Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорзанон: Ин кор беҳтар аз дуздию танфурӯшӣ аст. САДО


Назди терминали мусофиркашонии маркази шаҳри Бохтар серодам аст. Вале ин ҷо макони таҷаммӯи на фақат мусофирон аст, ки бо нияти сафар ба навоҳии атрофи минтақа ҷамъ меоянд.

Ба мо гуфтанд, ки омада ройгон ҳунари пазандагӣ хонед, гуфтанд, ки кор пайдо мекунем, вале ман бояд ҳамин имрӯз ба хонавода кӯмак кунам. Модарам танҳо аст. Коре, ки мегӯянд, хуб аст, вале маошаш кам аст.

​Дар канори терминал аз соати чор то ҳашти субҳ бозорчае амал мекунад, ки дар асл ғайрирасмӣ аст. Ин бозор молу маҳсулот неву хидматрасониро ба муштариҳо пешкаш мекунад ва ин хадамотро занону духтарон анҷом медиҳанд. Ин ҷоро мардикорбозори занона меноманд, ки тахминан ду моҳ аст амал мекунад ва ҳамарӯза то 100 зани ҷӯёи кор ва синну соли мухталифро сарҷамъ меорад.

Ҳар яки онҳо омодаи анҷоми кори мухталиф ҳастанд: аз дегутабоқшӯиву хидмат дар маъракаи мардум, гилемшӯӣ ва поккории ҳавлӣ то анҷоми корҳои саҳро. Дар миёни онҳо гурӯҳҳои мухталифи бонувонро дидан мумкин аст – аз духтарони хонаи 18-сола то занони серфарзанди 45-50-сола.

Пешниҳоди мақомот ба бонувони мардикор

Бо фаъол шудани ин бозори худсар бархе мақомот ин ҳолатро хеле нангин ва шармовар хонданд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси занони интизори кор дар сари роҳ вокунишҳои зиёд ва манфӣ ба бор овард.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки роҳ додан ба чунин як падидаи барои ҷомеаи суннатии тоҷикӣ “ғайриахлоқӣ” дуруст нест ва дар фикри ислоҳи вазъ шуданд. Ахиран ходимони расмии Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба ин бонувон пешниҳод карданд, ки ба хотири беҳбуд додани вазъи иҷтимоии худ касби нав омӯзанд.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим

Пешниҳод аз таҳсил дар давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунари қаннодӣ, дӯзандагӣ ва кор бо компютер иборат буд, вале ин бонувон барои қабули пешниҳоди мақомот омода нашуданд.

Аксари онҳо мегӯянд, барои таҳсили касби нав вақт надоранд, чунки бояд имрӯз нони фарзандони худро таъмин кунанд. Илова ба ин, даромаде, ки аз ин кор ба даст меоранд, назар ба пешниҳоди кор дар сохторҳои расмӣ бештар аст.

Раҷабгул гуфт, дигар фурсат барои таҳсил надорад

Раҷабгул Бобоеваи 39-сола модари 5 фарзанд яке аз ин бонувон аст. Мегӯяд, вақте дар Тоҷикистон ҷанг шурӯъ шуд, ӯ аз таҳсилу касби ихтисос бенасиб монд, дар ҳамон шабурӯзи бесомониҳо издивоҷ кард, бо гузашти вақт модари серфарзанд шуд ва рӯзе шавҳараш ҳам аз хона рафт. Ҳоло дар ҳолате аст, ки бояд луқмаи нони ҳаррӯзаи фарзандонро таъмин кунад, захира ҳам надорад. Ин зан мегӯяд, ба умеди 20-30 сомонии кори ҳаррӯза ба мардикорбозор меояд. Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт:

"Қасам мехӯрам, ки наметонам барои хондан равам, чун душвор аст. Ман бояд пули иҷора диҳам, боз рӯзҳои сармо дар пеш аст, бояд ғами зимистонро хурам. Ба мо пешниҳод карданд, ки омада хонеду кор кунед, вале маошаш кам аст ва ман инро қабул карда наметавонам. Ҳар рӯз 20 ё 30 сомонӣ мегирем, вале як моҳ мунтазири маош буда наметонам. Чун маош кам аст дар ин корхонаҳо”.

