Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент киро бояд афв кунад? ВИДЕО


Ёқуб Салимов
Ёқуб Салимов

Ёқуб Салимов – вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон – дар як нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон хостори қабули Қонуни афв дар остонаи таҷлил аз 20-солагии хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи сулҳ шудааст. Ӯ рӯзи 6-уми июн бо нашри муроҷиатнома дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, "пешниҳод дорам, ки дар арафаи таҷлили 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон боз як афви умумӣ баргузор шавад."

Ман дар зиндон ҳолату бардоштҳои зиндониёнро, ки бисёриашон нофаҳмида ба бозиҳои пасипардагии ашхоси манфиатҷӯ гирифтор шудаанд, амиқан дарк намудам.

Ӯ гуфтааст, «бовар дорам, ин пешниҳод аз ҷониби Шумо, ки бо бахшиданҳову сиёсати сулҳпарваронаатон машҳури ҷаҳон гаштаед, мавриди марҳамат қарор мегирад». Ёқуб Салимов гуфтааст, ин пешниҳодро ба унвони нафаре мекунад, ки дар “барқарории сулҳу субот дар кишвар то ҷое саҳмгузор” аст.

Дар зимн, ӯ бо шарҳи ин пешниҳод, 13 сол ҳабси худро “дасисаҳои гуруҳҳои фурсатталаб” хонда, худро “қурбонии сиёсатбозиҳои беинсофона” номидааст. Аммо гуфтааст, дар зиндон ӯ ба воқеиятҳои ҷомеа бештар ошно шуд: “Ин муддат барои шинохти воқеиятҳо ва

муҳокимаву хулосабарориҳои рухдодҳои гузашта басанда буд. Инчунин, ман дар зиндон ҳолату бардоштҳои зиндониёнро, ки бисёриашон нофаҳмида ба бозиҳои пасипардагии ашхоси манфиатҷӯ гирифтор шудаанд, амиқан дарк намудам. Бояд инро ҳам иқрор шуд, ки на ҳама дар маҳбас бо гуноҳи исботшуда қарор доранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки бо парвандаҳои сохтаву беасос пушти панҷара афтодаанд. Аз ҳамин хотир, фикр мекунам, як афви дигари умумӣ сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии Шумо, барои ҷомеаи дохил ва хориҷи кишвар возеҳтар менамояд ва барои гумроҳон низ дари зиндагии воқеиро мекушояд”.

Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 6-уми июн гуфтанд, ки эълони афви умумӣ кори як ё дурӯза нест. Онҳо гуфтанд, тарҳи қонуни афв ҳадди ақалл ду моҳ пеш аз ягон сана ё маъракаи муҳими Тоҷикистон баррасӣ ва дастрас мешавад.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол дар мавриди қонуни “Афви умумӣ” санаде ба порлумон ворид нашудааст. “Тибқи Коститутсияи Тоҷикистон пешниҳоди лоиҳаи Қонун “Дар бораи афви умумӣ” ҳуқуқи истисноии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. На вакилони Маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон ва на ҳукумати Тоҷикистон чунин ҳақро надоранд. То ҳол аз президент дар ин замина ба Маҷлиси намояндагон лоиҳае ворид нашудааст”, - афзуд ӯ.

Зимнан, худи Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, моҳи июни соли 2016 дар пайи татбиқи Қонуни афв аз зиндон озод шуд.

Мухотаби Ёқуб Салимов кист?

Дар ҳоле, ки худи муаллифи даъвати қабули қонуни афв рӯзи 6 июн дастнорас буд ва ба қавли писараш "дар сафари Маскав" қарор дошт, бархе коршиносону афроди наздик ба вазири собиқи дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Ёқуб Салимов барои сабук шудани ҳукми даҳҳо дигар афроди ширкатдор дар рӯйдодҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистон, аз ҷумла бархе ҳамсангаронаш аз "Фронти халқӣ" талош дорад.

“Мухотаби Ёқуб Салимов аз озодии зиндониён ҳамаи намояндагони ҷонибҳои даргир дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Зеро ин муроҷиат дар остонаи 20-умин солгарди поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ мунташир шудааст. Салимов хуб огоҳ шудааст, ки ин афрод пас аз афвҳои умумӣ ба далели мутобиқ шуда натавонистан ба ҳаёти осоишта қурбони бозиҳои пасипардагии сиёсӣ шудаанд”.

Вале ба эътимоди Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, ки аз Ёқуб Салимов шинохти хуб дорад, манзури ӯ бештар нафаронест, ки дар сафи "Фронти халқӣ" барои барқарори сохти конститутсионии Тоҷикистон меҷангиданд. Вай гуфт:

“Ёқуб худаш 14 сол дар зиндонҳои Русия ва Тоҷикистон нишаста, берун шудааст ва аз тамоми ҳоли он бандиҳо хабар дорад. Ба назари ман, Ёқуб бештар ҷангиёни Фронти халқиро дар назар дорад, ки замоне аз қумандонҳои маъруфи он буд ва ҳамон вақт ҳукумати конститутсиониро барқарор карда буданд. Аз касе ҳам пӯшида нест, ки аксари намояндагони ин Фронт дар зиндонҳо маҳбус ҳастанд.

Намегӯям, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд. Онҳо гуноҳҳое содир кардаанд, аммо дар ҳама давру замон нафароне, ки ба пирӯзӣ ё худ ғалабаи як ҷониб ба як ҷониби дигар баромадаанд, аз имтиёзҳо бархӯрдор ҳастанд. Фикр мекунам, агар намояндаҳои Фронти халқӣ, он нафароне, ки Ёқуб онҳоро дар назар дорад, афв ҳам шаванд, дар оянда стиумле мешаванд, ки дар ин шаби гирудорҳои ҷаҳон бо терроризм метавонанд, аз ҳукумат пуштибонӣ кунанд. Бо ҳама гуноҳе, ки содир кардаанд, мантиқан бингарем, онҳо ҷонибдори давлат ва ҳукумати дунявӣ буданд”.

Аммо Сайёфи Мизроб мегӯяд, ба андешаи ӯ агар афве бахшида ба сулҳ шавад, бояд ҳарду ҷониби дар гузашта даргир, ки дар зиндонҳо ҳастанд, бахшида ва ё ҳукми зиндонашон камтар шавад.

"Андешаи худи ман ин аст, ки агар бахшида ба созишномаи сулҳ афв сурат бигирад, ҷангиёни ҳарду ҷониб афв бигиранд. Онҳое, ки дар ҷанг буданд ва онҳое, ки дар сулҳ мусоидат карданд. Ин бор бояд афве шавад, ки ба ҷангиёни Фронти халқӣ ва ҷониби мухолиф пешбинӣ шуда бошад. Чунин афв фикр мекунам, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул мешавад”.

Зимнан, дар солҳои 2004 ва 2006 чанд тан аз чеҳраҳои саршиноси неруҳои мухолифони пешин ва Фронти халқӣ тақрибан ба айбномаҳои мушобеҳ боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Дар солҳои 2004-2006 чандин нафар аз ширкатдорони собиқи чанги дохилӣ аз ҳарду ҷониби ҷанг, аз ҷумла Ғаффор Мирзоев - собиқ фармондеҳи Гарди президентӣ ва Маҳмадрӯзӣ Искандаров - собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон равонаи зиндон шуданд.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров
Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Ғаффор Мирзоев, соли 2004 боздошт шуда буд, ду сол баъдаш бар асоси 28 ммоддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, терроризм, қатл, кӯшиши табадуллоти низомӣ ва нигоҳдории силоҳ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Суди Олии Тоҷикистон Искандаровро барои, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терорристӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Дар қатори онҳо чандин нафарони дигар низ барои содир кардани ҷиноят пушти панҷара рафтаанд ва бархе аз онҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ва бидуни афв зиндонӣ шудаанд.

Даъват ба афви дигарон баъди як соли озодии Салимов

Ёқуб Салимов, яке аз фармондеҳони саршиноси Фронти халқӣ дар соли 2005 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон бо айби "бандитизм", "хиёнат ба ватан", "нигоҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб" ба понздаҳ соли зиндон маҳкум шуд. Дар пайи татбиқи қонуни афв дар соли 2011, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазои ӯ кам гардид.

Он замон коршиносон гуфта буданд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ ба мухолифон талош дорад аз ҳамсафони неруманди худ низ раҳоӣ ёбад ва аз рақбони эҳтимолии худ дар қудрат халос шавад.

Баъди боздошту зиндонӣ шуданаш Ёқуб Салимов аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш маҳрум гардидааст.

Ёқуб Салимов яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқӣ буд, ки баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар соли 1992, ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1997 Ёқуб Салимов президент Раҳмонро аз як ҳамла дар Хуҷанд наҷот дод ва муддатҳо дар доираи афроди бонуфузи Тоҷикистони баъд аз низоъ буд. Ӯ соли аз 1992 то 1997 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан намояндаи кишвар дар Туркия буд. Баъди боздошту зиндонӣ шуданаш Ёқуб Салимов аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш маҳрум гардидааст.

Навори нахустин аз Ёқуб Салимов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:15 0:00

XS
SM
MD
LG