Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Як зане, ки аз зиндон тибқи қонуни авф раҳо шудааст, дар бораи ончӣ паси панҷара сурат мегирад, нақл мекунад. Бар асоси қонуни афв садҳо нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Сумаяи Фирдавс, духтари ҳафтсолаи як муҳоҷири тоҷик, имсол дар баробари 200 ҳазор нафар ба синфи 1-ум ба яке аз мактабҳои Душанбе рафт. Падараш Фирдавс як сол боз дар Русия аст ва ҳоло аз фосилаи 4 ҳазор километр дур ҳар шаб бо духтараш дарс омода мекунад.
Наздик ба 40 сол аст, ки ӯ ба ҳайси муаллими кимиё ва биология дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Рудакӣ дарс мегӯяд. Мирзомурод Саидов, шоҳиди замони Шӯравӣ ва 25 соли истиқлоли Тоҷикистон, мегӯяд, ки гузариш аз сохти коммунистӣ ба давраи нав осон набуд.
"Истиқлолият гуфта, дар як ҷо нишинӣ, касе кумакат намекунад. Замин ҳаст, агар халқ кор кунад, рисқашро меёбад ва Тоҷикистон то соли 2035 аз вобастагии кишварҳои дигар раҳо хоҳад шуд," - мегӯяд Раҷаб Саидов.
Раҳмихудо Додихудоев танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XV тобистонаи паралимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия муаррифӣ мекунад. Ӯ дар давидан ба масофаҳои 200 ва 400 метр ширкат меварзад.
Абдухолиқ Ҷӯрабеков 28 сол пеш касберо интихоб кард, ки дар аввал ба ҷои сарбаландӣ барояш дардисарҳои зиёд овард. Вай аввалин акушер-гинекологи мард ва мудири шӯъбаи таваллудхонаи ноҳияи Ёвон аст.
Волидони Сорбон Иброҳимови 24-сола мегӯянд, сабаби аслии марги писарашон ба эҳтимоли қавӣ ҳасудии ҷавони ҳамсоя ба зиндагиву имконияти писари онҳо будааст. Сорбон рӯзи 19-уми август дар пайи як баҳс бо Кароматулло Сафаров ба қатл расидааст.
Тоҷикистон талош дорад, ки намунаи растаниҳои хушкшудаи кишварро ба шабакаи ягонаи байналмилалӣ ворид кунад.
Бархе аз ҳуқуқдонҳои тоҷик шанси соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва, генерал Ғаффор Мирзоеву Маҳмадрӯзӣ Исқандаровро барои афв шудан ба сифр баробар медонанд. Онҳо мегӯянд, гунаҳкорони таҷовуз ба номус ва терроризм аз афв маҳрум хоҳанд монд.
Чойхонаи маъруф дар ноҳияи Ҳисор, ки шакли харбузаро дорад, баъди тақрибан як соли мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, ҳоло холӣ ба назар мерасад.
Бозори либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор мегирад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳамагуна либоси мактабӣ, ки аз хориҷ оварда мешавад, танҳо пас аз ташхиси Оҷонсии “Тоҷикстандарт” иҷозаи вуруд ба бозорро мегирад.
Филми кӯтоҳмуддати "Коса"-и коргардони тоҷик Муҳиддини Музаффар ба рӯйхати фестивали байналмилалии филмҳои исломиии Қазон шомил шуд.
Пурсишномаи хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинони шаҳри Душанбе
Як зани тоҷик, аз Муродалӣ Алимардон – раиси “Агроинвестбонк” – хостааст, ки маблағи аз суратҳисоби ӯ гумшударо барояш баргардонанд. Ин маблағ аз тариқи хайрия барои табобати фарзандонаш дар суратҳисоби ӯ ҷамъ шуда будаанд.
Кормандони вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳашт кӯдакро, ки бар асари омадани сел дар дарёи Душанбе дар байни об монда буданд, наҷот доданд.
Мақомот мегӯянд, тақрибан ҳамаи мардуми Тоҷикистон хатту савод доранд, ки як нишондиҳандаи муҳими пешрафти кишвар аст. Намояндагони Оҷонси омори Тоҷикистон рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, 99,8 дар сади аҳолӣ хондану навишта метавонанд.
Мардикорбозор дар Тоҷикистон маъмулан макони ҷаъомади мардони корҷӯй аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки акнун занон ҳам вориди бозори кори мардҳо мешаванд ва халта дар даст дар баробари мардон аз субҳ то шом интизори дарёфти коре ҳастанд.
Маърифат Абдуллоева танҳо занест, ки дар миёни даҳҳо мард дар мардикорбозори маҳаллаи 82-юми Душанбе аз субҳ то шом дар интизори корфармо аст. Ҳар рӯз барои фарзандонаш пули ночизе ба даст оварда ба назди фарзандонаш мебарад.
Ёфтҳои бештар