Cоли 2005 ба сафи хабарнигорони радиои Озодӣ бипайваст.
Соли 1984 дар шаҳри Қӯрғонтеппа зода шуда, дар соли 2006 факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ-ро хатм кардааст.
Бо нашрияҳои маҳаллӣ ҳамкорӣ кардааст. Раҳбари бахши хабарӣ ва муовини мудири "Русское радио - Ориёно" буд.
Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад.
«Соли 1988–ум, вақте ки ба садамаи нақлиётӣ дучор ва бистарӣ шудам. Дар хобам як зан пайдо шуд. Гӯё мазори русҳо рафтам. Як қабри мардеро ёфтам. Аввал тарсидам, дуюм дафъа арақ хӯрдам. Ай ҳаму қабристон як мардак хест, дастома сила кард… Баъд табиб шудам…»
Дар ҳоле ки кишоварзони хатлонӣ тоза ба чиниши пахтаи имсола шурӯъ кардаанд, маъмурони идораи кишоварзии минтақа мегӯянд, иҷро шудани нақшаи ҷамъоварӣ зери суол меравад. Агар ҳам дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон танҳо дар майдони 108 ҳазор ҳектор пахта кишт шуда, назар ба соли 2008-ум қариб 50 ҳазор ҳектор камтар аст, коршиносони масоили кишоварзӣ мегӯянд, ҷамъоварии 300 ҳазор тон пахта берун аз имкон менамояд.
Дар зарфи якуним соли ахир дар беш аз 800 маврид пизишкони комиссияҳои даъват ба артиш аз худ бемасъулиятӣ нишон дода, бидуни муоинаи комил навҷавонони беморро қобили хизмати низомӣ эътироф кардаанд.
Мақомоти интизомии вилояти Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба мизони афзояндаи ҷиноятҳои вобаста ба тақаллубкорӣ, аз сокинони маҳаллӣ даъват мекунанд, дар ҳама гуна тасмимгирӣ, доду гирифт ва дигар амалиёти пулӣ ҳушёртар бошанд.
Идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши босуръати аҳолӣ мехоҳад барномаи иловагии танзими оиларо роҳандозӣ кунад. Тибқи омори расмӣ, дар давоми шаш моҳи аввали соли 2009-ум дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз 31 ҳазор тифл ба дунё омадааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузаштаи 2008-ум ду фоиз бештар будааст.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, ҳувияти афроди ҳамлагар ба нуктаи интиқоли маблағҳои марбут ба дафтари қӯрғонтеппагии Бонки «Эсхата» ошкор гардидааст, аммо ин афрод ҳоло дар қаламрави вилояти Хатлон нестанд
Ҳукумати вилояти Хатлон дар робита ба фазои иттилоотии қаламрави ҷануби Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад.
Қарзи идораҳои давлатӣ ва кордеҳон дар назди кормандони худ дар вилояти Хатлон афзоиш ёфтааст.
Ягона ансамбли вижаи шашмақомсароёни вилояти Хатлон феълан, ба гуфтаи роҳбарони эҷодӣ, бо мушкилаҳои печ дар печ рӯбарӯ шуда, бисёре аз ҳунармандон қасди тарки онро доштаанд.
Тибқи иттилои додситонии вилояти Хатлон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ахиран 46 узви "Ҷамоаи Таблиғ" боздошт шудаанд.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи маъюбон дар вилояти Хатлон мегӯянд, вазъияти афроди маъюбу маълул беҳбуд мехоҳад.
Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки замони барандохтани нимпайкараҳои собиқ қумандонҳои «Фронти халқӣ» аз кӯчаву хиёбонҳо фаро расидааст.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон порае аз саҳифаҳои таърихи талхи миллати тоҷик аст.
Мақомоти додситонии вилояти Хатлон аз идораҳои шиносномадиҳии Раёсати корҳои дохилии минтақа тақозо кардааст, аз додани шиносномаҳои миллӣ ва хориҷии тақаллубӣ ба шаҳрвандон даст бардорад ва ҳамчунин ба дархостҳои шаҳрвандон саривақт расидагӣ кунад.
Якбора се парвандаи ҷиноятӣ алайҳи кормандони масъули муассисаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа баъд аз он ифтитоҳ гардид, ки дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла дар радиои Озодӣ, матолибу гузоришхои таҳлилӣ оид ба вазъи бади экологии маркази маъмурии вилояти Хатлон ба нашр расид.
"Ин ҷанги шаҳрвандӣ набуд, ҷанги шармандагӣ буд. Ин андеша дар тасаввур намеғунҷид, ки бародар бародарро чун фашист мекушад, хоҳар хоҳарро".
Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, субҳи 18-уми июн дар зодгоҳаш – шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дафн шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ба вилояти Хатлон аз мақомоти давлат тақозо кард, бунёди манзилҳои нав барои осебзадагонро суръат диҳанд.
Ёфтҳои бештар