Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ёвон: Гӯшмоли омӯзгор сабаби худкушии Саидакбар набуд


Ду моҳ баъди таҳқиқ ва муҳокимаи судии қазияи мармузи худкушии ноболиғе дар Ёвон, додгоҳи маҳаллӣ гуфт, ки омӯзгорро намешавад барои “то худкушӣ расонидани” шогирди мактаб гуҳангор кард. Ба ин тартиб, сабаби худкушии ноболиғ нокушода монд.

Мурофиаи додгоҳие, ки моҳи июл ба анҷом расид, Наврӯз Садиров, омӯзгори 34-солаи мактаби рақами 62-и деҳаи Сариқамишро аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғон" ва ҳам “иҷрои коре, ки ба талаботи бехатарӣ... ҷавоб намедиҳад” (моддаи 209, қ. 1) гунаҳгор эълон кард.

Як соли маҳрумият аз ҳақи кори омӯзгорӣ

Бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Ёвон, ки матни қарори он рӯзи 17 июл

Бархе аз хонандаҳои мактаб ва сокинони деҳа он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки маҳз баъди "гӯшмол ва сарзаниш"-и омӯзгор Саидакбар қасд ба ҷони худ кард.

дастрасӣ Радиои Озодӣ шуд, муаллими фанни таърих ва ҳуқуқ дар давоми як соли баъдӣ ҳақи кор ба ҳайси омӯзгорро надорад бояд ба фоидаи давлат дар ҳаҷми 7,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кунад. Ба ин тартиб, додгоҳ ба хулосае омад, ки Садиров наметавонист ба таври мустақим сабабгори худкушии Саидакбар Мӯсоев шавад.

Хабари марги ноболиғ рӯзи 18 маи соли ҷорӣ наздикону мактабиёнро дар ноҳияи Ёвон таконзада кард. Бархе аз хонандаҳои мактаб ва сокинони деҳа он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки маҳз баъди "гӯшмол ва сарзаниш"-и омӯзгор Саидакбар қасд ба ҷони худ кард.

Гуноҳи мустақими омӯзгор дар худкушии ноболиғ тасдиқ нашуд

Вале як мақоми додгоҳи ноҳияи Ёвон, ки бо сабаби надоштани ҳақи сӯҳбат бо матбуот исмаш нашр намешавад, бар асоси қарори суд гуфт, ки гуноҳи мустақими омӯзгор дар ин қазия ошкор нашуд. Дар дарси таърих баъди беинтизомии Саидакбар Мӯсоев омӯзгор ӯро шаппотӣ зада гӯшмол карда аз дарс пеш кардааст. Вале баъдан наврас аз омӯзгор бахшиш пурсида дар соати сеюми дарс ба синф баргаштааст. Ҳодисаи марги наврас баъди ин рух дод.

“Додгоҳ инро ҳам ба назар гирифт, ки зиндонӣ шудани омӯзгор бар зарари буҷаи давлат аст. Пардохти ҷарима, ки ба фонди нафақа ирсол мешавад, беҳтар аст, чунки ин маблағ ба фоидаи бознишастаҳо меравад”, – гуфт як масъули додгоҳи ноҳияи Ёвон ба Радиои Озодӣ.

Худи омӯзгор ҳам дар мурофиа ва ҳам дар ҷараёни бозпурсӣ тасдиқ кардааст, ки барои халал расондан ба дарс Саидакбар Мӯсоевро “гӯшмол” дод ва аз синф берун намуд.

Шояд Саидакбар аз сарзаниш тарсид?

Афроди огоҳ аз ин парванда бар ин андешаанд, ки эҳтимол хонанда аз тарси он, ки барои ин амалаш дар мактаб ва ранҷондани омӯзгор дар хона сарзаниш мешавад, худкушӣ кардааст. Чун падари Саидакбар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст, баъди баҳси ӯву омӯзгор бобояшро ба мактаб даъват кардаанд.

Қурбон Мӯсоев, бобои Саидакбар, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ ӯ аз қазияи сарзаниш шудани наберааш аз тарафи омӯзгор огоҳ буд. Аммо ба гуфтаи Қурбон Мӯсоев, ӯ ҳанӯз баъди ин гуфтугӯ набераашро аз наздик надида, хабари марги ӯро шунид. Ба ин тартиб, сабаби даст ба худкушӣ задани ноболиғ нокушода боқӣ мемонад.

Наврӯз Содиров дар вазифаи омӯзгори мактаби 62 ҳамагӣ ду моҳ кор кардааст. Ӯ корро дар ин мактаб бар асоси роҳхати шӯъбаи маорифи Ёвон дар таърихи 8-уми марти соли 2018 сар карда буд ва аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегуфт.

Ҳоло рӯшан нест, ки омӯзгори ҷавон Наврӯз Содиров, баъд аз як соли маҳрумият аз иҷрои касби омӯзгори дубора фикри бозгашт ба пешаи худро хоҳад кард ё на. Вай ҳоло аз сӯҳат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад ва телефонаш ҳам рӯзи 18 июл хомӯш буд.

Видео аз 23 маи соли 2018:

"Гӯшмол"-и талаба боиси худкушӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

6000 омӯзгор дар додгоҳ

Вале ба иттилои расмӣ, дар 3 соли охир мисли Наврӯз Содиров, шаш ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани масъулиятҳои худ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба додгоҳ кашида шудаанд. Дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз ин омӯзгорон барои латту кӯб ё паст задани шаъну шарафи хонанда ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Се сол пеш, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ Асламшоҳ Султоншоев, муаллими риёзиёти мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзиширо барои "гӯшмол"-и шогирдаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд. Лаҳзаҳои "гӯшмол" додани шогирд аз ҷониби ин устод наворбардорӣ шуда, дар шабакаи YouTube нашр шуд.

Ба ҷавобгарӣ кашида шудани омӯзгорон ва шикояти волидон аз муносибати нодуруст ва ҳатто аз зӯроварӣ нисбат ба наврасон дар ҳолест, ки омӯзгорон аз мушкил шудани тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқи онҳо нигаронӣ доранд. Дар ҳар сурат, ба гуфтаи волидон ва бархе аз омӯзорони собиқадор, даст бардоштан ба хонанда ва лату куби амали ғайриқонунӣ аст. Ба таъкиди омӯзгорони собиқадор, муаллимони ҷавону навкор, ки аз равони кӯдак ва шеваи муносибати дуруст бо хонандаҳо огоҳ нестанд, дар ҳолати асабоният ба кӯдакон бархӯрди нодуруст мекунанд ё ҳатто аз зӯроварӣ истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG