Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аъзои як хонавода дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ дар вилояти Хатлон иддао доранд, ки ба номуси духтари 16-солаи онҳо таҷовуз шудааст, вале мақомот парванда намекушоянд ва ҳодисаро одилона баррасӣ намекунанд. Хешованди ҷавон мегӯяд, робитаи ҷинсӣ бо хоҳиши тарафҳо шудааст.
Хонаводае дар вилояти Хатлон мегӯянд, қазияи таҷовузи ҷинсии духтари 16-солаи онҳо аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ҷиддӣ гирифта нашуд ва шахси муттаҳам дар ин ҷиноят аз ҷавобгарӣ озод мебошад. Ҳодиса сентябри соли 2022 дар деҳае рух додааст, ки муттаҳам ба таҷовуз ва ҷабрдида сокини он ҳастанд.
Хонаводаи як ҷавони тоҷик дар Ҳисор, ки дар ҷанги Украина кушта шудааст, мотам доранд.
Дар як деҳаи ноҳияи Ҳисор ҷавонеро ба хок супурданд, ки бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд. Муддате бо хонаводааш тамос надошт ва чанде пеш ба онҳо аз Русия хабар доданд, ки ба ҷанги Украина рафта ва онҷо кушта шудааст.
«Об нест», «гармӣ нест», «қубур кафидааст», «кӯдакон хунук хӯрданд»… Ин бастаи шикояти сокинони Душанбе дар як ҳафтаи охир аст. Аксари онҳо мегӯянд, дар биноҳои баландошёна ҳастанд ва сармои қаҳратун рӯзгори онҳоро мушкил кард.
Нархи газ дар Тоҷикистон ба таври чашмгир поин омад. Сокинон мегӯянд, аз ин вазъ хушҳоланд, аммо аз тағйир наёфтани арзиши хидматрасонии нақлиёт ва коҳиши нархи маҳсулот дар бозорҳо нигаронанд. Қаблан баҳои як литр газ то ба ҳашт сомонӣ ва зиёдтар аз он мерасид. Ҳоло ба 3,90 дирам поин омадааст.
Боридани барфи зиёд ва сардии ду рӯзи ахир ҳаракати нақлиёту гаштугузори сокинонро тақрибан дар кулли Тоҷикистон мушкил кардааст. Ҳаракат бахусус дар роҳҳои куҳӣ хатарнок шудааст.
Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд.
Бо гузашти чаҳор сол аз тасмими мақомот ҳануз ҳам бисёре аз сокинони Тоҷикистон симкортҳои худро бо шиносномаҳои нави соли 2014 сабт накардаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, садҳо ҳазор муштарӣ бояд ин корро кунанд, вагарна аз симкортҳояшон маҳрум мешаванд.
Дар Тоҷикистон, ҳар панҷ сол як бор мардум вакилони худро дар порлумон интихоб мекунанд. Вакилон намояндаи мардум ҳисоб мешаванд ва бояд манфиату ҳуқуқи сокинонро ҳимоят кунанд. Оё ин корро мекунанд ва мардум вакилонашонро мешиносанд?
Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, пас аз онки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, нарх ва суръати пасти интернетро танқид кард, эҳтимол дар бозори мухобирот баъзе дигаргуниҳо сурат гирад. Ҳарчанд, коршиносон ба тағйиротҳои ҷиддӣ чандон бовар надоранд.
Ҷӯрақул Ҳайдарови 67-сола як ҳафта боз барои гирифтани 600 сомонӣ ёрии якдафъаинае, ки барои оилаҳои камбизоат ваъда шудааст, саргардон аст. Дар ҳукумати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ӯ гуфтаанд, ки маблағро ба корти бонкияш мегузаронанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд, беасос донистааст.
Нахустин ҳавопаймои ширкати “Jazeera Airways” аз Кувайт ба шаҳри Душанбе расид.
Иддае дар Тоҷикистон натиҷаи назарпурсие, ки мизони муҳаббат ва назари мусбати тоҷиконро ба Русия "95 дарсад" ҳисоб кардааст, зери суол мегузоранд.
Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.
Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҳафта аз боздошти камаш чаҳор нафаре гузориш доданд, ки "бо таҳдиди бадном кардани духтарону писарон дар Интернет аз онҳо пул хостаанд".
Таҳдиди бадномсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои бархе дар Тоҷикистон ба як воситаи пулкоркунӣ табдил ёфтааст. Мақомоти интизомӣ аз боздошти ҷаҳор ҷавоне хабар додаанд, ки духтарону писаронро аксу навор гирифта, таҳдид мекардаанд, ки онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беобрӯ месозанд.
Баъзе аз фаъолон дар Тоҷикистон хоҳони ислоҳи қонуне шудаанд, ки ҳукумат сабаби фаровонии дасторхону сарфа шудани пули мардум ва яке аз дастовардҳояш медонад.
Ёфтҳои бештар