Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила ба 22 хона дар Тоҷикобод зарар расондааст

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Дар пайи заминларзаи рӯзи 3-юми апрел 22 хона дар ноҳияи Тоҷикобод зарар дидаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 16 хонаи истиқоматӣ дар ҷамоати Ширинчашма ва 6 манзили дигар дар ҷамоати Нӯшор "зарари сабук" дида, як оғилхона пурра хароб шудааст.

"Дар натиҷаи заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабари расмӣ.

Мақомот мегӯянд, комиссияи вижа ҳаҷми пурраи зарарро муайян мекунад. Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор хабар доданд, ки дар пайи заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод тарма фаромадааст.

Навор аз ҷойи ҳодиса:

Рӯзи 3-юми апрел ду заминларза чанд минтақаи Тоҷикистонро такон дод. Як зилзила соати 15:26 ва дуввумӣ соати 21:12 сабт шудааст.

Ба иттилои Хадамоти геофизикии Тоҷикистон, қувваи заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш 4–5 ва дар Душанбе 2 дараҷа буд.

Ларзиши ин зилзила дар Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон низ эҳсос шудааст. Бар асари ин зилзила ҳашт нафар дар вилояти Кобули Афғонистон ҷон бохтанд.

Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG