Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Додгоҳи низомии Душанбе як сарбоз ва ду афсари қисми низомии Қушӯнҳои зудамали Вазорати дифоъ дар ноҳияи Раштро дар латту кӯб ва марги ҳамхизматашон Бахтиёр Қурбонмадов гунаҳкор дониста, ба зиндон маҳкум кардааст.
Додгоҳи Восеъ ба "Тоҷиксодиротбонк" се рӯз мӯҳлат додааст, ки 6 ҳазор доллари сокини ин ноҳия Хуршед Маҳмадиевро баргардонад ва дар ғайри он алайҳи ин бонк чораҳои дигарро рӯи даст хоҳанд гирифт.
Даҳҳо навраси деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор бо фаро расидани фасли гармо таътили тобистонаи худро бо кашонидани харбуза мегузаронанд, то барои соли таҳсили оянда ҳадди ақал либосҳои мактабӣ бихаранд
Додситонии ҳарбии гарнизони Кӯлоб алайҳи як афсари нирӯҳои марзбонӣ барои латту кӯби ҳафт сарбоз парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристодааст.
Садҳо мухлиси футбол, аз ҷумла занон, бозии тими мунтахаби Фаронса ва Португалияро аз рӯи экранҳои бузург дар маркази ноҳияи Фархор тамошо карданд. Мақомот гуфтанд, ки бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро низ намоиш хоҳанд дод.
Як сокини ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҳини убур аз марзи Сурия ба Туркия боздошт шудааст ва ҳоло мақомоти турк сабабҳои ба хоки ин кишвар ворид шудани ӯро тафтиш мекунанд.
Бар асари чаппа шудани як теппа дар кони тилои Шугнов ду сокини Ховалинг ҷон бохтаанд. Ҳодиса шоми рӯзи гузашта иттифоқ афтода, ҷасади бародарон Тоҳир ва Дилшод Маҳмадовҳоро танҳо соати даҳи имрӯз ёфтаанд.
Як устоди ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфта буд ва вазъи саломатиаш вахим гуфта мешуд, субҳи имрӯз даргузашт.
Як омӯзгори ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баъди нӯшидани сирко ба бемористон интиқол ёфтааст ва табибон мегӯянд, вазъи сиҳатиаш бисёр бад аст. Гуфта мешавад, ки ӯ баъди ҷанҷоли хонаводагӣ хостааст, худкушӣ кунад.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия шаш моҳ қабл аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баст ва аз он замон то ба ин дам сокинони деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нафаси тоза мекашанд.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия шаш моҳ қабл аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баст ва аз он замон то ин дам сокинони деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нафаси тоза мекашанд.
Додгоҳе дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се ҷавони маҳаллиро барои муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ва гаравгон кардани яке аз онҳо дар дасти қочоқбарон аз 6 то 14 сол ба зиндон маҳкум кард.
Як сокини ноҳияи Восеъ "Тоҷикисодиротбонк"-ро барои бозпас надодани 6 ҳазор доллар пасандозаш, ба додгоҳ кашидааст.
Интиқоли гази табиӣ ба манозили сокинони Кӯлоб қатъ шудааст ва иллати ин амр пардохт нашудани маблағи истифодаи он аз ҷониби аҳолӣ гуфта мешавад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, ки то оғози соли нави таҳсил дастикам 70 устоди "тасодуфӣ" ва "камсавод"-ро ихроҷ хоҳанд кард.
Миёни ҷавонони кӯлобӣ кам нестанд ҷавононе,ки дар муҳорибаи бидуни қоида худро дидаанд. Як рӯз аз тарғибот сипарӣ нашуда, ҷавонони зиёде ба ин гурӯҳ павастанд.
Гурӯҳе аз занон дар ноҳияи Восеъ дастаи доиранавозиро ташкил додаанд ва дар ҷашнҳои мардум ҳунарнамоӣ карда, хонаводаҳоро аз харҷҳои барзиёд халос мекунанд.
Хадамоти назорати давлатии санитарии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ 25 хонандаи мактаби деҳаи Хоҷа Ғалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин), аз доруи зидди ҳашарот заҳролуд шудаанд.
Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар ноҳияи Фархор мақомот ба инҷо омада, мардуми кишоварзро дилбардорӣ карданд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.
Баъди ҳамлаи малах ба зироати деҳқонони рустои Сурхоб дар Фархор, мақомот ба инҷо омада ва мардуми кишоварзро дилбадорӣ кардаанд, ки малахҳо сер ҳастанд ва фақат барои тухмгузорӣ омадаанд.
Ёфтҳои бештар