳунари волою техникаи олии бозиаш мафтун мекард.
Шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи “Помир”-и Душанбе солҳои 1964-1977 (то соли 1970 “Энергетик” ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати “Помир” дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969-1970) шарафи дастаи машҳури “Торпедо”-и Маскавро ҳимоя кардааст.
Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки соли 1968 ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.
Тӯли 40 сол Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол кор кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии “Гузариш” (“Переправа”) мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи “Футбол-Хоккей” сарфароз гаштааст.
Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав солҳои 1980-1983 дар дастаи “Помир” аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии “Помир”, дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими “Саддам”-и Сарбанд буд.
Владимир Ғуломҳайдаров беш аз 20 сол дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон зист. Вай нахуст сармураббии дастаи “Батир” (Экибастуз) буд. Баъдан ба ҳайси мураббӣ, мураббии калон, сармураббӣ, мураббии мушовир дар дастаҳои «Ғайрат» (Алмаато), “Тараз” (Ҷамбул) , “Жетису” (Талдиқӯрғон), “Мегаспорт” (Алмаато), “Локомотив” (Остона) ва “Сункар” (Каскелен) кор кардааст.
Ғуломҳайдаров пас аз ба нафақа баромадан бо пайвандони худ дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебурд.