Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанге, ки Қафқозро такон дод. Аз ҷанги Русияву Гурҷистон даҳ сол гузашт. ВИДЕО


9 августи соли 2008, Горӣ

Субҳи 8 августи соли 2008 дар Осетияи Ҷанубӣ бо садои тирпарронии нерӯҳои гурҷӣ оғоз ёфт. Ҳамин тавр ҷанги панҷрӯзаи миёни Русияву Гурҷистон шурӯъ шуд ва то имрӯз ҳарду ҷониб дар сар задани ин низоъ ҳамдигарро гунаҳгор мекунанд.

Аз оғози солҳои 1990-ум Гурҷистон бо ду минтақаи ҷудоихоҳ - Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, ки дар амал бинобар пуштибонии нерӯҳои Русия мустақил буданд, муносиботи мураккаб ва аммо сулҳомез доштааст.

Аз 20 нафаре, ки дар пойгоҳи низомӣ буданд, танҳо ду нафар зинда монд. Ҳоло мо ҷиянамонро ба хок месупорем

Дар соли 2008 Гурҷистон эҳтимоли шомил шудан ба НАТО-ро баррасӣ намуд ва ин тасмим боиси авҷ гирифтани низоъ шуд. Русия ба Абхозистон нерӯҳои иловагӣ фиристод. Президенти вақти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ин амалро ҳамчун талоши ғасби анклав маҳкум кард. Ӯ гуфт: “Ба ақидаи мо, аз лиҳози ҳуқуқӣ, он чизеро, ки рух дод, бояд ҳамчун ишғол арзёбӣ кард, аммо он чизе, ки дар ҳамин лаҳзаҳо мегузарад, бояд бо истилоҳи амалҳои хашин қабул кунем».

Вазъият аз контрол берун шуд

Баъди чанд моҳи ташаннуҷи авзоъ ва тирпарониҳо, вазъият аз таҳти контрол берун шуд ва ба ҷанги фаротар табдил ёфт. Дар Тифлис мегуфтанд, ки нерӯҳои Русия ҳанӯз қабл аз он ки артиши Гурҷистон барои барқарор намудани назорат дар минтақа ба ҳамла гузаранд, ба Осетияи Ҷанубӣ дохил шуданд. Маскав дар даргириҳои низомӣ ҷониби Гурҷистонро гунаҳкор намуд.

Каха Ломая, котиби Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон гуфт: «Мо ҳаракати даҳҳо дастнишондаҳоро тавассути нақби Рокск, ки Русияро бо Гурҷистон мепайвандад, мушоҳида кардем».

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт: «Дар маҳаллаҳои аҳолинишини Тсинхвали ва аз ҷумла дар манотиқе, ки берун аз низои Осетияи Ҷанубӣ аст, тирандозии давомдор ҷараён дорад».

Дар натиҷа, мардуми осоишта ва гурҷитаборҳо ба тарки минтақаи низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ оғоз намуданд. 10-уми август нерӯҳои гурҷӣ ақибнишинӣ карданд, вале дар ин вақт фронти нав боз шуд. Тонкҳои Русия Абхозистонро убур намуда ба дараи Кодор, ягона минтақае, ки зери идораи Тифлис буд, ворид шуданд. Ҷанг фаротар аз ҷуҳуриҳои ҷудоихоҳ рафт. Нерӯҳои рус ба Горӣ, ки берун аз қаламрави Осетияи Ҷанубӣ аст, наздик шуда, шаҳр ва пойгоҳи низомиро тирборон намуданд.

Даҳумин солгарди ҷанги Русия бо Гурҷистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:07 0:00

Аз 20 нафар ду нафар зинда монд

Михаил Квалиашвили, як сокини Горӣ мегӯяд: «Аз 20 нафаре, ки дар пойгоҳи низомӣ буданд, танҳо ду нафар зинда монд. Ҳоло мо ҷиянамонро ба хок месупорем. Як даст ва як пояш канда шуд ва чашмонаш осеб диданд. Духтарчааш ҳамагӣ даҳ рӯз пеш ба дунё омада буд».

Даргириии низомӣ, бахусус дохил шудани нерӯҳои рус ба Гурҷистон боиси нигаронии раҳбарони кишварҳои Ғарб шуд.

Ҷорҷ Буш, президенти вақти ИМА гуфт: “Амали ин ҳафтаиинаи Русия саволи ҷиддиро дар бораи ҳадафҳояш дар Гурҷистон ва дар ин минтақа ба миён меорад. Амали Русия ба мавқеи Русия дар саҳнаи байналмилалӣ зарба мезанад. Онҳо муносиботи Русияро бо ИМА ва Аврупо зери зарба мегузоранд».

12 август президенти Русия Дмитрий Медведев нақшаи ҳалли осоиштаи низоъро, ки бо ширкати Иттиҳодияи Аврупо таҳия шуда буд, эълон кард. Бо ин вуҷуд ҷанг поён наёфт.

Ҷанге, ки паёмадҳои давомдор дошт

Баъди як ҳафта нурӯҳои русӣ ба тарки Горӣ шурӯъ намуданд. Дар Маскав мегуфтанд, ки ба хуруҷи нерӯҳои низомӣ абарқудратҳои ғарбӣ пофишорӣ намуданд. Баъзе гурезаҳо тавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд, аммо чунин имконият бо ҳамин ба даҳҳо ҳазор нафари дигар даст надод.

9 августи соли 2008, зане дар як таркиш осеб дидааст
9 августи соли 2008, зане дар як таркиш осеб дидааст

Нателла, як паноҳандаи гурҷӣ мегӯяд: «Бозгашт ба хона хушбахтӣ аст. Вақте баргаштам, он вақт шод мешавам».

Низоъ камтар аз як ҳафта идома кард, вале паёмади давомдор дошт. Русия истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф кард ва бо ин норозигии раҳбарони ғарбиро ба вуҷуд овард. Нерӯҳои Русия мисли қабл дар ҳарду қаламраве, ки Тифлис онҳоро манотиқи ишғолшуда ном мебарад, мустақар ҳастанд. Дар паи низоъ, садҳо тан кушта ва даҳҳо ҳазор гуреза шуданд. Русия тавонист контроли низомӣ дар минтақаро ба даст оварад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG