Cоли 2004 ба ҳайси хабарнигор дар вилояти Хатлон бо Радиои Озодӣ бипайваст. Дертар гузоришгар дар Душанбе таъин гардид.
Соли 1973 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Пас аз хатми факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ дар соли 1996 дар нашрияҳои "Ҷумҳурият" ва "Рӯзи нав" ба ҳайси мудири бахш кор кардааст.
То ҳудуди 30 дарсад гарон шудани нархи шакару равғани офтобпараст, ду маводи ниёзи аввал, сокинонро дар Душанбе нигарон кардааст.
Даҳҳо сокини шаш бинои мутааллиқ ба ширкати "Комил-2010" дар маҳаллаи "Зарафшон"-и шаҳри Душанбе иддао доранд, ки ҳафт сол инҷониб дар ин хонаҳо зиндагӣ мекунанд, вале то ҳол бино аз сӯи шаҳрдорӣ қабул нашудааст.
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки интихоботи президентиро таҳрим кардааст, мегӯяд, ӯву ҷонибдоронаш ба райъдиҳӣ нарафтанд, вале ҷараёни овоздиҳиро назорат доранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президент рӯзи 11-уми октябр дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Душанбе раъй дод. Ӯ бо хабарнигорон суҳбат накард ва фақат дар бораи ширкати мардум дар интихобот пурсид.
Дар Тоҷикистон ба зудӣ филми наве бо номи "Бачаи обӣ" ба намоиш медарояд, ки доир ба як фалокати эҳтимолии умумибашарӣ нақл мекунад. Филмро дар соҳили Қайроққум ба навор гирифтаанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ситодҳои интихоботии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон рафтанд ва бубинед, чӣ диданд.
Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки истиқлолият шароити рушд ва истифодаи комил аз забони давлатӣ-тоҷикиро фароҳам кардааст. Аммо, соҳибназарон мегӯянд, ки дар фановариҳои навин тоҷикон ҳамчунон ба гунаи замони шӯравии пешин водор мешаванд аз истилоҳоти забонҳои ғайр истифода кунанд.
Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар рӯзи 4-уми октябр доир ба роҳҳои хатми ҷанг дар ин кишвари ҳамсоя ва нақши Тоҷикистон барои ба ҳам овардани тарафҳои мухолиф гуфт.
Эълони кушода шудани марзҳои Узбекистон, рӯзи 1-уми октябр, даҳҳо нафарро дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ овард.
Филмсози маъруфи тоҷик, Борис Кимёгаров, рӯзи 30-юми сентябр 100-сола шуд. Ӯ 58 сол умр дид ва аз як омӯзгори қатории забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба яке аз коргардонҳои машҳур табдил ёфт.
30-юми сентябр филмсози маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров 100-сола шуд. Дар 58 соли умраш аз як омӯзгори қатории забони тоҷикӣ дар мактаби миёнаи Сталинобод (Душанбеи ҳозира) ба яке аз коргардонҳои машҳур табдил ёфт ва номи худро дар таърихи синамои тоҷик боқӣ гузошт. Аммо поёни умри ӯ фоҷиаомез буд.
Рӯзи 9-уми сентябр аз соҳибистиқлолиии Тоҷикистон 29 сол пур шуд.
Дар миёни даҳ монеаи асосӣ барои рушди тиҷорат дар Тоҷикистон молиёт ё андози баланд дар ҷойи аввал қарор доштааст. Ба назари бархе аз коршиносон, дар Тоҷикистон сиёсати андозбандӣ бояд пурра тағйир дода шавад.
Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар ним соли гузашта, дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад.
Ёфтҳои бештар