Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WB рукуди иқтисодиро пешбинӣ кард. Мақомот дар Тоҷикистон хушбинанд. САДО


Навбатпоии сокинон барои гирифтани амонатҳои худ аз бонкҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Навбатпоии сокинон барои гирифтани амонатҳои худ аз бонкҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank), иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 рушд намекунад, балки баръакс коҳиш ёфта, дар сатҳи ду дарсади зери сифр қарор мегирад. Ин нукта дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ зикр шудааст ва гузориш 8-уми июн бо номи "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон" нашр гардид. Вале бар асоси пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иқтисоди Тоҷикистон имсол рушди 5-дарсадӣ хоҳад дошт. Қаблан вазорат мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли 2020 ҳафтуним дарсад пешбинӣ карда буд.

Як мақоми Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 9-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "пешбиниҳои Бонки Ҷаҳонӣ "пессимистона" аст." Вай афзуд: "Ҳоло омори охирро мегирем, бахши кишоварзӣ ва саноату сохтмон рушд карда истодааст. Албатта, суръати рушд суст мешавад, вале на ба он сатҳе, ки Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст."

Ин рукуди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 бесобиқа аст. ​Аз соли 1997 иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд будааст ва аз соли 2010 инҷониб рушди 6-7-дарсадӣ дорад.

Имсол иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Ба гуфтаи коршиносон, зарбаи асосии коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон асосан аз ду самт мерасад:

  • интиқоли пули муҳоҷирон кам мешавад, ки даромади асосии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст;
  • имконияти содироти маҳсулоти полезӣ маҳдуд мешавад, чун бозори асосии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон Русия аст ва иқтисоди ин кишвар ҳам дучори рукуд шуда, талабот ба маҳсулоти воридотӣ кам мешавад.

Сергей Зоря, коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ доир ба кишоварзӣ, дар як нишасти онлайн дар ин робита гуфт: "Интиқоли пул бинобар пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ 30 дарсад кам мешавад. Беқурбшавии асъори миллӣ боис ба гарон шудани молу маҳсулоти воридотӣ мегардад. Ин ду омил ба кишварҳои воридкунанда зарбаи сахт мезанад, хусусан ба Тоҷикистон, ки 60 дарсади хӯроквориро аз хориҷ меорад".

Коршинос мегӯяд, ба фарқ аз саноат ва арсаи хидматрасонӣ кишоварзӣ дар аҳди коронавирус муҳаррики рушд мемонад ва дар сурати пешбурди сиёсати дуруст, рукуд дар соҳаҳои дигари иқтисодро метавонад ҷуброн намояд.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд низ рукуди иқтисод дар Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад, аммо ин созмон ба фарқ аз Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон соли ҷорӣ 1 дарсад коҳиш меёбад.

Бино ба пешбинии ин бонк, дар минтақаи Осиёи Миёна танҳо иқтисоди Узбекистон шоҳиди рушди андаки 1,5-дарсадӣ ва Туркманистон 1 дарсад хоҳанд шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон", ки 8-уми июн нашр шуд, гуфт, иқтисоди ҷаҳон соли 2020 дучури рукуди бесобиқае аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон мешавад. Ба арёзбии бонк, Маҷмӯи Маҳсулот дар ҷаҳон ва иқтисод 5,2 дарсад коҳиш меёбад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG