Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) тасмим дорад, ки ду майдони лижарониро дар маркази ноҳия бозсозӣ кунад. Дар ин ноҳия қариб шаш моҳ фасли сардӣ ҳукмрон аст ва аз авоили моҳи ноябр то охирҳои моҳи март ҳама ҷо барфпӯш мебошад.
Мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз боздошти 7 шаҳрванди Бангладеш хабар доданд.
Мақомоти нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз боздошти 7 шаҳрванди Бангладеш хабар доданд. Насимҷон Носиров, муовини фармондеҳи қисми ҳарбии 2133-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ, гуфт, ин афрод ҳангоми кӯшиши убури марз ба тарафи Афғонистон боздошт шуда, ҳоло нисбат ба онҳо тафтишот оғоз гардидааст.
Мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб мегӯянд, ки бинобар кам будани мусофирон, шумораи парвозҳо шадидан коҳиш ёфта, ҳоло аз ин маркази минтақаи ҷанубии Тоҷикистон парвозҳо танҳо дар масири Кӯлоб-Маскав анҷом мешаванд.
Шаҳрдории Кӯлоб ба манзури боло бурдани сатҳи саводу дониши кормандони мақомоти маҳаллӣ, таълими “Дарси имло”-ро ҷорӣ кардааст. Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб панҷшанбеи 19 январ зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ин тадбир “бинобар саводи ками бархе аз мутахассисони шаҳрдорӣ”, рӯи даст гирифта шудааст.
Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ рӯзи 19 январ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки сар аз нимсолаи дуввуми соли 2016 қоидаи назорат аз пардохтҳои ҳатмии коммуналиву андоз амал мекунад ва бар асоси он сокинони маҳаллӣ ҳақи гирифтани роҳхати зиёрати Хонаи Худоро ба даст меоранд.
Мақомот дар ноҳияи Восеи минтақаи Хатлон мегӯянд, ҳар довталаби зиёрати Хонаи Худо ва онҳое, қи қасди баргузор кардани ҷашни арӯсӣ доранд, бояд пули хадамоти коммуналӣ ва андозҳоро пурра пардохт намоянд ва дар ғайри он, ба онҳо иҷозаи рафтан ба Ҳаҷҷ ва баргузор кардани маъракаҳо дода намешавад.
Баҳриддин Мирзозода, сардори идораи Бозрасии давлатии автомобилии Кӯлоб, хабари садама бо иштироки Ғаффор Қодирзода – раҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти ин минтақаро тасдиқ кард.
Соҳибкори шинохта дар Кӯлоб Миралӣ Ҳасанов маъруф ба "Алабердӣ", рӯзи 10 январ дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон, кушта шудааст.
Миралӣ Ҳасанов, соҳибкори шинохта дар шаҳри Кӯлоб дар як муноқиша бо гурӯҳи ҷавонон, кушта шудааст.
Аҳмади Иброҳим, хабарнигори тоҷик, китоби тозаи худро дар бораи ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Суғд ва истодагарии сокинони маҳаллӣ дар баробари ҳамлаҳои ӯро аз чоп баровард. Вай рӯзи 7 январ гуфт, ки талош дорад, китобаш ба хонандагон низ омӯзонда шавад.
Бобоҷон Азиз овозхони машҳур ва маҳбуб дар бистари беморист ва бо таассуф мегӯяд,ки дигар имкони дар маҳофили мардум ҳунарнамоӣ карданро надорад.
Аз хонаи собиқ менеҷер ё мудири иҷроияи "Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб, ҳудуди 120 ҳазор долар ба яғмо рафт.
Дар пайи ба минтақаи Фахрободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастани Пойгоҳи низомии 201-и Русия аз маркази шаҳри Кӯлоб дар авоили соли 2016, сокинони деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиро ба даст оварданд.
Сардиҳои зимистони имсола зиндагии Худойқул Урозов ва ҳамсару кӯдакони ӯро талх кардааст. Ин хонаводаи иборат аз панҷ нафар баъди як имзои Худойқул Урозов дар 2 соли пеш аз манзили падарӣ дар ноҳияи Панҷ маҳрум шуда, ҳоло дар як кулбаи “оҳанӣ” дар рустои Кокули ноҳияи Фархор, ҳаммарз бо Афғонистон, зиндагӣ дорад.
Як сокини ноҳияи Восеъ аз "Тоҷикисодиротбонк" бар ивази шаш ҳазор доллари пасандозҳои бебозгашташ як мошини "Toyota Camry" дарёфт кард ва бо ҳамин баҳси дарозмуддаташ бо ин бонк ба охир расид.
Барномаи озуқаи СММ ба муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб кумакҳои пизишкӣ ироа кардааст. Аз ин кумак, ки асосан аз дастгоҳи ташхиси кори қалб, дастгоҳи тамографӣ, ултрасадо ва таҷҳизоти зарурии дигар иборатанд, аз ҳама бештар бемороне истиқбол карданд, ки ниёз ба доруву дармон доранд.
Аз ду моҳ боз сокинони деҳаҳои Сариёзи боло ва Сариёзи поёни ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Сокинони ин маҳалҳо аз масофаи як километр дурӣ ба хонаҳои худ об мекашонанд.
Аз ду моҳ боз сокинони деҳаҳои Сариосиёи боло ва Сариосиёи поёни ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб аз оби ошомиданӣ маҳруманд. Сокинони ин маҳал масофаи як километр дурӣ ба хонаҳои худ об мекашонанд.
Ёфтҳои бештар