Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар Кӯлоб сохтмони шифохонаи минтақавӣ шурӯъ шуд, ки барои хидматрасонӣ ба бештар аз як миллион нафар мардуми минтақа пешбинӣ шудааст.
Зиндагии Маъруфро, ки орзуҳои зиёд дорад ва мехоҳад, баъди мактаб ба донишгоҳ равад, таркиши снаряде комилан тағйир дод. Ҳодиса рӯзи 15 августи имсол дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод ва ин ҷавонро аз як чашму як даст маҳрум кард.
Иддае аз сокинони минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки аз чор рӯз ба ин тараф дар рустоҳо лимит ё маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи ин сокинон, интиқоли неруи барқ рӯзона аз соати нӯҳи саҳар то панҷи шом ва шабона аз даҳи шаб то чори субҳ маҳдуд аст.
Баъди 16 соли қатли шоир ва рӯзноманигори тоҷик Искандари Хатлонӣ, зодрӯзаш дар хонаи волидонаш хоксорона бо ҷамъи хонавода таҷлил шуд. Хонаводаи Искандари Хатлонӣ мегӯяд, агар умр вафо мекард, имрӯз ӯ ба синни 63 қадам мегузошт.
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як сокини 29-солаи маҳаллиро барои аъмоли террористӣ ва ифротгароёна муҷрим шинохта ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
Шеърхонии кӯдакон назди Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни сафарҳояш ба минтақа солҳост ба як расм табдил ёфтааст. Моҳҳо пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро барои шеърхонӣ омода мекунанд.
Ясминаи панҷунимсола шаш моҳ барои хондани шеър дар назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон омодагӣ гирифт.
Ширкати "Чакан" ба зудӣ дар бинои собиқи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷой хоҳад гирифт. Моҳе қабл шаҳрдории Кӯлоб бинои ширкати “Чакан”-ро дар дохили Боғи фарҳангу фароғати ин шаҳр тахриб кард ва ҳоло дар ҷойи он Нишони давлатӣ сохта шудааст.
Дар атрофи Нишони миллии Тоҷикистон, ки чанде пеш дар Кӯлоб бунёд шуд, ба ҷои алафи ороишӣ мувақаттан ҷав коштанд. Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб 3 октябр шуруъ шуд.
Мақомот дар шаҳри Кӯлоб ба хотири сабзу хуррам нишон додани майдони Нишони давлатии Тоҷикистон дар атрофи он сад кило ҷав коштаанд.
Як корманди идораи "Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ"-и шаҳри Кӯлоб ҳангоми насби парчами Тоҷикистон дар дарахте ба сими барқ бархӯрда ва дар бемористон ҷон додааст.
Додгоҳи ноҳияи Данғара як донишҷӯи тоҷикро дар ҳамлаи ғоратгарона ба намояндагии бонки “Агроинвестбонк” дар ин минтақа ба 11 соли зиндон маҳкум кард.
Ҷамшед, ки дар овони кӯдакӣ Қурбоналӣ ном дошт, баъди 25 сол модари аслиашро пайдо кард. Ҷамшедро даргириҳои солҳои навадум аз падару модараш ҷудо намуд ва тӯли ин муддат ӯ дар дасти як оилаи дигар ба воя расид.
Ду сокини Ховалинг даъво доранд, ки ҳамдеҳаи онҳо чашмаи русторо аз худ карда боиси хушк шудани боғу заминҳои кишоварзӣ шудааст. Обу чашмасор дар Тоҷикистон моли давлат ва ҳамзамон моли ҳамаи сокинонест, ки дар мавзеи обгузар зиндагӣ мекунанд.
Бобои Кабир солҳои 80-уми асри 20 ба хотири тақдис ва рабт доштани ниёконаш ба деҳаи Ҳазрати Султон баргашт. Гумон надошт, ки замоне фаро мерасад, ки барои об дар макони ба қавли онҳо муқаддас, бо хешовандонаш баҳс хоҳад кард.
Ба аёдати як момодояи собиқ, ки замоне дигарон дастнигараш буданд, аксаран қавми лӯлиҳо меоянд. Ҳанифа Сабзаева мегӯяд, бо вуҷуди хидматҳои зиёдаш ба мардуми ноҳияи Восеъ аз соли 2012 то имрӯз аз мақомот ва ҳамкорон касе дари ӯро накуфтанд.
Шаҳрдории Кӯлоб ба тахриби бинои ширкати "Чакан" оғоз кардааст, ки дар дохили Боғи фарҳангу фароғати ин шаҳр воқеъ аст. Зариф Валиев, раиси ширкати “Чакан”, ки шоҳиди вайрон кардани корхонааш буд, гуфт, ба ӯ фурсат надоданд, то ҷойи дигаре барои корхона пайдо кунад.
Шаҳрдории Кӯлоб ба вайрон кардани бинои ширкати “Чакан” дар дохили Боғи фарҳангу фароғати шаҳр оғоз кард. Дар ҷойи ин ширкат ба гуфтаи мақомот Нишони Тоҷикистон қомат меафрозад.
Таркиши як снаряди пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб ҳафт сол пеш Акмал Исроиловро аз биноӣ маҳрум кард ва ҳоло ин фоҷиа мавзӯи тарона ва клипҳои ӯст. Акмал мегӯяд, то ҳол натавонистааст ин таркишро аз ёд барад.
Ёфтҳои бештар