Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ аз тарҳи "Роғун" канорагирӣ мекунад, аммо шарт гузошта буд


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ба эҳтимоли зиёд ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" маблағгузорӣ намекунанд. Қаблан мақомоти Бонки миллӣ аз чандин созмонҳои молии ҷаҳонӣ хоста буданд то дар бунёди неругоҳи "Роғун" кӯмак кунанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ мегӯяд, созмонҳои молии ҷаҳонӣ бештар ба лоиҳаҳое сармоягузорӣ мекунанд, ки аз сифр шуруъ шуда бошанд. Ба гуфтаи Нуралиев, сохтмони неругоҳи "Роғун" аллакай ба марҳилаи муайян расидааст ва ташкилотҳои молии ҷаҳонӣ хеле тарҷибаи кам доранд, ки дар қисми миёнаи лоиҳа ба он шомил шаванд.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ аз мулоқоташ бо мақомоти Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи апрел ёдоварӣ карда гуфт, мавқеи Бонки ҷаҳонӣ рӯшан аст ва ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ барои бунёди неругоҳи "Роғун" маблағгузорӣ намекунад. Ин дар ҳолест, ки ба фарқ аз барномаҳои қаблияш дар Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи майи соли равон гуфт, акнун арсаи обу барқро яке аз авлавиятҳои кори худ дар ин кишвар қарор додааст.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, онҳо аз Бонки ҷаҳонӣ хостанд барои бунёди механизми содироти барқи "Роғун" ба хориҷа маблағгузорӣ кунанд. "Мо ҳамеша хоҳиш намудем, ки агар тавонанд, ин муҳимтар аст"-гуфт Нуралиев.

Аммо бино бар хабарҳои моҳи майи соли равон Бонки ҷаҳонӣ, ки дар 25 соли ҳамкорӣ ба Тоҷикистон 1 миллиарду 400 миллион доллар сармоя додааст, шеваҳои идомаи кори худро дар кишвар барои 5 соли оянда бознигарӣ кард ва се шартро дар миён гузошт. Инҳо: Рушди сармояи инсонӣ тавассути таъмини мардум бо оби поки ошомиданӣ, барқ ва фароҳам кардани шароит барои омӯзиши ҷавонон ва занон; Беҳтар кардани кори ниҳодҳои давлатӣ тавассути боло бурдани самаранокии соҳаҳои обу энержӣ; Рушди бахши хусусӣ, рушди имкониятҳои содиротӣ ва тақвияти ҳамгироӣ дар минтақа.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ аз ин шартҳо ва эҳтимоли рабт доштани онҳо ба худдории Бонки Ҷаҳонӣ аз кумак дар бунёди Роғун ёдовар нашуд.

Тоҷикистон то ба ҳол бештар бо маблағҳои худӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро давом медиҳад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз буҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст. Соли гузашта барои сохтмони "Роғун" кишвар 4,7 миллиард сомонӣ равона карда буд, ки аз он 3,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби будҷа ва боқӣ аз пули евробондҳо ба даст омада буд.

Кишвар тирамоҳи соли 2017 авроқи гаронбаҳо ва ё ба истилоҳ евробондҳоро ба маблағи 500 миллион доллар фурӯхт, ки ҳар сол 7,2 дарсад баҳраи он онро бояд бипардозад. Ин маблағ ба иловаи 24 миллиард сомонӣ пули будҷа то кунун харҷи сохтмони нерӯгоҳ шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ рӯзи 24-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, бақияи евробондҳо ҳоло боқӣ мондааст. Акнун сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ба марҳилаи бунёди сарбанди асосӣ ворид шуд, ки сармояҳои ҳангуфтеро тақозо дорад. Вале кишвар имкони аз буҷаи худ ҷудо кардани маблағи бештар аз инро надорад ва аз ин рӯ барои ҷалби сармояи бештар ба Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.

Ҷамолидди Нуралиев дар посух ба суоли онки оё Тоҷикистон барои идомаи "Роғун" евробонд мефурӯшад, гуфт, ҳангоми муайян шудани ҳаҷми маблағгузорӣ барои "Роғун" ва пешниҳоди масъала дар доираи имконот дида баромада мешавад. Бо ин ҳама Нуралиев, ки аз ҷониби Тоҷикистон евробонд мефурӯхт гуфт, ин таҷриба хеле муваффақона буд. Ба гуфтаи мақомоти Бонки миллӣ, феълан дар сохтмони "Роғун" ба ҷуз аз маблағи евронбондҳо дигар сармояи хориҷӣ нест.

Айни замон ду чархаи нерӯгоҳ насб шудааст, ки қарор аст бо пур шудани об дар обанбор ба қадри зарурӣ ба кор андохта шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи "Роғун" рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 фаъол шуд. Ду чархаи нахустини "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд.

Нерӯгоҳи "Роғун" 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамн вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.

Шарҳҳоро бинед (14)

XS
SM
MD
LG