Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари чоргоникҳо: Хушбахттар аз ман дар ин дунё касе нест (ВИДЕО)


Муовини сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ шахсан ба аёдати Гулшан омад
Муовини сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ шахсан ба аёдати Гулшан омад

Табибони зоишгоҳи рақами 3-и пойтахт мегӯянд, барои бори аввал дар таърихи ин бемористон кӯдакони чоргоник чунин сиҳату саломат ба дунё омаданд.

Таваллуди чаҳоргоник дар Тоҷикистон хеле камсобиқа аст ва ғолибан дар таҷриба чунин кӯдакон то таваллуд мефавтидаанд. Ҳамакнун барои нахустин бор ин хушбахтӣ насиби як модари 26-сола шуд, ки тавонист ҳамаи 4 кӯдакашро зиндаву солим ба оғӯш бигирад.

Гулшан Маҷнуноваи 26-сола, ки баъди панҷ соли таваллуди нахустфарзанд хеле сахт мунтазири фарзанди дувумаш буд, рӯзи 30 январ дар зоишгоҳи рақами 3-юми пойтахт, барои писари чорсолааш якбора се хоҳару як бародар таваллуд кард.

Навзодон қабл аз мӯҳлат ва тавассути ҷарроҳӣ гирифта шудаанд, аммо Гулшан модари чоргоник, рӯзи 5 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сиҳатии вай ва фарзандонаш хуб аст. Азбаски шири модар ҳамаи ин 4 кӯдакро қонеъ намекунад, ба онҳо ҳамзамон шири сунъӣ ҳам медиҳанд.

Гулшан Маҷнунова афзуд: “Ҳло аз ман хушбахттар касе дар ин дунё нест. Ман танҳо орзуи сиҳату саломат таваллуд кардани онҳоро доштам. Якеаш якуним кило, дуюмӣ - як килову 60 грамм, духтари савумӣ як килою 80 грамм ва писарча ду килограмму дусад грамм таваллуд шуд. Ҳоло онҳо дар зери назорати табибон ҳастанд, ҳар рӯз рафта мебинам, онҳоро сер мекунам. ”

Рӯзи 5 феврал барои табрики ин хонавода аз номи президент, як ҳайати ҳукуматӣ бо сарварии Марҳабо Ҷабборӣ, муовини сарвазир, Лола Бобоҳоҷиева, муовини вазири тандурустӣ ва раҳбарони Кумитаи кор бо занону бахши тандурустии шаҳр ба таваллудхонаи рақами 3 рафтанд. Марҳабо Ҷабборӣ дастури президент дар бораи тақдими як хонаи сеҳуҷрагиро ба ин хонавода расонид. Ба гуфтаи вай, раисиҷумҳур рӯзи панҷуми феврал супориш додааст, ки ба ин хонавода як манзил бо тамоми ҷиҳози рӯзгор тақдим шавад.

Гулшан Маҷнунова
Гулшан Маҷнунова

Марҳабо Ҷабборӣ баъд аз тақдими гул ба модари кӯдакон, таваллуди ин чоргоникро як рӯйдоди хуб барои кишвар хонд ва гуфт: "Тамоми чораҳоро меандешем, ки кӯдакон сиҳату саломат ва таҳти назорати давлат бошанд, чун онҳо чаҳор нафаранд, нигоҳубини онҳо каме мушкил аст. Рост омадани таваллуди чоргоник ба рӯзҳое, ки дар кишвар "Соли оила" эълон шудааст, ва дар шароите, ки мо аз проблемаҳои азҳампошии оилаҳо ва камраг шудани нақши оила сӯҳбат мекунем, ин рӯйдод воқеан падидаи хубе аст ва барои пойдории оилаҳову таваҷҷӯҳи бештар ба модарони ҷавон муосидат хоҳад кард."

