Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамагӣ 53 дарсад иҷро шудааст. Ин оморро Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, раиси Маркази миллии тестӣ, рӯзи сеюми август дар нишасти хабарии ин ниҳод эълон кард.
Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар сурат нагирифтааст. Дар ин муддат гурӯҳои кории ҳарду ҷониб 7 бор мулоқот кардаанд, вале ҷузъиёти он маълум нест.
Иқболи Неъматулло, собиқ мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми кор дар ин мақом бо иттиҳоми ришвахориву сӯистифода аз вазифа боздошт гардид, бо пардохти танҳо се ҳазор сомонӣ бештар аз маблағе, ки ҳамчун пора гирифта буд, раҳо шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.
Намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо се рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот карда, шикояти онҳоро шунидааст.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкати "Ёқут--2000"-умро вазифадор кард, то ба ҷавоне, ки аз беэҳтиётии сохтмончиёни ин ширкат маъюб шудааст, сад ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад.
Як сокини ноҳияи Дарвоз иддао дорад, ки муфаттишони додситонии ин ноҳия ӯро зери фишор қарор додаанд, то дар бораи пора додан ба раиси додгоҳ ва раиси Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаҳодат диҳад.
Қарори манъи вуруди мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 вокунишҳои ҳархеларо ба миён овард. Баъзеҳо онро муҳим хонданд, вале бархи дигар зиёновар.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки аз соли оянда дигар мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Бар асоси тарҳи қароре, ки таҳия шудааст, аз соли 2024 танҳо воридоти мошинҳое ба Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз соли 2013 ба ин тараф истеҳсол шудаанд.
Аз ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 500 рӯз мегузарад. Русия дар ин ҷанг чӣ мехоҳад ва Украина чӣ мегӯяд? Кадоме ба мақсадаш наздиктар аст? Мардум ахбори ҷангро аз кадом манбаъҳо дастрас мекунанд? Хабарнигорони "Озодӣ" бо ин суолҳо ба сокинони Душанбе муроҷиат карданд. Онҳо чӣ посух доданд?
Тоҷикистон содироти сементро ба хориҷи кишвар манъ кардааст. Манъи содироти семент дар як номаи Хадамоти гумрук ба зерсохторҳои минтақавии он зикр шудааст.
Акбаршо Ҷонаков бори дуввум аст, ки беҳуш шуда меафтад. Дарди дил ин сокини 66-солаи шаҳри Душанберо ба чунин ҳол овардааст. Ӯ 13 сол боз гирифтори бемории қалб аст.
Дар Тоҷикистон аз гармии тоқатфарсо ва эҳтимоли хокбориш ҳушдор дода, аз беморони дил хостаанд, ки худро эҳтиёт кунанд. Расман беш аз 219 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гирифтори касалии дил ё қалб ҳастанд. Солҳои охир марг аз сактаи қалбӣ ҳам афзуда. Чаро дили тоҷикон сусту осебпазир шудааст?
Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст, чунки рӯзгори онҳо ба пули муҳоҷирон бастагӣ дорад.
Ёфтҳои бештар