Додгоҳи шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб талаби ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати истирдоди Умаралӣ Қувватов ба ин кишвар рад кард ва мурофиаи додгоҳиро то 10-уми апрел мавқуф гузошт.
Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро барои соли 2012 эълон кард.
Фармони барканории сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии Сино-1 ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо вуҷуди тафсири расмии “бино бар гузаштан ба кори дигар”, ба ёди бисёриҳо моҷароҳои марбут ба шиканҷаро ёдовар шуд.
Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби "Қонун дар бораи маориф" дар самти боло бурдани нақш ва обрӯи омӯзгор дар ҷомеъа иқдом кард.
Мақомоти тафтишотӣ то ҳанӯз натавонистаанд, сабаби марги сокини шаҳри Душанбе, ҷавонзани 19-сола, Шаҳноза Гулаҳмадоваро ошкор кунанд.
Ҳарчанд шумораи дақиқи корхонаҳое, ки ба иллати қатъи интиқоли гази Узбакистон аз кор мондаанд, эълон нашудааст, аммо аз рӯйи чанд намуна метавон гуфт, ин феҳраст чандон кӯтоҳ нест.
Тоҷикистон дар раддабандии кредитӣ миёни 144 давлат ҷои 134-умро касб карда, дар қатори 10 давлате қарор гирифтааст, ки эҳтимоли рух додани дефолт дар он зиёд аст.
Бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқол, гурӯҳе аз занони низомӣ дар гузашти (паради) ҳарбӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, ширкат карданд.
Моликони интернет-кафеҳо аз якбора гарон шудани мизони андоз шикоят мекунанд.
Ворисони мунаҷҷимони бузурги асрҳои миёна дар бораи замин ва коинот тасаввуроти торике доранд.
Машҳуртарин хонаи музоядавии дунё Sotheby’s (Сотбис) дар Британия дар қатори 50 мусаввараи рассомони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз асарҳои рассомони тоҷикро низ ба фурӯш мегузорад.
Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 600 кон кашф ва захирашон пажӯҳиш шудааст, ки барои истихроҷи онҳо ниёз ба сармоягузорон аст.
Экологҳои Тоҷикистон аз мавридҳои ба партовгоҳои маишӣ партофта шудани лампа ё фурӯзонакҳои камасраф ҳушдор медиҳанд.
Сохтори ширкати “Талко”- калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон бознигарӣ ва навсозӣ хоҳад шуд.
Тоҷикистон аз рӯи индекси шаффофияти буҷа аз сад холи мумкин танҳо 17 хол гирифтааст, зеро гуфта мешавад, мардуми кишвар аз харҷу дахли сармояи мамлакат огоҳӣ надоранд.
Як гурӯҳи сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мегӯянд, мақомоти ин ноҳия заминҳоеро, ки се сол пеш ба онҳо дода буданд, бозпас мегиранд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф дорад, сафарҳои хориҷии сарояндагони тоҷикро ба танзим дарорад.
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки дар кишвар унвони нави илмӣ мавсум ба PhD таъсис дода шавад.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз рӯҳониён хостааст, дар ҳаргуна масоили исломӣ аз пеши худ фатво ва ё ҳукме содир накунанд.
Намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳо ва баъзе шахсиятҳои алоҳида барои ислоҳи қонуни интихобот ба раисиҷумҳур муроҷиат карданд.
Ёфтҳои бештар