Чаҳоргоник дар як хонаводаи миёнаҳоли шаҳри Душанбе ба дунё омад, ки дар маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Сино зиндагӣ мекунанд. Падари навзодон феълан ҷойи кори муайяне надоштааст. Аҳлиддин Маҷнунов, бобои ин чаҳоргоник дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски даврони ҳомилагии духтараш вазнин мегузашт, онҳо, ҳанӯз ду моҳ пеш Гулшанро дар бемористон бистарӣ карданд: “Вақте ҳомиладор шуд, бо модараш ба духтур рафт, зимни ташхис муайян шудааст, ки дар батнаш 4 кӯдак дорад, аммо духтар ба ин бовар намекунад дуюмбора ташхис мекунад, ки боз ҳамон ҳолат. Хулоса, ҳоло дар фикри интихоби ном ҳастем, шояд тибқи ҳамин расму оинҳои бобоӣ, ин чоргоникро Тоҳиру Зӯҳро ва Хадиҷаву Кибриё ном гузорем.”

Аммо бобои чаҳоргоник мегӯяд, ин номҳои эҳтимолист ва шояд бо маслиҳати, ба гуфтаи ӯ, бузургон, тағйир ёбад. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, таваллуди дугоник дар авлоди онҳо мушоҳида нашуда буд. Аммо дар оилаи падари навзодон, ҳодисаи таваллуди сегоник будааст.

Мастибегим Назарбекова
Мастибегим Назарбекова

Мастибегим Назарбекова, табиби таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт, ки Гулшанро ҷарроҳӣ кардааст, мегӯяд, як омили таваллуди сегонику чаҳоргоник ирсӣ аст, вале дар баъзе ҳолатҳо истеъмоли доруву давоҳои гормоналӣ барои табобати безурётӣ ҳам ҳам метавонад ба ин сабаб шавад.

Хонум Назарбекова мегӯяд, чунин ҳомиладориҳо мушкиланд ва дар хеле кам ҳолатҳо чаҳор нафар аз як батн метавонанд солиму зинда таваллуд шаванд: “Бисёр вақт ингуна кӯдакон 8-моҳа ё баъди 35 ҳафта дар батн мефавтанд, вале шукри Худо, ин навзодон сиҳату саломат ба дунё омаданд. Рӯзи 30-юми январ соати 3-и шаб, дар навбатдории ман Гулшан каме худро бад ҳис кард, азбаски дар батн чоргоник дошт, мо ҷарроҳӣ кардем, хуб гузашт. Ҳар чаҳорашон бе кислород хобанд, шир мехӯранд ва ин ҳам аз шаҳодат медиҳад, ки кӯдакон солиманд. Дар ҳамин таҷрибаи зоишгоҳи мо ин сеюмин ҳодиса аст, ки модар бо 4 фарзанд дар батн муроҷиат мекунад, аммо дар гузашта кӯдакон мефавтиданд.”

Як модари 26-сола чоргоник таваллуд кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Ба гуфтаи масъулин, дар Тоҷикистон ҳар сол то 2-3 ҳодисаи таваллуди сегоник сабт мешавад, аммо таваллуди бомуваффақияти чоргоник дар ин кишвар камсобиқа будааст. Бархе аз хонаводаҳое ҳам, ки якбора соҳиби 3 фарзанд шудаанд, аз давлат ваъдаи манзилро гирифта буданд.

Соли 2007 Салима Раҳимова ҳам бо ба дунё овардани ду писару як духтар дар сархати хабарҳо қарор гирифт. Он замон ин хонавода аз шаҳрдорӣ ваъдаи хона гирифтаанд, аммо дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ дар поёни соли 2014 Салима гуфт, ҳанӯз ҳам онҳо иҷоранишинанд ва манзили ваъдагиро ҳукумат то ҳол ба онҳо надодааст.

Аммо Гулшан Маҷнунова, модар чоргоникҳо, ки дигар дар ин “сабқат” аз Салима пеш гузаштаву қаҳрамони ҳодисаи то андозае ғайримаъмулӣ дар Тоҷикистон шудааст, аз худи президент ваъдаи хона гирифт ва умед дорад, 5 фарзанди худро дар хонаи нав ва бо кӯмаки давлат ба воя бирасонад.

XS
SM
MD
LG