Вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба гурӯҳи ифротии ҲАМОС дар Қатар "хушнуд нест", аммо афзуд, чунин мавқеъ мақоми Исроилро ба унвони муттаҳиди Амрико тағйир нахоҳад дод.
Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади як зан бо се фарзандашро дар хонаашон пайдо кардаанд ва ин ҷиноят мардуми деҳаи оромро сахт тарсондааст.
Пас аз зилзилаи вайронгари охир дар шарқи Афғонистон, шуморе аз сокинони вилояти Кунар, аз ҷумла кӯдакону занон дар ҳолати бади равонӣ қарор дошта, тарс аз такрори заминларза ва пасларзаҳо вазъи онҳоро душвор кардааст.
Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 17 нафар осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтаанд.
Бо гузашти беш аз як моҳ ҷасади ду сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро, ки дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шуданд, ҳанӯз пайдо накардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони осебдидагони заминларзаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард. Вазорат рӯзи 1-уми сентябр дар як паёме гуфтааст, ки кушта ва захмӣ шудани ҳазорон нафар “боиси андӯҳи амиқи мардуми Тоҷикистон шудааст”.
Мақомоти Толибон дар Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи заминларзаи вайронгар дар рӯзи душанбе бештар аз 600 нафар кушта ва 1500 каси дигар захмӣ шудаанд.
Дар занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Монтгомерии аёлати Пенсилвания дар Амрико, ки сабаб ва иштирокдоронаш расман эълон нашудааст, як ҷавон аз Тоҷикистон осеби сахт бардоштааст. Муҳаммадазиз Раҳматзодаи 18-сола ҳоло дар шуъбаи эҳёгарии Шифохонаи кӯдакони шаҳри Филаделфия бистарист.
Радиои Озодӣ баъзе ҷузъиёти парвандаи афсари милисаеро пайдо кард, ки барои шиканҷаи як гумонбар ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст. Музаффар Маҳмудзода, муовини сардори яке аз шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе буд ва баҳсаш дар чанд додгоҳ идома дошт.
Додситони вилояти Суғд дар охири ҳафтаи гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, ки бо гузашти якуним моҳ аз марги ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рози ҷиноят ҳанӯз маълум нашудааст.
Ёфтҳои бештар