Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё тарҳи азим Осиёи Марказиро ба бозори муҳими энержӣ табдил медиҳад?


Брюс Панниер

Мақомот аз нӯҳ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ дар Тошканд созишеро имзо карданд, ки роҳро барои таъсиси бозори минтақавии энержӣ кушода, барои миллиардҳо сокини Аврупову Осиё хидмат мекунад. Вале комёбии ин тарҳ аз сармояҳои ҳангуфт, бовари ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои наздики миёни иштирокдоронаш вобаста аст, ки на ҳамеша бо ҳам робитаҳои хубу наздик доранд.

Охири моҳи сентябри имсол мақомоти вазоратҳои энержии Афғонистону Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар чаҳорчӯби Нишасти иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC) барои баррасии тавонмандиҳои содироти энержии Осиёи Марказӣ гирди ҳам омаданд. Яке аз ҳадафҳои муҳими барнома – интиқоли нирӯи барқ ба Афғонистону Покистон, Чин ва кишварҳои дигар ва ҳамчунин ифтитоҳи роҳҳои тиҷоратӣ ба самти Аврупо буд.

Дар эъломияе, ки дар поёни нишасти Тошканд нашр шуд, гуфта мешавад, ин барнома “минтақаро ба самти ислоҳоти босуръат аз роҳи бозори кушодаи энержӣ бо ширкати бахши азими хусусӣ ва сармояҳо роҳнамоӣ мекунад, роҳҳои иртиботӣ ва доду гирифти барқи миёни кишварҳоро афзоиш медиҳад ва ӯҳдадориҳои кишварҳоро барои кашфи захираҳои энержии таҷдидёбанда ва технологияҳои пок тақвият медиҳад”.

Бонки Осиёии Рушд барномаи CAREC-ро соли 2001 бо ҳадафи “эҷоди шабакаҳои бисёрсамтаи тиҷоратӣ, афзоиши тиҷорати барқ ва амният, мусоидат дар ҳаракати озоди мардум ва борҳо ва таҳияи пойгоҳе барои рушди долони иқтисодӣ” ба роҳ монд.

Пайванди хатҳои қадимӣ

Ин барнома махсус барои рушди инфрасохтории минтақаи ба истилоҳ Осиёи Дохилӣ (манзур – Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Шимолӣ, инчунин бахшҳое аз Муғулистон, Чини ғарбӣ ва шарқи Русия) эҷод шудааст. Ин тарҳ иртиботи миёни кишварҳои ҷойгир дар Осиёи дури шарқӣ, Аврупо ва Ховари Миёнаро таъмин карда, кишварҳои воқеъ дар Осиёи дохилиро аз назари табодули энержӣ ба ҳам наздик мекунад.

Муколамаи вазирони энержӣ як намунаи он аст, ки чӣ гуна кишварҳои воқеъ дар Осиёи дохилӣ ба ҳамдигар на аз ҷиҳати содироти маводи хом, балки аз назари таъминоти энержӣ мусоидат мекунанд.

Дар меҳвари бозори минтақавии энержӣ – Осиёи Марказӣ қарор дорад, ки бо захираҳои ғании нафту газ, уран ва тавонмандии истеҳсоли энергияи обу барқ маъруф аст. Вале барои ин кишварҳо хеле муҳим аст, ки мисли гузаштаҳо, бо ҳам иртиботи наздик дошта бошанд.

Ҳамаи ин панҷ кишвар давоми даҳсолаҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз як воҳиди энержии ягона истифода мекарданд. Таъминоти барқро дар саросари Осиёи Марказӣ фаъолияти 83 нирӯгоҳ таъмин мекард, ки аксарашон тавассути ангиштсанг кор мекарданд. Дар ин низоми воҳид Тошканд ба унвони тақсимкунандаи барқ хидмат мекард.

Ин низом бахусус барои кишварҳои кӯҳие ба мисли Қирғизистон ва Тоҷикистони ҳамсоя муҳим буд, ки аз захираҳои азими об баҳравар буда, манбаи муҳими обёрии заминҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳардуи ин кишварҳо аз иқтидори азим, вале то охир истифоданашудаи обу барқ бархӯрдоранд ва аз ин рӯ, дарёфти нирӯи барқ барои ин се кишвари Осиёи Марказӣ барои маишат ва кору тиҷорати мардуми Қирғизистону Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ба таъсиси панҷ давлати мустақил дар қаламрави Осиёи Марказӣ роҳ кушод, вале мушкилоти энержӣ ҳалношуда боқӣ монд. Истиқлол вобастагии энержии кишварҳоро аз ҳамдигар афзоиш дод.

Туркманистон соли 2003 аз Низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ берун шуд. Дар Тоҷикистон, ки зимистони соли 2009 нирӯи хеле зиёди энержӣ масраф кард, низоми энержӣ хароб шуд ва Узбекистон бебарқ монд. Иқдоми якҷонибаи Тоҷикистон боис ба коҳиши нирӯи барқ дар Қазоқистон шуд. Ҳукумати Узбекистон зуд эълон кард, ки ширкаташ дар низоми воҳиди энержиро қатъ мекунад. Берун шудани Узбекистон аз ин низоми воҳид амалан ба маънои хатми кори тамоми низоми энержии минтақа шуд.

Чунин вазъият кишварҳои Осиёи Марказиро водор кард, ки дар талоши таъмини мустақилонаи ниёзҳои энержии худ шаванд. Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон истеҳсоли дохилии ангиштсанг боло рафт. Дар Қирғизистон ин афзоиш аз 1,23 миллион тонна дар соли 2012 то 2,35 миллион тонна дар соли 2018 ва дар Тоҷикистон аз 412 ҳазор тонна дар соли 2012 то 450 ҳазор тонна дар чанд моҳи аввали соли 2019-ро ташкил дод.

2-юми сентябри соли 2016 мақомот дар Узбекистон хабар доданд, ки президент Ислом Каримов баъд аз 25 соли раёсатҷумҳурӣ даргузашт. Каримов як монеагузори асосии ҷараёнҳои ҳамгироӣ дар минтақа буд. Вале вориси ӯ – Шавкат Мирзиёев гуфт, ҳадафи аввалини ӯ ба унвони раҳбари Узбекистон – беҳбуд бахшидан ба равобити Тошканд бо ҳамсояҳои наздик мебошад. Баъд аз он гуфтугӯҳо барои азсаргирии кори низоми воҳиди энержӣ шурӯъ шуд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Моҳи апрели соли 2018 Тоҷикистон бори аввал дар нӯҳ соли охир ба интиқоли нирӯи барқ ба Узбекистони ҳамсоя оғоз кард. Моҳи ноябри соли 2018 Бонки Осиёии Рушд грантеро дар ҳаҷми 35 миллион доллар тақдим кард, ки ба Тоҷикистон дар барқарор кардани шабакаи энержиаш бо Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар Узбекистон мусоидат мекунад.

Чанд моҳ баъди ин ҳамин бонк гранти ёрии фаннӣ дар ҳаҷми 4,5 миллион долларро ҷудо кард, ки бар асоси он таҳқиқи имкониятҳои Туркманистон барои барқарории шабакаи воҳиди энержии минтақавӣ ва ҳам тавсеаи ин хатҳо то Афғонистон ба роҳ монда шуд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ояндаи наздик аз хатҳои барқе, ки дар замони Шӯравии собиқ сохта шудааст, вобаста хоҳанд буд.

Ҳоло чанд хатти барқи наве дар Осиёи Марказӣ эҷод шудааст, вале аксари онҳо барои бозори дохилӣ нигаронида шудаанд. Яке аз онҳо хатти барқи Датка-Кемин аст, ки соли 2015 бунёд шуда, ҷануби Қирғизистонро бо шимол мепайвандад. Дигар хатҳо аз Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба самти Афғонистон кашида шуд ва шояд рӯзе ба Покистон ҳам барои содироти энержӣ мусоидат мекунанд.

Созмонҳои молии байналмилалӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозсозиву барқарор кардани нирӯгоҳҳои барқии замони Шӯравӣ мусоидат мекунанд, дар ҳоле ки тамаркузи пойгоҳ ва хатҳои нави барқ ба содироти он дар бозори беруна нигаронида шудааст. Вале масъалаи ин ки ба чӣ зудӣ нирӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба бозорҳои минтақавӣ содир мешавад, аз вазъи амниятӣ ва молӣ дар Афғонистон бастагӣ дорад.

Дар як изҳороти Бонки Осиёии Рушд дар заминаи муколамаи вазирони энержӣ гуфта мешавад, ки “тавонмандии тавсеаи ин бозор аз сармояҳои ҳангуфт бастагӣ дорад, ки ихтисоси тахминан 400 миллиард долларро то соли 2030” дар назар мегирад. Аммо дарёфти ин маблағҳо барои иҷрои барномаҳое дар Осиёи дохилӣ чандон осон нахоҳад буд.

Бо ин вуҷуд, ки хатҳои барқи пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон вуҷуд доранд, бо сабаби ноамниҳо тамдиди онҳо то Покистон имкон надорад.

Истгоҳҳои барқе, ки дар ҷануби Узбекистону Тоҷикистон бунёд шудаанд, борҳо дар хоки Афғонистон хароб ва корношоям шудаанд. То замоне ки мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон идома мекунад, чанд тарҳи азими энержие, ки Осиёи Марказиро бо минтақа мепайвандад, дар ҳоли муаллақ боқӣ мемонад.

Мавқеи Туркманистон чист?

Ҳамзамон ширкати Туркманистон дар бозори азими энержӣ зери суол мемонад. Дар ҷаласаи Тошканд аксар ширкатдорон ба ин чиз таваҷҷӯҳ карданд, ки бо вуҷуди узвияташ дар CAREC, намояндаи ин кишвар дар нишасти Узбекистон ҳузур надошт.

Туркманистон дар талоши ин аст, ки барномаҳои ватании худро дар заминаи содироти гази табиӣ ба Афғонистон, Покистон, Ҳинд ва ҳам нирӯи барқаш ба Афғонистону эҳтимол Покистон мавриди иҷро қарор бидиҳад.

Вале то ҳол ҳеҷ аломате надодааст, ки барои ширкат дар низоми ягонаи энержии минтақаи Осиёи Марказӣ омода аст, ҳарчанд гуфтумонҳое буд, ки Туркманистон метавонад тавассути Узбекистон ба Қирғизистону Тоҷикистон барқ содир кунад.

CAREC як тарҳи фавқулодда баландпарвозона аст ва гумон аст, ки то соли 2030 тамоми ҳадафҳои дар нишасти Тошканд гузошташуда амалӣ шавад. Вале то ҳол ин тарҳ дар қаламрави минтақа тавонистааст корҳое анҷом бидиҳад, ки таъсиси шаш долон дар Осиёи Марказӣ яке аз онҳост. Маҳз ба хотири CAREC дар ояндаи наздик бозори энержӣ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи дохилӣ хеле тағйир хоҳад ёфт.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG