Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Хонаводаи Хушнудаи Файзалӣ мегӯяд, рӯзи 29 ноябр Давлатбеки Саймаъруф ба ҳамсараш телефон карда ӯро талоқ додааст. Зиндагии муштараки ин ду ҷавон, ки бидуни қайди ЗАГС ва бар асоси никоҳи исломӣ буд, 50 рӯз тӯл кашид.
Зиндагии 200 хонавода дар як деҳаи дурдасти ҷануби Тоҷикистон зиндагӣ дар солҳоеро мемонад, ки дар кишвар аслан нирӯгоҳи барқӣ вуҷуд надошт ва мардум фақат бо хару ароба мегаштанд.
Нигоҳи онҳо ба сӯи давлатест,ки мансабдоронаш пайваста аз масъулият шона холӣ мекунанд.
Давлатбеки Саймаъруф аз худ ҳимоят ва иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ даст ба ҳамсараш набардоштааст. Давлатбек гуфт, хонумаш “бемории равонӣ” дошт. Он чи ки худи Хушнуда ва хешовандонаш комилан рад мекунанд.
Давлатбеки Саймаъруф иддао кард, ки ҳеҷ гоҳ Хушнударо азият накардааст ва пофишорӣ дорад, ки ҳамсари қонуниаш маризии рӯҳӣ дорад ва ба ҳамин хотир дигар зиндагии муштарак бо ин занро намехоҳад.
Дар пайи занозании як гурӯҳ аз донишҷӯён дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мудири факултаи таъриху ҳуқуқ ва муовинаш аз мақомҳои худ барканор шудаанд.
Зани ҷавоне, ки мехост бо партофтани худ аз ошёнаи ҳафтуми бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб худкушӣ кунад, қазияро ба Радиои Озодӣ шарҳ дод.
Хонаводаи шавҳари Хушнудаи Файзалӣ, зани ҷавоне, ки мехост аз ошёнаи ҳафтуми бинои Донишгоҳи Кӯлоб худро ба замин партофта, худкушӣ кунад, мегӯянд, дигар ӯро қабул надоранд.
Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб як зани ҷавонро, ки қасди худкушӣ доштааст, наҷот доданд. Мақомоти донишгоҳ мегӯянд, ин зан қасд дошт худро аз ошёнаи ҳафтуми донишгоҳ сарозер кунад.
Маҷмааи варзишии "Кӯли ҷавонон" дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ки соли 2011 дар паҳлуи шаҳри Кӯлоб барои варзишу истироҳати сокинони ин шаҳр навсозӣ ва аз сӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, муддати панҷ соли охир фаъолият намекунад.
Девори нимгектарии манзили боҳашамати генерал Ғаффор Мирзоев, сардори пешини Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, дар маркази шаҳри Кӯлоб тахриб шуда, қарор аст, дар ҷойи он панҷара насб гардад. Худи бино ба боғчаи кӯдакон табдил ёфтааст.
Ягона Боғи ҳайвонот дар Кӯлоб, ки дар масоҳати 1 гектар ҷойгир аст, як сол қабл дарҳои худро ба рӯи сокинон боз кард. Аз миёни 20 навъи ҷонварон, ки сокинон барои тамошояш меоянд, ду хирси бӯри маҳаллӣ маъруфияти бештар доранд.
Ӯ то дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон навишт,ба қабули раиси Маҷлиси Миллӣ рафт, аммо вазъаш тағйир наёфт
Волидони чанд ҷавони тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ пайвастаанд, ҳамлаи маргбор дар Ню Йоркро маҳкум карданд. Онҳо мегӯянд, ҷавононеро, ки аз номи Ислом касеро мекушанд, Худо ҳам намебахшад. Рӯзи 31-уми октябр як ҷавони узбактабор мошинашро ба рӯи раҳгузарон ронд ва 8 нафарро кушт.
Сокинони ин бинои воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии Кӯлоб чанд вақт боз бо Корхонаи давалатии истифодаии манзили шаҳри баҳс доранд
Шукрия Шариповаи 49-сола бо се фарзандаш се сол инҷониб дар ҷойгоҳи лифти баландошёнаи нотамом, дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, зиндагӣ мекунад.
Шукрия Шариповаи 49-сола бо се фарзандаш се сол инҷониб дар ҷойгоҳи лифти як баландошёнаи нотамом, дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, зиндагӣ мекунад.
Қариб шаш моҳ мешавад беш аз 30 фоизи нафақаи сокинони деҳаи Даҳанаи Кӯлобро намедиҳанд.
Ёфтҳои бештар