Аз ноябри соли 2001 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фаъолият мекунад. Дар Душанбе ба воя расида, риштаи филологияи тоҷики ДМТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 55-и Душанбе, хабарнигори "Азия-Плюс" ва ҳамоҳангсози UNIFEM кор кардааст. Мудири Маркази назарсанҷии "Зеркало" буд.
Ба арзёбии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал), “коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст.”
Гулчеҳра Сулаймонӣ, шоири кӯдакон, агар зинда буд, рӯзи 1 январи имсол 95-сола мешуд. Ӯ соли 1977 барои маҷмӯаи “Себи хубон” ва “Чил кокули бозигар” бо ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва соли 1988 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Вале ба қавли шоир Гулрухсори Сафӣ, “дилашро боз накард"
Созмони “Мудофеони сафи пеш” ё Front Line Defenders аз ҳукми зиндони ҳомёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Улфатхоним Мамадшоева ва Манучеҳр Холиқназаров дар таърихи 9-уми декабр изҳори нигаронӣ карда, озодии беқайду шарт ва билофосилаи онҳоро тақозо кардааст.
Дар шаҳри Душанбе бо баргузории як маросим аз поёни кори дафтари Бунёди Ҷомеаи Боз ва ё Бунёди Сорос хабар доданд, ки даҳсолаҳо боз дар Тоҷикистон кор мекард. Баъзеҳо аз кори хайри созмон дар ҳаққи маъюбон ва фарҳангиён таъриф мекунанд. Гуруҳи дигар, онро ба раҳандозии инқилоб муттаҳам месозанд.
Тоҷикистон дар поёни соли 2022 ҳам дар феҳристи кишварҳое боқӣ монд, ки аз назари озодиҳои динӣ ба гурӯҳи кишварҳои мавриди нигаронии хос дохил мешаванд.
Манижа, овозхони тоҷиктабори Русия рӯзи 24-уми ноябр дар Душанбе аввалин консерти ҳунарии худро барпо мекунад.
Раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон чӣ гуфтанд? Бе Русия ва Тоҷикистон. Нақши Чин чӣ хоҳад буд? Агар Эрдуғон набошад, созмон хоҳад монд ё..?
«Биржаи Маскав» - як муассисаи ташкилкунандаи тиҷорати саҳҳом ва асъор гуфт, ки аз 31-уми октябр тиҷоратро бо пулҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон – сомонӣ ва сом ба роҳ мемонад.
Пас аз ду ҳафта нишасти пурсарусадои Владимир Путин бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Аврупо рӯзи 27-уми октябр онҳоро дубора дар Остона гирди ҳам овард. Аммо қабл аз нишасти якҷоя Шарл Мишел бо чанд раҳбар алоҳида вохӯрд. Аз ҷумла бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Як ҳайат аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо барои баррасии вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон омадааст. Сафар дар замоне сурат мегирад, ки чанд хабарнигор дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва додгоҳҳо онҳоро яке паси дигар ба зиндон маҳкум мекунанд.
Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро "бисёр ноодилона" хонда, озодии фаврии ӯро талаб карданд.
Намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз ҳомиёни хабарнигорон дар Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро “бисёр ноодилона” хонда, озодии фаврии ӯро талаб карданд.
Дар Ню-Йорк рӯзи 22-юми сентябр ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА, мавсум ба С5+1 баргузор шуд, ки дар он инчунин вазири корҳои хориҷии (ВКХ) Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард.
14-17-уми сентябр тақрибан дар тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирии ҷиддии низомӣ ба вуқуъ пайваст. Ҷонибҳои даргир аз оғози низоъ ҳамдигарро масъули асосии он донистанд ва дар мавриди таҷовуз ва ҳуҷум ба қаламрави худ шикоятҳои монанд карданд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 21-уми сентябр қарори қисман сафарбаркунии нерӯҳои захиравиро ба артиш имзо кард. Як рӯз пеш мақомоти Маскав гуфтанд, дар маркази "Сахарово" барои ҷалби муҳоҷирон ба хидмати ҳарбӣ дар ивази дарёфти осони шаҳрвандӣ бахшеро таъсис хоҳанд дод.
Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷаласаи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой анҷом ёфт ва дар поёни он даҳҳо санад имзо шуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳар моҳ дар Русия беш аз 4 миллиард рубл,ё 67 миллион доллар пули патент месупоранд.
Дар Амрико хирсе меҳмони нохондаи хонаводаи як оилаи тоҷикистонӣ шуду шириниҳои рӯи мизро, ки ба муносибати дусолагии Куруш гузошта шуда буд, нӯши ҷон кард. Видеои меҳмони нохондаи оилаи Рауф Маҷидиёнро телевизионҳои амрикоӣ нашр карданд. Ҳодиса рӯзи 4-уми сентябр рӯй додаст.
Ёфтҳои бештар