Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ шумори кушта ва захмиёни ҷанги Русия ва Украинаро беш аз 1 млн гуфт


Нашрияи “The Wall Street Journal” (WSJ) дар як гузориши худ навиштааст, ки шумораи умумии кушта ва захмиён миёни низомиёни Украина ва Русия аз оғози ҷанг дар моҳи феврали соли 2022 метавонад ба беш аз 1 миллион расида бошад.

Ин гузориш бар асоси омори ғайрирасмӣ, бахусус маълумоти созмонҳои истихборотии ғарбӣ таҳия шудааст.

WSJ теъдоди низомиёни кушташудаи украиниро дар ин ҷанг 80 ҳазор ва русиягиҳоро наздик ба 200 ҳазор номидааст. Ба иттилои нашрия, ҳамчунин ҳудуди 400 ҳазор низомии украинӣ ва 400 ҳазор низомии рус захмӣ шудааст.

Дар матлаб гуфта шудааст, ки талафоти зиёд барои артиши Русия мушкилзо хоҳад буд, вале барои Украина ҳам, ки аҳолии камтар дорад, ин рақамҳо паёмади хубе нахоҳад дошт.

Русия ва Украина талафоти худро дар ҷанг расман эълом намекунанд. Оморҳои нашршуда бар асоси рӯйхати кушташудаҳоест, ки гуруҳи таҳқиқотгарон ва ихтиёриён таҳия мекунанд.

Яке аз ин рӯйхатҳоро бахши русии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар якҷоягӣ бо расонаи “Медиазона” ва ихтиёриён таҳия кардааст, ки номи беш аз 69 ҳазор сарбози русро дар бармегирад.

XS
SM
MD
LG