Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз беронанда то гӯшти сунъӣ: Чанд кашфиёти соли 2013


Беронандае, ки Google сохтааст
Беронандае, ки Google сохтааст

Дар соли 2013 аз кашфиёте бо номи “Заррачаи худоӣ” то бозёфти косахонаи сари одами аҳди бостон, аз мошинҳои беронанда то парвариши гӯшти лабораторӣ дар сархати хабарҳои илмии сол қарор гирифтанд.

Навовариҳо дар саноеи мошинсозиро ба ду бахш мешавад тақсим кард. Яке ихтирои мошинҳои беронанда ва якеи дигар мошинҳое, ки ба ҷои сӯхти нафтӣ, яъне бензин, сӯхти обиро истифода истифода мекунанд.

Мошинҳои беронанда инқилобе дар бахши нақлиёт мебошанд, ки ҳам аз вақт ва ҳам аз сӯхт сарфаҷӯӣ ба амал меояд. Ин мошинҳо аз ҳодисаҳои нақлиётӣ пешгирӣ мекунанд ва инсониятро водор мекунанд, ки нақшаҳои роҳсозиро ба он мутобиқ кунанд. Бартарии дигари беронандаҳо ин аст, ки одамони беҳаракату маълул ва солманд хеле роҳат метавонанд дар сафарҳои худ аз ин мошинҳо истифода кунанд. Гузашта аз ин, чунин мошинҳо барои одамони маст ё шаробӣ низ муносиб аст.

Чанд кашфиёти илмии соли 2013
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:22 0:00
Линки мустақим

Беронандаҳо ҳамчунин аз паиҳам ҷамъ шудани мошинҳо дар як ҷой дар роҳҳо пешгирӣ мекунанд, суръати ҳаракатро худашон муайян ва фосилаи байни мошинҳоро нигоҳ медоранд. Ларрӣ Пейҷ - мудири иҷроии Google, ки бештар рӯи ихтирои мошинҳои беронанда ё беронандаҳо кор мекунад, мегӯяд: “Тассавур мекунед, беронанда ҳаёти моро тағир медиҳад. Фазову замини сабз бештар, ҷойҳо барои гузоштани мошинҳо камтар, рафту омад бештар, ҳодисаҳои нақлиётӣ камтар, вақти холӣ бештар мешавад ва мо паси фармони мошин камтар вақтамонро талаф мекунем. Тасаввур кунед, як амрикоии оддӣ рӯзе 50 дақиқаашро беҳуда паси фармон мегузаронад. Тасаввур кунед, шумо ин вақтро барои корҳои дигар сарф мекунед”.

Беронандаҳоро то ҳол коршиносон имтиҳон кардаанд. Вале онҳо мегӯянд, ки то мавриди истифодаи ҳамагонӣ қарор гирифтани чунин мошинҳо беш аз даҳ соли дигар лозим аст.

Мошини дигар, ки ба ҷои бензин ҳидрогенро барои сӯхт истифода мекунад, низ аз навовариҳои илмӣ ба шумор меравад.Ҳидроген аз обу ҳаво таркиб ёфтааст ва дар таҷҳизоте, ки дар мошин гузошта мешавад, ҳидроген пурра месӯзад ва ба ҳаво ба ҷуз аз буғ ё бухори об ҳеҷ олудаи дигареро ихроҷ намекунад. Ҳоло марказҳои ҳидрогенгирӣ мисли марказҳои бензингирӣ фаровон нест ва сохтмони он ҳам сармояи зиёд мехоҳад, вале ин мошинҳо нисбат ба мошинҳои барқӣ зудтар тағзия мешаванд.

Кореяи Ҷанубӣ мошини хурди ҳидрогении Hyundai-ро бо номи мухаффафи SUV ихтироъ кардааст ва интизор меравад, ки ин мошинҳо соли оянда дар Калифорнияи Амрико ба бозор оянд. Ин мошинҳо ҳар моҳ ба арзиши 499 доллар ба иҷора дода мешаванд. Иҷораи солонаи онҳо 3 000 доллар хоҳад буд. Ширкати Hyundai қавл додааст, ки арзиши сӯхти ҳидрогенӣ ва нигоҳубини ин навъ мошинҳоро бар ӯҳда мегирад. Ширкатҳои Honda ва Toyota-и Ҷопон низ қасд доранд, соли 2015 чунин мошинҳоро ба бозор дароранд.

Ҷон Схонвалд ҳангоми чашидани бургер аз гӯшти сунъӣ
Ҷон Схонвалд ҳангоми чашидани бургер аз гӯшти сунъӣ
Навоварии дигари сол парвариши гӯшти лабораторист. Дар Ҳолланд аз ҳуҷайраҳои гов дар шароити лабратвор як бургери 332 000 долларӣ парвариш карданд. Ин бургерро моҳи август дар конфронсе дар Лондон пухтанд ва истеъмол карданд. Яке аз ду нафар чошнигирон Ҷон Схонвалд буд, ки бештар дар бораи ғизоҳо менависад. Вай гуфт, ки таъми он комилан фарқ мекунад: “Дар даҳон таъми гӯштро эҳсос мекунед. Чизе намерасад, шояд чарбӣ бошад. Вақти газидан одам таъми ҳамбургери маъмулиро ба ёд меорад.”

Барои парвариши ҳайвонот чарогоҳҳои зиёд лозим аст. Вале тавлиди гӯшти лабораторӣ ба чарогоҳ зарурат надорад ва ба муҳит низ таъсире намегузорад. Аммо донишмандон намегӯянд, ки оё ин навъи гӯшти сохта барои саломатӣ муфид аст ва дар оянда ба фурӯш гузошта хоҳад шуд ё на?

Бозёфти дигари соли 2013 косахонаи сари инсон дар Гурҷистон дар маҳалли бостоншиносии Дманисӣ ба шумор меравад. Ин косахонаи сар барои он таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро ҷалб кард, ки он ба марҳилаҳои барвақтии аҳди чаҳоруми замин тааллуқ дорад ва онро дар бостоншиносӣ аҳди Плейстосен ном мебаранд. Дар он замон инсон ё Ҳомо марҳилаи гузорро тай мекард, марҳилаи гузор аз ҳайвон ё маймун ба одамро.

Давид Лордкипанидзе ва ҳамкорони вай аз осорхонаи миллии Гурҷистон мегӯянд, ки ин косахона ба ҳамон марҳила тааллуқ дорад. Нишонаҳои вижаи косахона ин аст, ки ҷой барои мағзи сар хурд, вале тарҳи рӯй васеътар аст. То ҳол дар илми бостоншиносӣ ё инсоншиносӣ чунин намуна вуҷуд надошт.

Ихтироъи дигари сол дубора ба по хезондани ҳайвонотест, ки мурдаанд. Баъзе аз донишмандон мегӯянд, ки чунин имкон вуҷуд дорад ва онҳо таҳқиқотро дар ин самт идома медиҳанд. Масалан, ба ақидаи онҳо, агар коди мӯйи мамонт пайдо шавад, аз ин мӯй ҳуҷайраҳои онҳоро эҳё ва ин навъи азбайнрафтаи вуҳушро дубора эҳё мекунанд.

Моҳи май донишмандони рус эълон карданд, ки онҳо хуни мамонти модаро дар қишри поёнии яхҳои Арктик дар ҷазираи Ляховский кашф кардаанд, ки ба 10 000 соли пеш тааллуқ дорад. Ба гуфтаи онҳо, ҷасади ин фил дар яхбандон хуб ҳифз шудааст.
XS
SM
MD
LG