Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С.Камолов: "Шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалимро мешуд пешгирӣ кард"


Саиданвар Камолов
Саиданвар Камолов

Саиданвар Камолов мегӯяд, ки бахшҳои кашфи ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар бораи ошӯби Абдуҳалим Назарзода то андозае огаҳӣ доштанд бояд аз ин нооромӣ пешгирӣ мекарданд.

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик тағйироти ахири кадрӣ дар Вазорати дифоъ, бахусус иваз шудани муовини аввал ва муовинони вазирро ба ошӯби моҳи сентябри генерал Абдуҳалим Назарзода рабт доданд. Онҳо гуфтанд, ки ин ошӯб тавоноӣ ва касбияти муовинони, инак, барканоршудаи вазири дифоъро ба намоиш гузоштааст.

Рӯзи 24 ноябр раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини аввал ва муовинони вазири дифоъро якбора аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷои онҳо Эмомалӣ Собирзодаро муовини аввал, Абдулҳошим Ғуломзода, Асрор Латифзода ва Солеҳ Холзодаро муовинони вазири дифоъ таъин кард. Таҳлилгарон мегӯянд, раисиҷумҳур барои барканории муовинони вазири дифоъ ва раҳбарони баъзе аз раёсатҳои ин вазорат шояд далелҳоеро дар ихтиёр дорад ва ба хулосае расидааст, ки ин муовинон дар иҷрои вазифаи қонунии худ ё саҳлангорӣ кардаанд ва ё дар ғафлат мондаанд.

Саиданвар Камолов, генерали мустаъфии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, дар ғафлат мондан ё намондани кормандони ниҳодҳои қудратиро ба таври расмӣ тафтишот эълон хоҳад кард. Вале, ба қавли ӯ, “ин нукта рӯшан аст, ки дар ҳамаи ниҳодҳои интизомӣ бахшҳои кашф вуҷуд доранд ва онҳо дар бораи ошӯби Абдуҳалим Назарзода ва ҷонибдоронаш то андозае огаҳӣ доштанд ва бояд аз ин нооромӣ пешгирӣ мекарданд”.

Муовинони тозатаъини вазири дифои Тоҷикистон
Муовинони тозатаъини вазири дифои Тоҷикистон

Бо вуҷуди ин Саиданвар Камолов ба маҳорати ҳарбии артиши Тоҷикистон ва ниҳодҳои интизомии кишвар арзиши баланд қоил аст ва мегӯяд, “агар ниҳодҳои қудратӣ омодагии кофӣ ва тавононии низомӣ намедоштанд, ин ошӯбро дар муддати кӯтоҳ ва бо талафоти ками ҷонӣ фурӯ нишонданашон мушкил буд.” Камолов талошҳои Абдуҳалим Назарзодаро ошӯб, шӯриш ва ё табаддулот намешуморад, балки онро хиёнат ба Ватан ва ба Қонуни асосӣ медонад ва бо назардошти таҷрибаи кориаш дар ниҳоди амниятии Тоҷикистон мегӯяд, “гурӯҳи Назарзода пеш аз ҳама бояд террор мекард. Амалиёти террор қоидаҳои худро дорад ва он бидуни маблағгузорӣ аз хориҷ ва дохили кишвар имконнопазир аст. Вале ин амалиёт ба мақсад нарасид.”

Камолов ба пурсише, ки киҳо метавонистанд ҳадафи террори эҳтимолӣ бошанд, гуфт, ки “фикр мекунам, мақсад ва ғарази онҳо пеш аз ҳама сарвари давлат буд. Ин фикри шахсии ман аст. Ман 42 сол дар ниҳодҳои амниятӣ кор кардаам ва хулосаи ман ҳамин аст. Онҳо бо ин кор аввал бояд вазъиятро дар кишвар ноором мекарданд ва баъд аз паси барномаҳои дигари худ мешуданд.”

Камолов: Аз ошӯби Назарзода пешгирӣ кардан имкон дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим

Як таҳлилгари тоҷик, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, рӯйдодҳои моҳи сентябр ғайриҳирфаӣ будани се муовини вазири дифоъро нишон додааст. “Дар ҳамон рӯзи аввали оғози ошӯб генерал Абдуҳалим Назарзода ҳамзамон вазифаи иҷрокунандаи мақоми вазири дифои Тоҷикистон буд маҳз ҳангоми иҷрои ҳамин мақом, даст ба ошӯб зад. Муовинони дигар даступо хӯрданд ва то оғози ошӯб тасмим нагирифтанд. Ин ҳолат ғайриҳирфаӣ будани муовинонро нишон дод.”

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Ин таҳлилгар пешгӯӣ мекунад, ки чунин барканориҳо аввалин ва охирин нахоҳанд буд ва интизор меравад, ки то моҳи январ ҳадди ақалл ду мақоми дигари ниҳодҳои қудратӣ аз мансабҳояшон бираванд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, то ҳол дар Тоҷикистон ҳангоми интихоби кадрҳо, додани мақом ва ё рутбаҳои низомӣ бештар ба садоқату вафодории шахсӣ такя мешавад, на ба ҳирфаӣ будан ва ба маҳорату тавононии онҳо. Дар мавриди таъини муовинони нави вазири дифоъ ва маҳорати касбии онҳо низ мусоҳибони Радиои Озодӣ аз изҳори ақида худдорӣ карданд, бо вуҷуди он ки муовинони нав рутбаҳои баланди генералӣ доранд ва дар академияҳои низомӣ таҳсил дидаанд.

Субҳи 4 сентябр афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дартақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид.

Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд. Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд.

XS
SM
MD
LG