Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Раҷаб Таййиб Эрдуғони 69-сола дар гузашта сарвазир буд ва чанд соли охир раиси ҷумҳурии Туркия. Натиҷаҳои интихоботи 28-уми май ба ӯ иҷоза медиҳанд, ки то соли 2028 дар қудрат бимонад.
Дар Тоҷикистон 26-уми май Рӯзи адвокатура эълон шудааст.
"Вақте маош кам ва дар хона мушкилӣ бисёр аст, дар мактаб кор карда наметавонед. Фикр ҳамеша парешон аст. Меандешед, ки чӣ гуна ва аз куҷо даромади зиёдтар гиред."
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, 19-уми майи соли 2013 ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба Душанбе дар фурудгоҳ дастгир шуд.
Сокинони Тоҷикистон бе нишон додани шиноснома наметавонанд “селитра”, як навъи маъмули нурии минералиро харидорӣ кунанд. Фурӯшандагон инро талаби мақомот меноманд, вале мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.
Будани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии хонаҳо дар Тоҷикистон боис ба ташвиши мардум шудааст. Солҳои охир бар асари сӯхтор ва таркиш дар чунин нуқтаҳо чандин нафар ҷон бохтаву захмӣ гардиданд.
Кӯҳансолтарин сарбози тоҷик дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ хотироти худ аз 80 соли пешро ба Радиои Озодӣ нақл кард.
Нуқра Назарова, сокини ноҳияи Нуробод, шикоят дорад, ки писари донишҷӯяшро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Масъулони комиссариати ҳарбӣ рафтори худро қонунӣ донистанд, чун ба иддаои онҳо "ҷавон аз донишгоҳ ронда шуда буд".
Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар қатори мошинҳои дигар акнун ягон-ягон мошиҳои барқӣ ҳам дида мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон аз хориҷа 130 мошини барқӣ ворид шудааст.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки теъдоди мошинҳои барқӣ, ки бегазу бензин ҳаракат мекунанд, дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Як хонаводаи паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон аз эҳтимоли ихроҷ шудан ба Афғонистони зери дасти Толибон нигаронанд. Мақомоти тоҷик онҳоро барои зиндагӣ дар шаҳри Душанбе аз санади паноҳандагӣ маҳрум кардаанд.
Як хонаводаи паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон аз эҳтимоли ихроҷ шуданашон ба Афғонистони зери дасти Толибон нигаронанд. Мақомоти тоҷик онҳоро барои зиндагӣ дар шаҳри Душанбе аз санади паноҳандагӣ маҳрум кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз соҳибони телефонҳои мобилӣ даъват намудаанд, ки ҳар чи зудтар IMEI-и телефонҳои мобилии худро сабт намоянд, то мушкилиҳои дигар пеш наояд.
Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд ва дар ҷанги Украина кушта шудаст, ба хонаводааш супурдаанд.
Аз танқиди президенти Тоҷикистон дар мавриди суръати сусти интернет тақрибан чаҳор моҳ гузашт, аммо ба гуфтаи баъзе аз мутахассисону вакилони порлумон "вазъ тағйир накард". Шикояти мардуму корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ кам нашуд.
Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милал , мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар доираи муаяйн вуҷуд дорад, аммо маҳдуду танзимшуда аст. Хонум Нозило 10 рӯз бо ҳадафи арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар поёни сафараш Радиои Озодӣ бо ӯ суҳбате анҷом дод.
Нозило Қонеъ, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар Тоҷикистон озодии дину эътиқод дар ҳадди муаяйн вуҷуд дорад. Хонум Нозило 10 рӯз бо ҳадафи арзёбии вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар поёни сафараш, рӯзи 20-уми апрел Радиои Озодӣ бо ӯ сӯҳбате анҷом дод.
Сокинон мегӯянд, барои таҳияи дастурхони одии идона дар Тоҷикистон як моҳа маоши миёна кифоят намекунад.
Мусалмонони Тоҷикистон ба таҷлили иди Рамазон омода мешаванд, ки ду рӯз баъд, 21-уми апрел фаро мерасад. Таҳияи дастархони идона як бахши муҳими ид аст, ва рӯзи чоршанбе нархи бозор бисёр харидорони бозорҳои Душанберо нороҳат гузошт.
"Хоб будем. Соҳиби хона дари моро зад, ки бино месӯзад, ба берун бароед. Ҳоло маҷбур ҳастем, ба хонаи ягон шинос равем."
Ёфтҳои бештар