Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор нигоҳ аз хориҷ ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон. ВИДЕО


Раъйдиҳӣ дар рӯзи 1-уми март дар Душанбе. Акс аз Ройтерс
Раъйдиҳӣ дар рӯзи 1-уми март дар Душанбе. Акс аз Ройтерс

Коршиносони хориҷӣ ва ғарбӣ мегӯянд, интихоботи порлумонӣ аломати дигари рӯшан "аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва саркӯби дигарандешӣ дар Тоҷикистон аст".

Эдвард Лемон, таҳлилгари сиёсии муқими Вашингтон, рӯзи 2-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баръакси солҳои пеш ба интихобот нозирони кам фиристод ва ин баёнгари он аст, ки "созмон ба рушди демократия дар Тоҷикистон зиёд бовар надорад".

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ афзуд: "Ба фикри ман, ҷомеаи ҷаҳонӣ муддати дароз аст, ки дарк мекунад, ин як ҳукумати худкома аст ва ин интихоботи шармовар як намунаи дигари он аст. Интихоботи порлумонӣ аз он аломат медиҳад, ки ҳамин вазъият, ҳамин қудрат побарҷо хоҳад монд. Ба назари ман, набуди дилгармӣ дар миёни мардум пеш аз интихобот, набуди баҳсу мунозираҳо, набуди як маъракаи фаъоли интихоботӣ дар матбуоти давлативу ғайридавлатӣ баёнгари он аст, ки мардум вуҷуди ҳамин системаро то ҷое қабул кардаанд. Барои тағйири он имконият маҳдуд аст."

Ин таҳлилгари муқими Вашингтон мегӯяд, дар интихоботи порлумонии якуми март дар Тоҷикистон "тақаллуб шуд, қонуншиканӣ ҷой дошт ва вазъи имрӯза идома хоҳад кард".

"Паёми асосии интихобот барои мардуми Тоҷикистон ин аст, ки ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ҳукумати Раҳмон, ки дар паҳнои Шӯравии собиқ дарозтар аз дигарон дар сари қудрат мемонад, дар майдони сиёсӣ мисли гузашта авлавият хоҳад дошт", -- афзуд ӯ.

Моҳи январи имсол Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар арзёбии шароити пешазинтихоботӣ дар Тоҷикистон гуфт, сатҳи эҳтироми озодиҳои асосӣ аз замони интихоботҳои гузашта боз ҳам бадтар шудааст.

Дар арёзбии созмон омадааст: “Риояти озодиҳои бунёдӣ назар ба интихоботҳои гузашта бадтар шудааст ва дар шароити набуди матбуоти мустақил ва мухолифони фаъол интихоби сиёсӣ маҳдуд аст. Дар чунин шароит Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон ирсоли нозирон, аз ҷумла нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро зарур намешуморад." Аммо бо ин ҳама САҲА тавсия додааст, ки бо назардошти аҳамият доштани назорати интихобот барои фаъолони ҷомеаи маданӣ ва эълони мақомот барои нигаҳ доштани муколама дар бораи интихобот" интихобот назорат шавад.

Аломати дигар аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон

Стив Свердлов, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ ва ҳомии ҳуқуқ, борҳо ба Тоҷикистон рафтааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, натиҷаҳои интихобот пешгӯишаванда буд ва он хилофи меъёрҳои як интихоботи демократӣ сурат гирифт: “Дар маҷмӯъ фазои сиёсӣ бо таъқибу фишор олуда буд. Моҳи январ шоҳиди боздошти яке аз охирин садоҳои мустақили журналистика Далер Шарифов шудем. Интихобот дар пасманзари бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар гузашт ва нуқтаи авҷи бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуд”.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 нахустин интихоботе аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат баргузор шуд. Стив Свердлов гуфт, аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ин ҳизб баёнгари “мубориза бо дигарандешӣ” дар кишвар аст.

Чаҳор нигоҳ аз хориҷ ба интихоботи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:00 0:00

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи ин ҳизбро рад мекунад ва онро ба ҳамдастӣ дар ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 ба раҳбарии муовини собиқи вазири дифоъ айбдор менамояд. Айбномае, ки ниҳодҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои дигар напазируфтаанд. Чанде пеш гуруҳи коршиносии СММ гуфт, ки аъзои раёсати ҳизб бо қонуншиканҳои зиёде муҳокима ва зиндонӣ шудаанд ва бояд аз зиндон озод карда шаванд.

