Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, сардори ситоди артиши Покистон бо ду мақоми аршади вазорати дифои Тоҷикистон мулоқот карда аз як қисми ҳарбӣ дидан кард.
Масъулини "Тоҷиккино" хабари манъи намоиш ва пахши сериали туркии "Ҳарими Султон"-ро дар Тоҷикистон рад карданд.
Кумитаи андози Тоҷикистон ба намояндагони бархе аз касбу фаъолиятҳо иҷоза дод, андозро дар шакли соддатар дар асоси патент супоранд.
Ширкати «Талко» бо вуҷуди уфти қобили мулоҳизаи нархи алюминиюм, ҳаҷми истеҳсолоташро коҳиш нахоҳад дод.
Рузи аввали Форуми об дар Душанбе бидуни изҳороти хабарсоз ва бо суханрониҳои хоси чунин нишастҳои байналмилалӣ ба поён расид.
Мутахасисон мегӯянд, ки Тоҷикистон аз назарсанҷии фарогир бораи муайян кардани обрӯи сиёсатмадоронаш истиқбол намекунад.
«Амонатбонк» ният дорад то як моҳи дигар тамоми кортҳои бонкии нафақахӯронро дар Тоҷикистон иваз кунад.
Як сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод мегӯяд, дар ивази ваъдаи қитъаи замин аз тарафи раисони ҷамоат ва ноҳия ба ду пиразан дар ин деҳа хона сохтааст, аммо то ҳол соҳиби замин нашудаст.
Мушовири давлатии раисҷуҳмур мегӯяд бо назардошти муносибатҳои нек бо Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон наметавонад ба ҷараёни салафия фишор оварад.
Баҳси моликият дар бозори масолеҳи бинокории Файзобод, ки ба эътирози тоҷирон сабаб шуда, шикояти онҳо то Додгоҳи Олии Тоҷикистон расидааст, идома дорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон вакили пешини парлумони Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси вилояти Хатлон, Сайвали Узбековро бино бар "гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ" аз маҳбас озод кард.
Як гурӯҳи маълулон рӯзи 7 август дар як сайр "дар пӯсти худ" санҷиданд, ки роҳу кӯчаҳо ва зербинои дигари Душанбе то куҷо барои ҳаракати ин қишр муносиб аст?
Ахиран ширкати «Барқи тоҷик» эътироф кард, ки танҳо аз ду нерӯгоҳе, ки бо сармояи хориҷӣ бунёд шудаанд, ҳудуди 100 миллион доллар қарздор аст.
Тоҷикистон ва Чин имконияти истифодаи асъорҳои ҳар ду кишвар ҳангоми доду гирифти молу маҳсулотро баррасӣ карданд.
Ба хотири баррасии таъсири Кодекси нави андоз ба иқтисоди Тоҷикистон дар назди вазорати молия як гурӯҳи корӣ ба кор шурӯъ кардааст.
Таваҷҷӯҳи ҷавонони ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон кам шудааст.
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, сарнавишти 36 иншооти кишвар, ки дар қаламрави Қирғизистон мондаанд, бояд рӯшан шавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, агар Эрон дар нақби "Истиқлол" кор карданӣ нест, "пас ҷойро холӣ кунад."
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар чанд соли пеш сатҳи миёнаи даромад бар сари аҳолӣ ба 400 доллар баробар буд, акнун ин рақам ба 1000 расидааст.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз 66 ширкати ҳукмфармо дар бозорҳои Тоҷикистонро рӯйхат кардааст.
Ёфтҳои бештар