Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Мақомот дар Данғара мегӯянд, барои ба кор андохтани яке аз полоишгоҳҳои азими нафт ва истеҳсоли маводи сӯхт бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд ва мумкин аст, дар ояндаи наздик дар дохили Тоҷикистон бензин истеҳсол шавад.
Мушкил дар як мактаби кӯҳнаи ноҳияи Муъминобод, ки Радиои Озодӣ аз ҳоли ногувораш гузориш дода буд, дар ду рӯз ҳал шудааст. Акнун хонандагоне, ки дар синфхонаҳои хатарнок ва қариб бе мизу курсӣ таҳсил мекарданд, дар ҷойи амну беҳтар таҳсил доранд.
Дар нишасти хабарии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон на ҳама журналистон имкони савол додан пайдо карданд.
Наздикони даҳҳо сарбоз дар Кӯлоб ба Додситонии ҳарбии минтақа шикоят кардаанд, ки фарзандонашонро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Намояндаи Додситонӣ гуфт, шикояти онҳоро ҷиддан тафтиш мекунанд.
“Vahdat Textile” логотипи ҷӯробест, ки бо дастони гурӯҳи занҳое дар Кӯлоб омода мешавад.
“Vahdat Textile” логотипи ҷӯробест, ки бо дастони ин занҳо дар Кӯлоб омода мешавад. Бонувони ин корхона то шаш моҳи пеш бовар надоштанд, ки дар Кӯлоб чунин корхона боз мешавад. Ҳоло вазифаи асосии занон дар корхона, назорати дастгоҳи ҷӯроббофӣ аст.
Дар ноҳияи Восеъ бахше аз қалъаи бостонии Ҳулбукро ёфтаанд, ки замони шӯравӣ онро бераҳмона вайрон карда будаанд.
Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мактабе ҳаст, ки ба қавли сокинон "ҳоли зор" дорад ва қисмате аз он ба мисли мактаби куҳнаест, ки Садриддин Айнӣ тасвир кардааст.
Дар ноҳияи Муъминобод, мактабе ҳаст, ки як ҳоли зор дорад ва қисмате аз он мисли мактаби куҳнаест, ки устод Садриддин Айнӣ тасвир кардааст. Дар ин мактаб, садҳо нафар дарс мехонанд ва дар паси ду миз ба гуфтаи хонандагон гоҳо 13 нафар ҳам менишинанд.
Падари як ҷавон дар Фархор моҳе боз талош дорад, ки кормандони Комиссариати ҳарбӣ ва раҳбари як ҷамоатро барои “облава” ё ба зӯр бурдани писари бемораш ба артиш ба ҷавобгарӣ бикашад.
Як сокини ноҳияи Фархор иддао дорад, ки писари бемори ӯро аз роҳи сарбозшикор ба артиш бурдаанд. Ба гуфтаи падар натиҷа ин аст ки фарзандаш баъди чанд рӯзи хидмат ҳоло дар шифохонаи ҳарбӣ бистарӣ мебошад.
Даҳҳо хонавода дар шаҳри Кӯлоб солеро, ки мегузарад, соли душвор меноманд. Теъдоде аз онҳо, ки бар асари сели 7 моҳ пеш бехона мондаанд, мегӯянд, то ҳанӯз зери хайма ба сар мебаранд ва аз ёриҳои ваъдагӣ ҳам бархурдор нашудаанд.
Даҳҳо хонавода дар шаҳри Кӯлоб солеро, ки мегузарад, соли душвор меноманд. Теъдоде аз онҳо бар асари сели 7 моҳ пеш бехона мондаанд. Мақомот мегӯянд, ба зарардидаҳо ёрӣ доданд. Сокинон мегӯянд, то ҳанӯз зери хайма ба сар мебаранд ва аз ёриҳои ваъдагӣ бархурдор нашуданд.
11 корвони мошин бо ангишт вориди шаҳри Кӯлоб шуд.
Сокинони деҳаи Дарнайчии ноҳияи Восеъ аз сохтумони хатти обгузар, ки боиси хароб шудани роҳҳо шудааст, эътироз доранд.
Як муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, аз пули дар ғурбат касб намудааш дар ватан хона сохта, оиладор шудааст.
Бонки Марказии Русия гуфт, ки зодагони Тоҷикистон дар семоҳаи ахири имсол ба кишвар 534 миллион доллар фиристодаанд.
Як устои созҳои мусиқӣ дар Кӯлоб даф ё доирае сохтааст, ки ба гуфтааш, бузургтарин дар Тоҷикистон аст.
Бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо харҷи шаш милион сомонӣ бозсозӣ шудааст.
Як зани сокини Кӯлоб, ки бо чор фарзандаш зиндагии сахтеро пушти сар мекунад, ҳамрӯза суроғи маросимҳои хурсандии сокинон мегардад.
Ёфтҳои бештар