Рифъат Султонов, як зодаи Тоҷикистон ва гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони ҳамсари тоҷири тотористонӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Қазон бурда шуд. Дар ин бора хабаргузории “Реальное время” иттилоъ додааст.
Мақомоти ҳифзи қонуни Русия гуфтанд, ки сӯиқасди фармоишӣ рӯзи 14-уми октябр рух дод. Рифъат Султонов - зодаи Тоҷикистон, ки зоҳиран шаҳрванди ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон аст, ба гуфтаи мақомоти Русия, ба Ирина Шевиреваи 34-сола дарафтода ба гарданаш чанд дафъа кор зада, ҳамон шаб ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки Рифъат Султонов дар ватанаш, яъне Тоҷикистон боздошт шуда, масъалаи истирдордаш дар ҳоли баррасӣ аст. Бино ба гузоришҳо, ӯро рӯзи 19-уми октябр барои посух додан дар назди қонун ба пойтахти Тотористони Русия – шаҳри Қазон бозпас фиристодаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин парванда чизе нагуфтаанд. Рифъат Султонов ягона гумонбар дар ин сӯиқасд нест ва дар робита ба парванда дар Тотористон шаш нафари дигарро низ боздошт кардаанд.
Дар миёни онҳо фармоишгарони эҳтимолии сӯиқасд - соҳибкор ва шавҳари ҷабрдида Иван Шевирев ва падарарӯсаш низ ҳастанд.
Баробар бо онҳо сардори хадамоти амниятии ширкати онҳо ва ду тоҷиктабори шаҳрванди Русия низ дастгир шудаанд. Нашрияи русизабони “Реальное время” гуфтааст, ки фармоишгарон барои анҷоми сӯиқасд ва қатли зан беш аз 5 миллион рубл подош ваъда кардаанд.
Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи ин парвандаи пурсарусадо таҳти назорати Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия ва яке аз сиёсатмадорони муҳоҷирситези Русия қарор дорад, ки аксар вақт муҳоҷиронро ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ муттаҳам мекунад, агарчи омори расмӣ дигар чизро нишон медиҳад.
Гуфтугӯ