Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Чор кӯдаке ки ахиран аз Русия ба Тоҷикистон оварданд, дар Парваришгоҳи якуми Душанбе нигоҳ дошта мешаванд. Хабарнигорони Озодӣ ба аёдати ин тифлони маъсум рафтанд.
Пурсиши Радиои Озодӣ бо ин суол ки “Оё бо духтари чатнишин издивоҷ мекунед ё не?” натиҷаҳои як андоза ғайричашмдошт ба бор овард. Ин пурсиш дар пайи баҳсои тундест, ки рӯзи масъалаи занону духтарони чатнишину Интернетнишин дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад.
Як ҳайати Осорхонаи Бритониё, ки як ҳафта боз дар Тоҷикистон қарор дошт, бо шиносоӣ аз осорхонаҳо ва маконҳои таърихии Тоҷикистон масоили ҳамкорӣ байни осорхонаҳои ду кишварро матраҳ кардааст.
Аз 1 октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ шурӯъ мешавад ва аз ҳоло низомиён ба қабули сарбозони нав ва хонаводаҳо баръакс ба пинҳон кардани бачаҳои худ омода мешаванд.
Аловуддин Салоҳуддинов, соҳибкори тоҷик, ки як моҳ дар асорати як гурӯҳи одамрабоён дар Афғонистон қарор дошт, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз ин саҳифаи сиёҳи зиндагиаш қисса кард.
Сокинони Роғун аз камбуди оби ошомиданӣ дар ин шаҳр шикоят мекунанд. Дар шарҳе ки бояд макони бузургтарин нирӯгоҳ ва бузургтарин обанбори Тоҷикистон шавад.
Кадом омилҳоест, ки рейтинги раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро дар паҳнои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар чунин як сатҳи баланд нигоҳ медоранд?
Таҳқиқоти Радиои Озодӣ нишон дод, ки ҷангии тоҷикии дар марзи Сурияву Ироқ боздоштшуда зоҳиран Аҳтам Олимов, сокини маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон будааст.
Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигори Радиои Озодӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Бо вуҷуди инки майдони Нишони давлатӣ дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба яке аз маҳаллҳои пуртамошобини шаҳр табдил ёфтааст, бисёре аз ҳамсӯҳбатони ҷавони Озодӣ дар Душанбе дар гуфтани посух ба суолҳои Озодӣ дар бораи Нишони давлатӣ душворӣ мекашиданд.
Ҳафтаномаи "Азия Плюс" ба хотири ҳалли баҳсаш бо гурӯҳи зиёиёни тоҷик 3 варианти раддия пешниҳод кардааст, вале даъвогарон мегӯянд, нашрия бояд аз онҳо узр бихоҳад.
Кӯли Ҷавонон ҳар тобистон ба як макони асосии истироҳат ва оббозии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе табдил меёбад.
Хабарнигори Озодӣ аз мардум дар кӯчаҳои Душанбе пурсид, ки оё онҳо дар шаби Қадр барои чӣ дуо кардаанду орзуяшон чӣ буд? Шаби Қадр шаби 26 ба 27 моҳи Рамазон буда, гуфта мешавад, китоби "Қуръон" дар ҳамин шаб ба паёмбари Ислом Муҳаммад(с) нозил шудааст.
Баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ муҳаққиқи 31-сола Александр Содиқов ба чанд саволи радиои Озодӣ посух дод. Ӯро дар хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ муттам мекунанд, вале донишманд ин иттиҳомро қабул надорад.
Александр Содиқов баъди раҳоияш аз боздошт дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки ба зудӣ бегуноҳияш пурра исбот хоҳад гашт.
Ҳамсӯҳбати Озодӣ мегӯянд, ба сурати умум, ба гармои шадиди рӯзҳои моҳи Рамазон тоқат мекунанд. Аммо як духтари ҷавон мегӯяд, бояд дар Тоҷикистон мисли Испания ё Италия дар соатҳои гарми нимаи рӯз "сиеста" эълон кунанд.
Хабарнигорони Озодӣ дар авҷи мавсими шиноварӣ дар ҳавзи шиноварии Мактаби махсуси ҷумҳуриявии намудҳои обии варзиш гузориши видеоие овардаанд, ки инҷо пешкаши шумо мешавад.
Бузургмеҳр Ёров - вакили Абдуллоевҳо ва Қосимҷон Қосимов - намояндаи додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар як баҳси "ғоибона" дар студияи Радиои Озодӣ назари ду тарафи даъвои бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯсро шарҳ доданд.