​Ӯ гуфт, ҳар рӯз ҳадди аққал 50 то 60 зани дигар мисли ӯ бо умеди кору даромад ва эҳтиёҷи оҷил ба пул ба ин ҷо меоянд.

Раҷабгул Бобоева мегӯяд, ки аз моҳи апрел, бо оғози кишту кор дар саҳро бозори онҳо гарм мешавад ва то охири моҳи сентябр муштариёнашон боз кам мешаванд. Гуфт, ҳоло дар як хоҷагии кишоварзӣ дар ноҳияи Вахш ба тоза кардани замин ва нарм кардан банд аст. Ҳамроҳи ӯ 5 нафар зани дигар ҳаст, ки кӯдакони ноболиғашонро бо худ бурда онҷо кор мекунад. Ҳар яки ин занон бо корфармоҳои муваққатии худ шартномаи шифоҳӣ доранд. Муздашон вобаста ба кор аз то 30 сомонӣ аст ва таъмини ғизои якдафъаинаи гармро ҳам кордиҳанда ба дӯш мегирад.

Кордиҳанда: Раҳмам меояду ба ҷои мардон, ба занон кор пешниҳод мекунад

Ҳоҷавалӣ Кабиров, як марди хоҷагидор мегӯяд, ки нерӯи мардҳо барои кори кишоварзӣ хубтар аст, вале ӯ занонро ба он хотир интихоб мекунад, ки каме зиндагиашонро осон кунанд. Мегӯяд, занонро дар интизор кор дида раҳмаш меояд ва ба фикри фарзандони гуруснаашон мешаваду онҳоро ба кор ҷалб мекунад.

Ситора Камолова, духтари 18-сола яке аз духтарони ҷавонест, ки мегӯяд, мушкили пешбурди зиндагӣ ва талоши кӯмак ба модараш ӯро водор кард, ки ба ин ҷо биёяд. Падари Ситора ҳам онҳоро танҳо гузошта рафтааст. Ин духтари ҷавон мегӯяд, мисли дигар ҳамсолонаш ӯ ҳам таҳсил дар донишгоҳро орз мекунад, вале барои таҳсил на имконият дораду на пул:

"Ба мо гуфтанд, ки омада ройгон ҳунари пазандагӣ хонед, гуфтанд, ки кор пайдо мекунем, вале ман бояд ҳамин имрӯз ба хонавода кӯмак кунам. Модарам танҳо аст. Коре, ки мегӯянд, хуб аст, вале маошаш кам аст. Ман инро қабул карда наметавонам. Мо инҷо истода қариб ҳар рӯз 20 ё 30 сомонӣ мегирем. Зиндагиямон сангин аст, ҳар рӯз ба пул эҳтиёҷ дорем".

Айни замон, Ситора мегӯяд, ки кори ҳалолу сангинро авлотар аз танфурӯшию дуздию беҷогардӣ меҳисобад ва ӯ бовар дорад, ки фардо ҳеҷ касе ӯро дар кори ғайриахлоқӣ ба хотири як луқма нон муттаҳам карда наметавонад.

Гулизор, аз занони 40-сола, ки худро як дӯзанда меномад, ҳоло дар ҳавлии як кордиҳанда таппаккунию ҳезумҷамъкунӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, кори сангину начандон хушоянди таппаккунии воқеӣ аст, ба ӯ пул медиҳад ва ӯ вақт надорад, ки коромӯзӣ кунад:

"Дар кори давлатӣ бояд ҳар рӯз кор равӣ, ахири моҳ пул мегирӣ, ки кам аст. Корам ин ҷо хуб аст ва ҳаррӯза ҳақи корамро мегирам. Боз корфармо ба мошин манро ба хонааш мебараду меорад”.

Чолишҳои зани мардикор

Ин бонувон ба саволи ин ки то куҷо дар кори ғайрирасмиву кирояи худ бо рафтор ваё пешниҳоди ғайриахлоқӣ рӯбарӯ мешаванд, посухи рад доданд. Онҳо мегӯянд, ки ҳамаи онҳо аз як қишри нодор ҳастанд ва кордиҳанда ҳам ба онҳо ҳамчун нирӯи корӣ нигоҳ мекунад. Яке аз онҳо иқрор шуд, ки дар ин ду моҳи кораш бо кордиҳандаҳои бегона ва ношинос, дар зеҳнаш ҳамеша ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мабодо бо мушкили рафтори бад ваё хатарноке рӯбарӯ нашавад.

Вале ҳамеша ин андеша ӯро ором мекунад, ки назар ба ҷустуҷӯи кор дар хонаҳои мардум ва дар ба дар гаштан, ҳозир шуданаш дар мардикорбозор беҳтар аст. Корфармо медонад, ки коргарро дар куҷо ҷустуҷӯ кунад ва корҷӯ ҳам медонад, ки шонси пайдо кардани кор дар ин макон бештар аст.

Зиёдалӣ Насриддинов, як масъули Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шароити кори занони бозорчаи ғайрирасмии мардикорро хуб дарк мекунад. Ба иттилои ӯ, пешниҳоди онҳо дар бораи ҷалб шудани бонувон ба омӯзиши касбро аксарият ба ҷуз ду ё се нафар рад кардаанд:

"Ростӣ, чандин бор маслиҳат кардем. Мутаассифона, бештари онҳо намехоҳанд. (Кордиҳандагон) хӯрокашон медиҳанд, барои рӯзи кориашон пул медиҳанд, онҳоро ба мошин бурда меоранд. Намехоҳанд (дар дигар ҷой) кор кунанд. Шахсан аз корашон розӣ ҳастанд, мегӯяд, ки касбомӯзӣ намеравем. Мегӯянд, ки ду моҳ вақтамонро сарф намекунем. Мо мегӯем, ки дар як моҳ баробари омӯхтан 50 сомонӣ медиҳем, онҳо мегӯяд, ки ин пул чизе намешавад барои мо."

​Далели мақомот ин аст, ки аз роҳи ҳунаромӯзӣ барои ин қишри ниёзманди бонувон шароити кору даромадро дар дарозмуддат фароҳам оваранд, то ки аз роҳи касбу шуғли муайян тавонанд зиндагии худро бичархонанду кори сиёҳу камарзиш накунанд. Баъди музокирот бо бонувон, ҳамагӣ панҷ нафари онҳо кори фаррошӣ ва шуғломӯзиро пазируфтанд, вале боқимонда пешниҳоди омӯзиши ҳунари қаннодию дӯзандагиро рад карданд.

"Беҳтар аз кори танфурӯшӣ ё дуздию ҷиноят аст"

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон, ки масъалаи бекорӣ аз мушкилоти рақами як асту садҳо ҳазор мардон дар Русия дар ҷустуҷӯи кор мегарданд, вазъи занон, ба вижа занони танҳо дар дохил мушкил боқӣ мемонад. Мардикорбозори занон инъикоскунандаи вазъи бади иҷтимоии бисёр манотиқи кишвар мебошад. Саидҷаъфар Сафарзода, як таҳлилгари масоили иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар мегӯяд, бонувони мардикор аз ночорӣ ба бозор рӯ овардаанд ва касе ҳақ надорад, ки ин тасмими онҳоро интиқод ё маҳкум кунад. Ӯ гуфт:

"Беҳтар аз кори танфурӯшӣ ё дуздию ҷиноят аст. Ҳарчанд бозори меҳнати имрӯз бештар ба меҳнати фикрӣ ниёз дорад, вале занон баробари мардҳо аз нерӯи худ истифода мекунад. Дар вуҷуд омадани ҳолати бекории занон мардҳои собиқи онҳо низ гунаҳгор ҳастанд, чун танҳояшон мемонанд, ҳақ ё алимент намедиҳанд ва занон ночоранд илоҷи зиндагиро пайдо кунанд. Маоши ҳадди аққали давлат, ки кам аст, занон майли кор дар ин бахшро надоранд ва ба бахши хусусӣ рӯ меоранд”.

​Коршиносон мегӯянд, омори расмӣ воқеияти вазъи бекорӣ дар ҷомеаро пурра инъикос намекунад, чунки шаҳрвандон одат надоранд дар бораи вазъи иҷтимоиву иқтисодиашро ба сохторҳои дахлдор хабар диҳанд.

Тибқи маълумоти расмӣ дар Хатлон, аз беш аз 13 ҳазор занони бекори муроҷиаткарда ба мақомот, ба 7 ҳазору 140 нафар зан мақоми бекорӣ дода шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG