Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То соли 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар шаҳри Прага кору зиндагӣ мекунад. Соли 1974 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми бахши суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 ба ҳайси хабарнигор дар телевизиони "Пойтахт" ва сипас хабаргузориву нашрияи "Азия-Плюс" кор кардааст.
Ҳукумати Жопун барои ҷавонони ниёзманди ин кишвар, ки шабҳои худро дар интернеткафеҳо мегузаронанд, як маркази дастгирӣ боз кардааст.
Ҳукумати ИМА мегӯяд, боварӣ дорад, Куриёи Шимолӣ ба Сурия дар сохтани реактори атомие кӯмак кардааст, ки ҳадафҳои мусолиматомез надошт.
Як идораи муҳосиботии Амрико мегӯяд, террористон то кунун дар манотиқи сарҳадии Покистон озодона фаъолият мекунанд, ҳарчанд ҳукумати Амрико барои маҳви онҳо ва хатари терроризм то кунун ба Покистон бештар аз 10 миллиард доллар кӯмакҳои низомӣ ва иқтисодӣ кардааст.
Вазирони молияи 24 кишвари дунё дар нишасти ахири худ барои поён нигоҳ доштани нархи маводди ғизоӣ хостори андешидани иқдомоти ҷиддӣ шуданд.
Викингҳои Скандинавия беш аз 1000 сол пеш аз сиккаҳое ба унвони пул истифода мекарданд, ки дар Императории Форс сохта шуда буданд.
Амрико ба эътилофи низомӣ табдил ёфтани Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро гумон ҳисобида, аз эҳтимоли пайвастани Эрон ба он нигарон аст.
Донишмандони Амрико мегӯянд, агар Ҳинду Покистон бомбҳои атомии худро дар ҷанг истифода кунанд, 5 миллион тонн дуд атмосфераро фаро хоҳад гирифт.
Дар Сочӣ раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин охирин бор ба ҳайси раисони ҷумҳур мулоқот карданд.
ADB мегӯяд, Тоҷикистон соли гузашта шоҳиди рушди иқтисодии қавие шудааст, аммо чолишҳои сахте пеши рӯ дорад, ки бояд барои рафъи онҳо саъй кунад.
Вазорати дифоъи Амрико иҷрои қарордодҳояш бо як ширкати силоҳфурӯширо мутаваққиф кардааст, ки он ширкат то кунун нерӯҳои амниятии Афғонистонро бо силоҳу муҳимоти ҷангии қадимаву кӯҳнашудаи шӯравӣ ва сохти Чин таъмин мекардааст. Ширкати хусусии AEY Inc, ки дар иёлати Флорида сабти ном шудааст, дар ивази миллионҳо доллар барои сарбозони Афғонистон силоҳҳои 40 соли пеш ва корношоямро фиристодааст.
Кишварҳои амн ва бесуботтарини ҷаҳон аз назари "Jane's Information Group": Ватикан - дар зинаи аввал Навори Ғаза - дар охир, Тоҷикистон - дар байн.
Олимон мегӯянд, ки фарзияи аслӣ доир ба нобудии саросарии мавҷудоти рӯзи Замин дар 250 миллион соли пеш дуруст нест, ки дар он замон 95 дар сади мавҷудоти обӣ ва 70 дар сади мавҷудоти хушкигард аз байн рафтанд. Ин ҳодиса, ки “модари тамоми нобудиҳо” ном гирифтааст, дар давраи пермиёнӣ, ҳамон 250 миллион соли пеш ба вуқӯъ пайвастааст.
Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё то нашри натиҷаҳои тафтиши асноди Тоҷикистон дар Сандуқи Байнулмилалии Пул иҷрои тарҳҳоро дар ин кишвар қатъ кардаанд.
Раҳбари як ҳизби сиёсии хурди Туркияро бо иттиҳоми иртибот ба як гурӯҳи пинҳонкоре, ки гӯё мехостааст, ҳукуматро сарнагун кунад, боздошт кардаанд.
Матбуоти Чин бори аввал эътироф кард, эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки ахиран дар Тибет шурӯъ шуд, то ба дигар вилоятҳои ин кишвар низ паҳн шудааст.
Бисёре аз корбарони Интернет, агар ба хабарҳои сохтаву дурӯғ дар сомонҳои интернетӣ дучор оянд, ба хашм меоянд. Вале баъзе аз корбарон барои сохтани чунин хабарҳо ба қавле ҷидду ҷаҳди худро дареғ намедоранд, ҳарчанд энсиклопедияҳои музҳик дар Интернет аз ин гуна дурӯғу бофтаҳои пӯчу бемаънӣ пур аст.
Узбакистон, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ зиндонҳои тарсноке дорад, ба Созмони Байналмилалии Салиби Сурх иҷоза додааст, то ба аёдати маҳбусон ин кишвар биравад.
Фаъолони ҳуқуқи зан мегӯянд, андешаҳои бонувони тоҷик дар тасмимгириҳои давлатӣ ва ё зимни қабули қарорҳои муҳим нодида гирифта мешавад.
Ёфтҳои бештар