Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаҳои Шумо дар соли 2013 чӣ аст?


Инсонҳо бо орзуву ниятҳо зиндагӣ мекунанд ва барои ояндаи худ нақша ва барномаҳоеро тарҳрезӣ менамоянд.

Дар остонаи соли нави мелодӣ, наворбардори “Озодӣ” ба раҳгузарони хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон бо суоли “Нақшаҳои Шумо дар соли 2013 чӣ аст?” муроҷиат кард ва посухҳои мухталифро дарёфт.

Яке ният дорад, дар ин сол китобе нашр ба расонад, ки шомили нигораҳои таърихӣ ҳаст ва мехоҳад бо ин кор ҷаҳониёнро ба таърихи миллати куҳанбунёди худ ошно созад.

Аз бахши дигари пурсидашудагон, ки донишҷӯён буданд, яке мехоҳад донишгоҳро ба поён бибараду соҳиби ҷойи кор шавад ва дигаре аз ин бештар баландпарвозиҳо дорад ва мехоҳад ба он сӯи уқёнус барои талаби илм биравад.

Мушкили рӯзгор ва ҳаёти иҷтимоӣ дар посухҳои бархе аз пурсидашудагон ҳувайдо буд ва яке орзу ва таманнои соҳиби хонаи худӣ шуданро дорад ва дигаре мехоҳад бо баргузории маросими арӯсии фарзандаш, ба нияти хеш бирасад.

Яке аз пурсидашудагон, ки зоҳиран солҳои зиёдеро дар муҳоҷират сипарӣ намудааст, орзуи онро дорад, ки дар ватани худ соҳиби кор шуда, дигар ба диёри ғурбат нараванд.

Аммо Шумо чӣ, корбарони азиз, дар соли 2013 чӣ нақшаву орзуҳо доред? Навори зерро бубинед ва назароти худро ҳам бинависед.

Дар соли 2013 чӣ нақшаҳо доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим

Дар соли 2013 чӣ нақшаҳо доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG