Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллиард доллар кумаки Чин ба Тоҷикистон


Тоҷикистону Чин як созишномаи наверо ба имзо расонданд, ки бар асоси он тоҷирони тоҷик имкон доранд, мустақим пули миллии сомониро бо юан иваз карда, аз Чин молу маҳсулот ворид намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки мардумии Чин созишномаеро бо усули "своп" ба имзо расонд. Тибқи ин созишнома, ки шоми 3 сентябр ба имзо расид, ҷониби Чин дар муддати се соли оянда ба Тоҷикистон тақрибан 3 миллиарду 177 миллион юан, муодили 500 миллион доллар, медиҳад.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, зери ин созишнома Жоу Сиаожуан -- раиси Бонки мардумии Чин ва Ҷамшед Нурмуҳаммадзода -- раиси Бонки миллии Тоҷикистон имзо гузоштаанд. Баъди имзои ин созишнома соҳибкорони тоҷик ҳангоми содироти мол аз Чин ба Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки сомониро бевосита ба юани Чин иваз карда, аз ин кишвар мол ворид намоянд.

"Ин созишнома, инчунин, фишори асъорҳои хориҷиро ба сомонӣ коҳиш хоҳад дод," -- гуфтанд дар Бонки миллӣ. Чунки бахши аъзами молҳо маҳз аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ин дар ҳолест, ки қурби доллари амрикоӣ ҳамоно боло меравад ва рӯзи 2 сентябр дар бозори "сиёҳ" як доллар ба 6,7-6,8 сомонӣ баробар шуда буд. Коршиносон мегӯянд, ки назорати қурби доллар аз имконоти Бонки миллӣ берун аст.

"Своп" як навъ додугирифти асъорӣ миёни бонкҳо барои муддати муайян аст, ки дар аксарияти маврид байни бонкҳои марказии ду кишвар барои кам кардани тағйирот дар қурби асъор рӯи даст гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG