Дар чанд ҷумла
Як мард дар Исроил мардумро бо корд захмӣ кардааст
Рӯзи 9-уми октябр як шахс бо корд ба сокинони шаҳри Хадераи Исроил ҳамла кардааст. Дар ин ҳодиса шаш кас маҷруҳ шудааст, ки аҳволи ду нафари онҳо вазнин гуфта мешавад. Ҳамлавар боздошт шудааст.
Ба навиштаи The Times of Israel, ҳамлавар бо дучарха дар кӯчаҳо мегашт ва дар назди мардум истода, бо корд ба бадани онҳо мезад. Баъди исти чорум, яке аз сокинон, ки мусаллаҳ буд, марди ҳамлаварро паронд.
Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ин нафар Аҳмад Ҷабарин, шаҳрванди 36-солаи араби Исроил аст.
Дар остонаи солгарди ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба Исроил чунин ҳамлаҳо дар чанд шаҳри Исроил сабт шуд. Аз ҷумла рӯзи 6-уми октябр шахси мусаллаҳ ба сӯи сокинони дар шаҳри Беэр-Шеваи Исроил ҳамла кард. Дар ин ҳодиса як нафар кушта шуда, дастикам нуҳ кас маҷруҳ шудааст.
Пеш аз он рӯзи 1-уми октябр ду мард ба як вагони серодам дар истгоҳе дар шаҳри Тел Авив, пойтахти Исроил ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса ҳафт исроилӣ кушта шуд. "Ҳамос" масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш гирифт. “Ҳамос” аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Бозиҳои зимистона ин бор ҳам бе варзишгарони тоҷик мегузарад
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ин дафъа ҳам бе ширкати варзишгарони тоҷик мегузарад. Онҳо бори охир дар чунин мусобиқаи муҳим бори охир соли 2014 ва дар Русия ҳузур доштанд. Мақомот сабабҳои роҳхат нагирифтани лижаронҳоро аз Тоҷикистон номбар карданд.
Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзи 5-уми феврал гуфт: “Барои ҳамаи мову шумо аён аст: инфарасохтор, имконият, база. Мо якто бошгоҳи зимистона дорем ва як мактаби варзишӣ. Вале тибқи талаботи байнулмилалӣ ҷавобгӯ нестанд."
Дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – ба роҳ монда шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ шомил аст.
Чаҳор варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои интихобӣ дар лижаронии кӯҳӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2026 талош карда, вале натавонистаанд меъёрҳои олимпиро иҷро кунанд.
Гулаҳмадзода гуфт: "Аз ҳисоби тоҷикон дар Русия ва ҷойҳои дигар се варзишгар ёфтем, ҳамкорӣ кардем, вале натиҷаҳояшон ба дараҷаи гирифтани холҳои даркорӣ нарасид. Хеле умед доштем, вале... дар ин ҷабҳа моро мебояд, ки кор кунем."
Дар ҳоле ки мақомот аз камбуди пойгоҳу инфрасохтор мегӯянд, баъзе аз коршиносони варзишӣ пешниҳодҳои худро доранд.
"Масалан, барои футбол аз кишварҳои дигар мутахассис даъват мекунанд, барои он ки таҷрибаву малакаашон бештар аст. Нигоҳашон дигар. Дар Аврупо кор мекунанд. Барои ба натиҷа расидан хеле душвор аст, лекин барои ақаллан як меъёрро иҷро кардан, 1 ё 2 нафарро сафарбар кардан даркор. Бо мутахассисон, мураббиён шартномаи корӣ банданд, машқ кунанд," – гуфт коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев.
Дар дувоздаҳ соли охир бори сеюм аст, ки варзишгарони тоҷик аз ширкат дар Бозиҳои зимистона маҳрум мемонанд.
Олимпиадаи зимистонаи соли 2018 дар Кореяи Ҷанубӣ ва соли 2022 дар Чин низ бе ширкати намояндагони Тоҷикистон гузашта буд.
Ба Тоҷикистон барои нерӯгоҳи "Роғун" $100 миллион медиҳанд
Ба Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар ҷудо мешавад. Дар ин бора рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Дубай миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд созишнома ба имзо расидааст.
Бар асоси ин санад, 100 миллион доллар барои сохтмони "Роғун" пешбинӣ шудааст. Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри хабар гуфтааст, "ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" мебошад".
Ҷузъиёти созишнома ошкор нашудааст. Маълум нест, ки Бунёди Абузабӣ оид ба Рушд кай ва бо кадом шартҳо барои нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион доллар медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.
Соли 2024 Бонки ҷаҳонӣ барои "Роғун" 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.
Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.
Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.
Марги мармузи як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳ
Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар боздоштгоҳи Идораи пулиси ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Фирдавс Кожевникови 20-сола 9-уми январи имсол бо гумони "такроран дуздӣ кардан" дастгир шуда, рӯзи 16-уми январ ба таври мармуз ҷон бохтааст. Хабар тоза дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ, "Кожевников бо ҳадафи гурез аз ҷавобгарии ҷиноӣ бо банди сарпӯши либосаш худро ба дор овехтааст".
Мақомот ҳодисаро расман шарҳ надодаанд ва назари пайвандони Фирдавс дар бораи қазия маълум нест.
Тибқи меъёр, бо чунин либос нигаҳ доштани гумонбарон ба ҷиноят дар тавқифгоҳ манъ аст ва ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ нигаҳбонон низ "барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаи хидматиашон айбдор дониста мешаванд".
Марги гумонбарон дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Ҳукумати Тоҷикистон ба сабаби бадрафторӣ ва шиканҷаи гумонбарон дар боздоштгоҳҳо бисёр вақт танқид шунидааст.
Аз ҷумла, Созмони Милал дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон маъмурони интизомӣ барои ҳосил кардани эътирофи гуноҳ, боздоштшудагонро шиканҷа мекунанд ва додгоҳҳо низ ин эътирофҳои беасосро ба инобат мегиранд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва аҳдномаҳои байнулмилалист.
Писари Муаммар Қаззофӣ дар ғарби Либия кушта шудааст
Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия, дар наздикии шаҳри Зинтон, дар ғарби ин кишвар кушта шудааст. Вай 53 сол дошт.
Додситонии Либия рӯзи 4-уми феврал гуфтааст, куштори Сайф-ул-Исломро тафтиш мекунад ва талош барои ёфтани гумонзадҳо идома дорад.
Дар изҳороти Додситонии Либия гуфта шудааст, ки писари Қаззофӣ аз зарби тир ҷон дод.
Вакили мудофеи Сайф-ул-Ислом ба хабаргузории "Франс-Пресс" гуфтааст, эҳтимол ӯро "гурӯҳи чорнафарии номаълум" куштааст, ки "рӯзи сешанбе ба хонааш дар Зинтон ҳамла карда буд".
Муаммар Қаззофӣ, раҳбари пешини Либия, соли 2011 ва баъд аз сарнагунии ҳукуматаш, дар ҳоле ки фирорӣ шуда буд, ба дасти нерӯҳои инқилоб кушта шуд.
Пас аз он, писараш Сайф-ул-Исломро бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи шаҳрвандон дастгир ва ба қатл маҳкум карданд. Соли 2017 хабар расид, ки Қазоффии хурдӣ озод шудааст.
Вай дар соли 2021 номзадии худро барои президентӣ дар Либия эълон кард, аммо интихобот ба таъхир уфтод.
Ҳалокати 21 кас дар зарбаҳои нави Исроил ба Ғазза
Бар асари зарбаҳои Исроил ба Ғазза камаш 21 кас кушта ва бештар аз сӣ нафар захмӣ шудааст.
Хабаргузории dpa-и Олмон навишт, ки ҳодиса рӯзи 4-уми феврал иттифоқ уфтод.
Ба гузориши ниҳодҳои зери назорати Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони фаластинии "Ҳамос"-ро террористӣ медонанд дар Ғазза, дар миёни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Артиши Исроил мегӯяд, пас аз он ки фаластиниҳо ба сӯйи сарбозони исроилӣ тир заданд, дар шимоли Ғазза чанд ҳамла анҷом дод. Дар ин ҳодиса як сарбози исроилӣ сахт захмӣ шудааст.
Санҷидани дурустии иддаои ду тараф ба таври мустақил имконпазир нест.
Аз моҳи октябри соли 2025 миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрикову Аврупо созмони террористӣ медонанд, оташбас амал мекунад, вале ҷонибҳо ҳамвора якдигарро ба поймоли шартҳои он гунаҳкор мекунанд.
Тоҷикистон қасд дорад ба Белгия муҳоҷири корӣ фиристад
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои бештар кардани роҳҳои муҳоҷират, бо 15 кишвар тақрибан чиҳил ҳуҷҷат имзо кардаанд.
Аз ҷумла, бо Белгия, Чин ва Туркияву Ҷопон санади ҳамкорӣ оид ба муҳоҷират имзо шудааст.
Мақомоти Вазорати меҳнат рӯзи сеюми феврал аз имзои ёддошти тафоҳум бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Идораи муҳоҷирати Белгия хабар доданд.
Санади мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба кишварҳои БЕНИЛЮКС - Белгия, Нидерландия ва Люксембург муҳоҷири корӣ фиристад. Бар асоси ин санад муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамчунин 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қатар бо кор таъмин шудаанд ва Ҷумҳурии Корея соли 2025 барои 800 муҳоҷири корӣ квота ё роҳхат пешниҳод кардааст.
Вазъи бади муҳоҷирон дар Русия дар солҳои охир мақомот ва сокинонро дар фикри ҷустуҷӯ ва ёфтани макони нави кору зиндагӣ андохтааст.
Нерӯи корӣ як манбаи муҳими даромад дар Тоҷикистон аст ва бо вуҷуди сиёсати сахтгиронаи муҳоҷирати Русия ва ронда шудани ҳазорон муҳоҷир, дар ҳоли ҳозир ин кишвар ҳамчунон як макони асосӣ барои кору зиндагии тоҷикон боқӣ мондааст.
Дар метрои Маскав телефонҳои мусофиронро месанҷанд
Дар метрои Маскав телефонҳои мобилии мусофиронро ба таври интихобӣ тафтиш хоҳанд кард. Ин кор дар асоси фармони Вазорати нақлиёти Русия аз 4-уми феврали соли 2025 роҳандозӣ мешудааст.
Хабаргузории РБК бо истинод ба хадамоти матбуотии метрополитени Маскав гуфтааст, ки телефонҳои мобилии мусофирон дар сурати пеш омадани зарурат ва бо ҳадафҳои амниятӣ санҷида мешаванд.
Бар асоси дастури Вазорати нақлиёт, маъмурони пулис ё кормандони метро ҳақ доранд аз мусофирон телефон талаб карда, онро фаъол кунанд ва корашро бисанҷанд.
Соҳибони телефонҳои мобилиро барои саркашӣ аз додани телефони худ ҷарима намекунанд, аммо пулис ҳақ доштааст, ки онҳоро ба метро роҳ надиҳанд.
"Интерфакс" хабар додааст, ки дар даромадгоҳи истгоҳҳои метрои Маскав мисли Санкт-Петербург санҷиши телефонҳо оғоз шудааст.
Ин тасмим дар ҳолест, ки тайи солҳои охир дар нақлиёти ҷамъиятии Русия чораҳои амниятӣ шадидтар шуда, баҳсҳои зиёдеро дар мавриди дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ба миён овардааст.
Таъсиси хазинаи филизоти нодиру серхаридор дар Амрико
Таъсиси захираи филизоти нодир бо сармояи 12 миллиард доллар дар Амрико арзиши саҳмияи ширкатҳои истихроҷи маъданро дар бозори бурс якбора боло бурд.
Ин сармоягузориро охирин талоши Вашингтон медонанд, ки барои пешгирӣ аз он чизе, ки мақомдорон онро “дасткории Чин дар нархи маъдани литиум, никел, металҳои нодир ва дигар маъданҳои муҳим” меноманд, равона шудааст.
Боло рафтани нархи ин металҳои нодир солҳо боз монеи рушди ширкатҳои истихроҷи маъдан дар Амрико шудааст. Саҳмияҳои ду ширкати амрикоӣ, аз ҷумла “Минералҳои нодири Амрико”, ки кораш истихроҷи ин навъи филизот аст, аз 7 то 16 дар сад дар як рӯз боло рафт.
Маъданҳои нодир барои истеҳсоли абзорҳои электронӣ, аз мошини барқӣ то аслиҳаи пешрафта, зарур аст.
Хабаргузории Блумберг, ки бори аввал хабари тарҳро нашр кард, навиштааст, ки Бонки содироту воридоти ИМА ширкатҳои истихроҷи металу маъданҳои нодирро 10 миллиард долллар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Ҳадаф харидорӣ ва захира кардани маъдану металҳои нодир барои истеҳсоли мошин, ширкатҳои технологӣ ва дигар корхонаҳои саноатии Амрико мебошад.
Моҳи гузашта як гурӯҳ аз Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Конгресси Амрико тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки таъсиси захираи маъданҳои муҳимро ба маблағи 2,5 миллиард доллар пешбинӣ мекунад. Ин иқдом бо ҳадафи муътадил гардонидани нархҳо дар бозор ва ҳавасмандгардонии истихроҷу коркарди маъдан дар дохил рӯи даст гирифта шудааст.
Тарма ду қитъаи роҳро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бастааст
Ҳаракат дар яке аз шоҳроҳҳои муҳими Тоҷикистон, ки шимоли кишварро ба шаҳри Душанбе мепайвандад, тайи ду ҳафтаи охир ба душвории зиёд печидааст.
Барфи зиёде, ки аз охири моҳи январ меборад, сабаби фаромадани баҳманҳо ё тармаҳои хурду бузурге шудааст, ки роҳи Душанбе-Чаноқро барои соатҳо мебанданд ё ҳаракатро дар он бисёр сахт мекунанд.
Ширкати IRS, мутасаддии нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, рӯзи 3-юми феврал гуфт, тарма ду қитъаи роҳро бастааст ва поккорӣ идома дорад.
Роҳи Душанбе-Чаноқ шаҳри Душанберо бо вилояти Суғд мепайвандад ва як роҳи пурпечутоби кӯҳӣ ва айни замон муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Рӯзона аз он ҳазорон мошин ва садҳо тонна молу маҳсулот мегузарад ва қатъи равуо дар он ва таъхир дар расонидани молу коло зиёни иқтисодии зиёде ҳам мерасонад.
Мавридҳои зери барф мондану ҳалок шудани мусофирон ҳам дида шудааст. Рӯзи якуми январ дар ҳамин роҳ ва дар ноҳияи Варзоб ду нозири роҳ зери тарма монда ҷон бохтанд.
Дар ҳамин ҳол ҳавошиносони тоҷик ҳушдор додаанд, ки рӯзҳои 4 ва 5-уми феврал дар роҳи Душанбе-Чаноқ хатари фаромадани баҳман ё тарма вуҷуд дорад ва аз мардум хостаанд, зимни ҳаракат ва сафар дар ин минтақаҳо эҳтиёткор бошанд.
Навор дар Инстаграм:
Бритониё даҳ мақом ва як ниҳоди амниятии Эронро таҳрим кард
Бритониё рӯзи дуюми феврал даҳ нафар ва як ниҳоди амниятии давлатии Эронро дар феҳристи таҳримҳои худ қарор дод.
Тибқи эълони расмии ҳукумати Бритониё, таҳримҳои нави ин кишвар фармондеҳони интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон ва бархе аз афродро бинобар "нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар" ҳадаф қарор медиҳад.
Ин афрод аз ҷумла ба саркӯби озодиҳои баён ва гирдиҳамоиҳои осоишта муттаҳам мешаванд.
Дар феҳристи ин таҳримҳо, Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилӣ ва Бобаки Занҷонӣ, сармоядор ва тоҷири эронӣ низ шомил ҳастанд.
Тибқи ин таҳримҳо, дороиҳои ин афрод масдуд мешавад ва онҳо аз ҳаққи сафар маҳрум ҳастанд.
Бритониё пештар ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи нақзи ҳуқуқи башар, таҳримҳо алайҳи Эронро сахттар мекунад.
Се мансабдори тоҷик барои нақзи қонуни танзим ҷарима шудаанд
Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон се мансабдорро барои вайрон кардани қонуни танзими ҷашну маросим ҷарима кардаанд. Маблағи ҷарима ва номи мақомдорон ифшо нашудааст.
Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъанаи Тоҷикистон рӯзи дуюми феврал дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфтанд, дар маҷмӯъ дар соли 2025 1268 сокини кишвар барои поймол кардани муқаррароти қонуни танзим муҷозот шудаанд.
Ин афродро, ки бар хилофи қонун, ҷашни бошукӯҳе баргузор кардаанд ва ё масалан "оши худоӣ" додаанд, дар умум бештар аз 11 миллион сомонӣ ҷарима кардаанд.
Барои нақзи қонуни танзим аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (беш аз 800 доллар) то 216 ҳазор сомонӣ, муодили бист ҳазор доллар, ҷарима карда мешавад. Барои шахсони мансабдор маблағи ҷарима аз 780 то 117 ҳазор сомони муайян шудааст. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, мансабдорон барои вайрон кардани қонуни танзим метавонанд аз мақом барканор шаванд.
Масъулони Кумитаи дин дар гузашта гуфта буданд, ки мансабдорон роҳи фирор аз ин ҳолатро ёфтаанд ва баъзе аз онҳо аз тарси қонуни танзим ва расонаӣ шудани номашон, ҷашну маъракаи хонаводагии худро ба номи наздиконашон сабт ва барпо мекардаанд.
Як корманди “Душанбе Сити Бонк”-ро 14 сол зиндонӣ кардаанд
Додгоҳи ноҳияи Ашт як корманди “Душанбе Сити Бонк”-ро ба тасарруфи садҳо ҳазор доллари ин бонк гунаҳкор дониста, ҷазои сахт додааст.
Дар баёнияи расмӣ гуфта шудааст, ки яке аз инкассаторҳо дар камтар аз як ҳафта, яъне аз 25-уми июн то 30-юми июни соли 2025, бештар аз се миллиону 250 ҳазор сомонӣ ё бештар аз 270 ҳазор доллари бонкро зоҳиран барои муомила ва гирифтани суд дар биржаҳои “Универсал трейдинг” ва “Крантон груп” истифода кардаву аз даст додааст.
Додгоҳи ноҳияи Ашт аз ин корманди бонк М.Ҷ.З. ном бурда, гуфтааст, ӯ бо ин “кирдори худ ба “Душанбе сити бонк” зарари махсусан калони моддӣ расонид.”
Дар муҳокима, ки рӯзи 16-уми январи имсол сурат гирифтааст, корманди акнун собиқи бонкро барои аз худ кардани пули бонк ба 14 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардаанд.
Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест.
Баъд аз раҳоӣ ин ҷавони 32-сола ҳақ надорад, то 5 сол дар ягон муассисаи молӣ ва ё бонк кор кунад.
Дар бораи ифтитоҳи парванда ба зидди ин ҷавон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи июли соли 2025 хабар дода, гуфта буд, ки ӯ аз терминалҳои ноҳияи Ашт се миллиону ҳафтод ҳазор сомонии нақдро гирифта, на ба ҳисоби “Душанбе Сити Бонк”, балки ба ҳисоби худ гузаронда, ба бонк зарари бузурги молӣ расонидааст.
