Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳир Ашӯров: "Ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия таҷовузгаранду бас"


Тоҳир Ашӯров, рӯҳонии ҷавони тоҷик
Тоҳир Ашӯров, рӯҳонии ҷавони тоҷик

Як рӯҳонии ҷавони тоҷик бо афроде, ки худро дар Сурия “муҷоҳид” мехонанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вориди баҳс шудааст ва мегӯяд, ин "ҷиҳодиҳо" аз Ислом бӯе набурдаанд.

Як ҷавони рӯҳонии муқими Кӯлоб мегӯяд, ҷавонони тоҷике, ки худро дар Сурия “муҷоҳид” мехонанд, дониши амиқи динӣ надоранд ва дар баҳсҳои воқеии исломӣ ноком мешаванд.

Тоҳир Ашӯров, ин рӯҳонии ҷавон, ки худро ҳамсоя ва ҳамсоли Нусрат Назаров, нафарест, ки худро пешвои ҷиҳодиёни тоҷик дар Сурия мехонад, мегӯяд, пас аз тамошои навор ва баҳс бо нафарони бо ном “ҷиҳодӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хулосае омадааст, ки онҳо комилан аз ҳақиқати Ислом дур буда, маълумоти таҳрифшудае дар бораи ояҳои Қуръону асли ин китоби муқаддас доранд.

Ин ҷавон, ки Донишгоҳи олии исломиро дар Арабистони Саудӣ хатм кардааст, мегӯяд, аз сӯҳбатҳои Нусрат Назарови ҳаммаҳаллааш бармеояд, ки “ӯ ҳатто дониши ибтидоии исломӣ надорад”.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, бар асоси фармудаҳои Худованд, ин ҷавонони тоҷике, ки дар Сурия меҷанганд, “таҷовузкоре беш нестанд”.

Ӯ гуфт: “Албатта, ин ҷиҳод нест, чунки Худованд Аллоҳу субҳона ва таъоло дар сураи Моида, ояти 32 мефармояд, ки “ҳар ки касеро ба қасди фасод, яъне роҳзанӣ дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро як ҷо кушад ва ҳарки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумонро як ҷо зинда сохта бошад”. Дар ин ҷо Худованд ба таври равшан қотилонро сарзаниш кардааст. Ин ҷавонони мо ба тафсири дурусти оятҳои Қуръон таҷовузкоранд, на муҷоҳид, ки яқинан Худованд барояшон дӯзах ваъда додааст, на биҳишт”.

Тоҳир Ашуров, ин ҷавони рӯҳонӣ мегӯяд, замоне дар баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин ҷавонони бо ном “муҷоҳид” далел оварда мешуд, онҳо бо ҷаҳл ба дашному ҳақорат мегузаштанд.

“Дашному ҳақорат ва таҳдид нишонаи заъфи онҳост. Онҳо аз Ислом бӯе набурдаанд. Мисли фиттае ҳастанд, ки дар майнаашон чанд оятро бо тафсири дурӯғ ҷой додаанд. Диски майнаи онҳо ҳамин қадар ҷой доштааст ва дигар чизеро қабул карда наметавонанд.”

Ин ҷавон аз Нусрат Назаров ёд меорад, ки то замони нопадид шуданаш аз Кӯлоб як истеъмолкунандаи маводи мухаддир буд ва ҳарфе аз Ислом назди ягон уламои исломӣ наомӯхтааст. Тоҳир мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин ҷавонони ба ном “ҷиҳодӣ” сӯҳбат карда, ҳатто гуфтааст, ин ҷиҳод тафсир шудани кори онҳоро уламои машҳури ислом қабул накардаанд.

“Мегӯям, ки Шайх Фавзон Ри Фавзон, ки яке аз узви ҳайати уламои мамлакати Арабистони Саудӣ ҳаст ё Шайх Абдулазизи Роҷиҳӣ, Шайх Абдулмуҳсини Аббос, ки инҳоро олами араб гӯш меандозад, бо гӯшҳои худам шунидам ва бо чашмам дидам, ҳатто дар баъзе наворҳо гуфтанд, ки дар Сурия ҷиҳод нест, балки як фитнае ҳаст. Аз ҷумла Машҳур гуфтанӣ яке аз олимони бузурги араб, ки сокини давлати Урдун аст гуфта буд: Валлоҳ қасам агар дар Сурия ҷиҳод бошад, ман якум одамам, ки ба ҷиҳод меравам.»

Тоҳир Ашӯров мегӯяд, ҳоло ҳамсару се фарзанди Нусрат Назарови “ҷиҳодӣ” дар Кӯлоб зиндагии сахте дорад. Ӯ мегӯяд: “Нусрат дар баҳсҳои интернетӣ бар ин ақида ҳаст, ки барои ҳифзу ҳимояи кӯдакони мусалмон ба Сурия рафтааст. Тасаввур кунед, ки ин кас барои ҳимояи кӯдакони дигарон ба Сурия рафтааст, аммо кӯдакони худашро ин ҷо кӣ ҳифз мекунад? Нусрат як ҷавоби аблаҳона, ки худаш ҳам сарфаҳмаш намеравад, ба ин савол дорад. Мегӯяд, кӯдакони маро Худо ҳифз мекунад. Дуруст, ки Худованд ҳамаи моро ҳифз мекунад. Аммо Нусрат намеандешад, ки он Худованди бузург чаро танҳо кӯдакони ӯро ҳифз мекардаасту кӯдакони Сурияро не ва бояд онҳоро Нусрат ҳифз кунад. Аз ин мантиқ бигирем, наузанбиллоҳ, Нусрат худашро кӣ мегирад?”

Тоҳир Ашӯров дар ҳоле ин ҳарфҳоро мегӯяд, ки ба гуфтаи худ давоми се моҳи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасии бо ном ҷиҳодиҳои тоҷик дар Сурияро пайгирӣ дошта, сари чанд маврид бо онҳо вориди мукотиба шудааст. Ӯ мутмаин аст, ки “ҷавонони тоҷик бо васвасаи шайтон ба Сурия рафтаанд ва худ нофаҳмида, хизматгори давлатҳои абарақудратанд. Давлатҳое, ки аз ҷанги мусалмонон дар кишварҳои арабӣ сармоя ҷамъ мекунанд.”

Мухотаби ин ҷавон ҳам аслан Нусрат Назаров буд, ки бо изҳори назарҳои видеоиаш аз Сурия маъруф шудааст. Ҳамчунин ҳафтаи гузашта се ҷавони тоҷик аз ҳамдиёрони худ, ки дар гурӯҳҳои дигари тундрав амал мекунанд, хостаанд, ки “Давлати исломӣ” бипавайванданд. Яке аз онҳо, ки ба фарқ аз дуи дигар рӯяшро пӯшондааст, иддао дорад, ки наворро дар Ироқ забт кардааст. Ин навор 26-уми ноябр, зери номи “Даъвати муҷоҳидини тоҷик аз Нуробод- Самсолиқ” нашр шуд ва нотиқи он мегӯяд: “Даъвати мо аз муҷоҳиддини “Ансоруллоҳ” аз Тоҷикистон, “Ҷундуллоҳ” аз Узбакистон ва “Толибон” аз Афғонистон ин аст, ки кибрро як тараф гузошта, бо давлат-ул-исломӣ байъат кунанд.”

Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон ва рӯҳониёни бонфузуи он ширкати ҷавононро дар ҷангҳои Ироқу Сурия шадидан танқид мекунанд ва ҷангҳои ДИИШ-ро ҷиҳод намешуморанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар пайи муайян кардани афроде ҳастанд, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд ва гуфтаанд, агар ин афрод ҷинояти сахт содир накардаанд, бо бозгашт ба ватан мавриди авф қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG