Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Зулфия Баҳриддинова 91 сол умр дид, аммо аз худ осоре боқӣ гузоштааст, ки шояд садсолаҳо ҳифз шаваду дар хотираи таърих бимонад. Ӯ соли 2003 даргузашт. Фарзон Муҳамадӣ дар ростои 100-солагии ин зани ҳунарманд моро ба сайри сӯзанӣ ё офаридаҳои ӯ мебарад.
Масъулони Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд гуфтанд, ки дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ дар марз дастгир карданд.
Арзиши як халта амофоска, карбамид, селитра ва нистраамофоска аз 300 сомонии соли гузашта то 500 сомонӣ боло рафт. Кишоварзон аз манотиқи гуногуни кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин сабаб кишти имсола дар нимароҳ мондааст.
Дар Тоҷикистон нархи нуриҳои минералӣ бисёр боло рафтааст. Ҳоло деҳқонон метарсанд, ки имсол ҳосили зироаташон кам мешаваду ҳама чиз гарон.
Сокинони даҳҳо манзили зист дар як бинои навсохти вилояти Суғд аз он шикоят доранд, ки як сол боз наметавонанд, санади хонаҳояшонро бигиранд. Набуди санади манзил кору зиндагии онҳоро мушкил кардааст. Мақомот ваъда додаанд, ки ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.
Бо гузашти даҳ моҳ аз муноқишаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача наметавонад, дигарбора ба пояш рост биистад. Темуралӣ Наврӯзов дар он ҳодиса захмӣ шуд ва табибон қисме аз пояшро буриданд. Мақомот ваъда дода буданд, пойи сунъӣ мегиранд, вале иҷро накардаанд.
Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки соли гузашта дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз пояш маҳрум шуд, ҳанӯз мунтазири иҷрои ваъдаи мақомот ҳаст, ки ба ӯ барои ба пой хестан, кумак мерасонанд.
Наздик ба як сол баста мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсири худро ба иқтисоди шимоли кишвар гузоштааст. Гардиши мол байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2021 ба поинтарин сатҳ расида, мақомот мегӯянд, мумкин аст, ба сифр баробар шавад. Ин ҳолат бесобиқа номида мешавад.
Масъулини Оҷонсии мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯянд, дар соли 2021 танҳо як нафарро бо гумони қаллобӣ боздошт кардаанд, ки аз мусофирон ҳангоми гузаштан аз марз ришва хостааст.
Ҳамкорони Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе ва Хуҷанд пурсиданд, ки дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина чӣ назар доранд ва оё ҳамла ба кишвари дигар кори дуруст аст? Посухҳояшонро худатон бубинеду бигӯед, ки дуруст мегӯянд, ё не?
Наздик ба як сол баста мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсири худро ба зиндагӣ ва иқтисоди Суғд гузоштааст. Мақомдорони вилояти Суғд дар нишастҳои хабарии худ, ки бурду бохти як соли гузаштаро баррасӣ мекарданд, ба ҳамин мавзуъ бештар таваҷҷӯҳ намудаанд.
Масъулони Фурудгоҳи Хуҷанд гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир наметавонанд пайвандони мусофиронро ба толори интизорӣ роҳ бидиҳанд. Ин монеа аз як сӯ ба бозсозии фурудгоҳ ва аз ҷониби дигар ба бемории ҳамагир рабт доштааст. Сокинон ҳангоми пешвоз ё гусели мусофирон маҷбуранд, дар зери борон ё офтоб истанд.
Масъулони Идораи молиёт ё андоз дар вилояти Суғд гуфтанд, ки дар як соли охир ба садҳо корманди худ танбеҳ дода, даҳҳо нафарро аз кор ронданд. Дастикам ба зидди се нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудаст. Баъзе аз соҳибкорону сокинон аз шеваи рафтори онҳо шикоят доштанд.
Субҳи 19 феврал дар наздикии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи "Оши оштӣ"-ии навбатӣ бо ширкати намояндагони мақомоти сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон баргузор шуд.
Охири ҳафтаи гузашта дуюмин вохӯрии намояндагони мардумии деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.
Бо гузашти бештар аз се моҳи оташсӯзӣ дар як корхонаи азими коркарди пахта дар шимоли Тоҷикистон қазияи он ниҳоӣ нашудааст. То ҳол гумонбарон ба оташ задани корхонаро наёфтаанд ва ҷуброн ба деҳқонон пардохт нагардидааст.
Дар шабу рӯзе, ки раванди муҳоҷиршавии омӯзгорону табибон бархе мансабдорон ва доираи таҳлилгарону коршиносонро ба ташвиш овардааст, эълони омори бекорон дар вилояти Суғд низ бисёриҳоро ба ҳайрат гузошт.
Пас аз як ҳафтаи муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт, чанде аз намояндагони деҳаҳои наздимарзӣ бо нияти “оши дӯстона” ҷамъ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби садамае, ки дар он Дамирбек Олимов, ҳунарманди шинохта дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳалокат расид, шарҳ дод.
Ёфтҳои бештар