Афзоиши нархи об ва хидматрасониҳои дигар дар Тоҷикистон
Нархи об ва хидматрасониҳои дигари коммуналӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст.
Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ рӯзи 2-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, аз якуми январ нархи об ва хадамоти дигар барои мардум 15 ва корхонаҳо 30 дарсад афзуд.
Ба иттилои Ҷамшед Табарзода, арзиши як метри мукааб об барои аҳолӣ, ки 1 сомониву 30 дирам буд, акнун ба 1 сомониву 50 дирам расидааст.
Барои касоне, ки дастгоҳи ҳисоби об надоранд, арзиши об барои ҳар узви оила (аз 6-моҳа боло) ба ҳисоби миёна 8 сомониву 10 дирам таъйин шудааст.
Боло рафтани нархи об дар ҳолест, ки бахше аз сокинони Тоҷикистон аз мушкили дастрасӣ ба об нигаронӣ доранд. Сокинон дар бисёре аз деҳаҳо маҷбуранд, аз дурии чанд километр ба хонаашон об кашонанд ва ё аз мошинҳо об харанд.
Мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли мушкили об дар ҷаҳон ба Созмони Милал пешниҳодҳо фиристода, дар Душанбе чанд нишасти бузург гузаронидаанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол беш аз 30 дарсади аҳолӣ дар дохили кишвар ба оби ошомиданӣ таъмин набудаанд.
Ҳамлаҳои Русия дар Украина ҷони 17 танро гирифт
Мақомот дар Украина мегӯянд, ки рӯзи якуми феврал дастикам 17 нафар дар ду ҳамлаи ҷудогонаи Русия дар минтақаи Днепропетровск дар ҷануби Украина кушта шуданд.
Ба гуфтаи мақомот, 15 нафар пас аз он кушта шуданд, ки як паҳбоди русӣ дар наздикии як автобус дар минтақаи Павлоград бархӯрд.
Ду нафари дигар бар асари бархӯрди як паҳбод ба як хонаи шахсӣ дар маркази Днепропетровск кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаи Русия ба як зоишгоҳ дар шаҳри Запороже дастикам шаш нафар захмӣ шуданд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле аст, ки интизор меравад даври нави гуфтугӯҳо байни Киев ва Маскав дар ҳафтаи ҷорӣ оғоз шавад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфтааст, ки ин даври гуфтугӯҳо рӯзҳои 4-5 январ дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор хоҳад шуд.
Ихроҷи зиёда аз 600 донишҷӯи тоҷик аз Русия
Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷикро аз Русия ихроҷ кардаанд. Ба гуфтаи Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ин донишҷӯёни рондашуда дар донишгоҳҳои кишвар таҳсилро давом доданд.
Лутфия Абдулхолиқзода охири ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, моҳи ноябри соли 2025 дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик аз Русия баррасӣ шуд ва иҷозаи бозгашти 730 донишҷӯ ба даст омад.
Инҳо донишҷӯёне будаанд, ки давоми ду соли ахир аз Русия ихроҷ шуда буданд. Лутфия Абдулхолиқзода гуфт, онҳо ба Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод карданд, ки нишон медиҳад, 730 донишҷӯ беасос хориҷ шудаанд. Баъди ин ба гуфтаи муовини вазир, Русия гуфтааст, 730 нафарро қабул мекунанд, вале аллакай қисми зиёди ин донишҷӯён "нахостанд ба Русия баргарданд".
Солҳои ахир шикоят аз мушкил шудани вуруди донишҷӯён ба ҳудуди Русия зиёд шудааст. Аксаран донишҷӯёни тоҷик ҳангоми бозгашт аз таътил ба Русия ё марзро гузашта наметавонистанд ё ба донишгоҳ роҳ намеёфтанд. Мақомоти кишвар гуфта буданд, Русия сабаби рондани донишҷӯёнро шарҳ намедиҳад.