Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаҳои интихобот

Озмуни нави Радиои Озодӣ

"Лаҳзаҳои интихобот – 2020"

Ба муносибати рӯйдоди муҳими Тоҷикистон – Интихоботи порлумонии 1-уми март Радиои Озодӣ озмуни беҳтарин видеоҳои бахшида ба ин маъракаро эълон мекунад.

Дар ин озмун ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд. Барои ин, бояд лаҳзаҳои ҷолиби маъракаи интихоботиро ба навор гиранд ва ба Радиои Озодӣ фиристанд.

Ин лаҳзаҳо метавонанд мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон, суханронии онҳо, ҷамъомаду маъракаҳои таблиғотӣ, ширкати мардум дар интихобот ва дархосту таманнои интихобкунандагон аз номзадҳо ва лаҳзаҳои овоздиҳии интихобкунандагон бошанд.

Беҳтарин наворҳо дар барномаҳои Радиои Озодӣ нашр хоҳанд шуд.

Барои ғолибон чунин ҷоизаҳо дар назар гирифта шудаанд:

  • Ҷойи якум – видеокамераи нимаҳирфаӣ
  • Ҷойи дувум – охирин намуди планшет
  • Ҷойи cеюм – телефони ҳушманд

Бишитобед, шояд яке аз ин ҷоизаҳо насиби Шумост!

Видеоҳо бояд аз 5 дақиқа дароз набошанд.

Наворҳои худро ба воситаи ин саҳифа ваё шумораҳои +420 607900808; +992 980151010; +420 724056681 ва +420 724053959 (Телеграм, Вотсап, Вайбер) ба мо фиристед.

Қабули наворҳо то 4-уми март идома хоҳад ёфт ва озмун 19-уми март ҷамъбаст хоҳад шуд.

Ҷоизаҳо дар як маросими махсус дар шаҳри Душанбе ба ғолибон тақдим хоҳанд гашт.

XS
SM
MD
LG