Ба ақидаи Стив Свердлов, "аҳамияти ин интихобот дар он аст, ки чанд моҳ пеш аз интихоботи президентӣ баргузор шуд: “Аз кай боз ин баҳсу баррасиҳо аст, ки оё президент Раҳмон дар қудрат мемонад ва ё касеро аз оилааш ба ин вазифа таъйин мекунад ё нафари дигарро. Маълум нест. Як чизи дигарро ҳам мегӯям. Дар миёни интихоботи порлумонии Узбекистон ва Тоҷикистон тафовути ҷиддӣ ба назар мерасад. Яъне ҷумҳурии ҳамсоя. Бо ин ки дар интихоботи онҳо ҳизбҳои мухолифин набуданд, вале он ҷо эҳсоси шаффофият буд, мунозираву баҳс буд, журналистон саволҳои интиқодӣ доданд. Вале дар Тоҷикистон дидем, ки таъқиб буд, тарс буд”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин иддао асос надорад ва интихобот ба қавли Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот “ошкор ва демократӣ” сурат гирифт. Нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки аъзояш Русияву Чин ва дигар кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ҳастанд, гуфтанд, ки интихобот бар асоси қонун ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Вазъи шабеҳи Русия

Интихоботи Тоҷикистонро аз Лондон таҳлилгари дигари масоили Осиёи Марказӣ Алишер Илҳомов ҳам мушоҳида кардааст. Илҳомов мегӯяд, интихоботи Тоҷикистон ҳеҷ мӯъҷизае надошт ва пешгӯишаванда буд. Ӯ гуфт, ба ҷуз аз Ҳизби сотсиал-демократӣ ҳеҷ як ҳизб бо ҳизби ҳоким рақобат накард ва ҳукумат бо истифода аз василаҳои маъмурӣ вуруди мухолифони воқеиро ба интихобот роҳ надод.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз ин назар вазъ дар Тоҷикистон бо Узбекистон монанд аст. Дар Узбекистон шояд боз ҳам бадтар бошад, чунки дар ин кишвар ҳеҷ ҳизби воқеан ҳам мухолифи расмӣ вуҷуд надорад. Дар Туркманистон як ҳадди дигари диктотурии шахсӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин се кишварро як чиз муттаҳид мекунад, ки онҳо худкома ҳастанд. Ҳолати Тоҷикистон ба Русия ҳам хеле наздик аст. Дар ин ҷо ҳам ба бархе ҳизбҳо иҷоза ҳаст, ки дар фазои қонунӣ вуҷуд дошта бошанд, вале ҳукумат аз василаҳои маъмурӣ зиёд истифода мекунанд, то ки ба парлумон нирӯҳои воқеии оппозитсионӣ ва садои мустақилро роҳ надиҳанд. Он ҷо назорати комили президентӣ, дастгоҳҳои ҳукуматӣ аст ва айни вазъ дар Тоҷикистон аст”.

Брюс Паннир, шореҳи масоили Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ ҳам интихоботи Тоҷикистонро мушоҳида кард. Ӯ интихоботи Тоҷикистонро як тамрин барои интихоботи президентӣ номид, ки қарор аст, моҳи ноябр баргузор шавад:

“Ҳамонгуна ки бисёриҳо интизор доштанд, ин пирӯзии Ҳизби халқии демократӣ, яъне ҳизби президент буд. Ва ҳам ҳизбҳое, ки дар порлумони нав ҷой гирифтанд, ҳама рӯ ба президент ҳастанд. Аслан баргузории чунин як интихобот ҳеҷ маъно надошт. Ба назарам, интихоботи порлумонӣ ба мо дар бораи шароити баргузории интихоботи президентӣ ишорае хоҳад кард. Дар ниҳоят бояд гуфт, ки ин як шоу буд, як тамрин буд. Ягон сирру асрор набуд, чунки ҳизбҳои воқеии мухолифин иштирок накарданд. Ҳизби наҳзати исломӣ мамнӯъ аст ва ҳатто танҳо ҳизби мухолиф -- сотсиал-демократ -- аз оғоз ҳеҷ шонс надошт”.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихоботи порлумониро эълон кард ва ҳамонгуна, ки интизор мерафт, ҳизби ҳокимро пирӯз эълон намуд. Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон бо тақрибан ним дарсади раъй ба порлумон роҳ наёфт ва раҳбаронаш гуфтанд, ки ин натиҷаро намепазиранд.

Бахтиёр Худоёрзода, раиси комиссия рӯзи 2-юми март дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз миёни беш аз 4 миллион раъйдиҳанда бештар аз нисфи онҳо ба тарафдории Ҳизби халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.

XS
SM
MD
LG