Рӯзи 6-уми ноябр дар ноҳияи Турсунзода радиои нави “Садои Осиё” ва дар шимоли Тоҷикистон радиои “Диёр FM” ба пахши барномаҳояшон шурӯъ мекунанд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз эҳтимоли камчин шудани картошка дар кишвар ҳушдор дод.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон афроде, ки ба меҳнати ҷисмонӣ машғуланд, аз намояндагони меҳнатӣ зеҳнӣ бештар маош мегиранд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хостори сармоягузории бештари Бонки исломии рушд дар тарҳҳои минтақавӣ шуд.
Маъмурони милиса шаби гузашта монеъи баргузории ҷашни "Ҳеловин" дар толори шабонаи "Порт-Саид" дар маркази Душанбе шудаанд. Онҳо гуфтаанд, чаро ҷавонони тоҷик як иди бегонаро ҷашн мегиранд?
Телевизионҳои Тоҷикистон як моҳи охир рекламаи иҷтимоиеро ба такрор нишон медиҳанд, ки аз зиёни телефони мобилӣ ҳушдор дода, аз сокинон даъват мекунад, то телефонҳои ҳамроҳашонро дар наздикии дил ва ҷайби шимашон нагузоранд.
Роҳбарони бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон аз таъсири бӯҳрони Украина ва рукуди иқтисодии Русия ба қурби сомонӣ изҳори нигаронӣ карданд.
Танҳо дар 6 моҳи соли равон соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон аз 250 қарори Кумитаи андоз ба додгоҳҳо шикоят бурдаанд. Аммо дар аксари ҳолатҳо ин баҳсҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон ба фоидаи ниҳодҳои давлатӣ ҳал мешаванд.
Бисёре аз сокинон ва коршиносон дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки шоҳаи қонунгузори давлат, яъне парлумон рисолати азалии худро тақрибаи аз даст додааст ва наметавонад аз хати кашидаи ҳукумат берун равад.
Ҷузъиёти сӯҳбати Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, бо Эмомалӣ Раҳмон то ҳол рӯшан нест. Вале Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, ин сафар ба овозаи "митинг"-и баргузорнашудаи 10 октябр ҳеч рабте надорад.
Миёни Тоҷикистону Озарбойҷон чор созишнома ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ гуфт, ӯву Илҳом Алиев дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ ва Низомихонӣ ҳам сӯҳбат кардаанд.
Ин дафъа номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, ба далели тирпаронии яке аз писаронаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст.
Ронандагони мошинҳои боркаш шикоят доранд, ки масъулони ширкати IRS барои бори изофӣ дар нуқтаҳои пулчинии роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ аз онҳо "ҷарима"-и зиёд меситонанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сӯхтори рӯзи 8 октябр дар таҳхонаи Маркази савдои "Содот" ҳангоми худкушии як соҳибкори 45-сола дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба даҳҳо сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет маҳдуд шудааст. Аммо Хадамоти алоқа мегӯяд, барои бастани ҳеҷ сайте амр надодааст.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон муаллимӣ касби заҳматталаб аст, вале чун дар гузашта пурифтихор нест.
Ба ин нишаст хабарнигори Радиои Озодиро роҳ надоданд. Аммо бар асоси маърӯзаи раҳбари СБП, ки дар дасти мост, қарзи ширкатҳои бузурги Тоҷикистон аз марзи 10 миллиард сомонӣ гузаштааст.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, олудагии ҳаво дар Душанбе дар рӯзҳои охир аз меъёр ду баробар бештар шудааст ва асосан аз ҳисоби кам шудани майдони боғу дарахтзор дар атрофи пойтахт.
Бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, бояд Додситонии кулл фатвои ахири Шӯрои уламои Маркази исломиро баррасӣ карда, ба он баҳои ҳуқуқӣ ва дар сурати нодуруст буданаш танбеҳ диҳад.
Ҳар сол аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 200-300 ҳазор нафар, ё танҳо 2,5 - 3 дарсадаш барои истироҳат ягон ҷо мераванд. Аксарият рухсатии худро дар хона мегузаронанд ё ба аёдати хешу табор мераванд...
Ёфтҳои бештар